Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор дар Суғду Бодканд барномаи муштаракеро ба хотири ҳамоиши ҷавонони наздимарзии тоҷику қирғиз ва ошноии бештари онҳо бо зиндагиву мушкилоти ҳамдигар рӯи даст гирифтаанд.

Ҷавонони роҳандози ин барнома, аз созмонҳои ҷамъиятии “Нигоҳи ҷавонон” аз шаҳри Хуҷанд ва “Ҷавонони Лайлак” аз ноҳияи ҳамноми Қирғизистон дар маҳали наздимарзии Интернатсионали ин маҳал, ҳамсарҳад бо ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон намоиши расмҳо аз зиндагиву мушкилоти ҷавонони тоҷику қирғиз баргузор карданд.

Исматҷон Иброҳимов, танзимгари барномаҳои созмони “Нигоҳи ҷавонон”, иштирокдори ин мулоқот ба "Озодӣ" гуфт, ҳамсолони қирғизаш низ омодагиашонро барои иштироки фаъолона дар чунин барномаҳои муштарак изҳор доштанд.

Вай гуфт, ки онҳо тасмим гирифтаанд дар оянда бо якдигар мунтазам вохӯранд, беҳтарин пешниҳодҳои ҷавонони фаъол ва ташаббускорро қабул ва амалӣ намянд. Барномаҳои аввали онҳо ташкили намоиши расмҳо дар шаҳраки Исфанаи Қирғизистон ва шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Исматҷон Иброҳимов мегӯяд, чунин барномаҳо онҳоро бо ҳам ошнову наздиктар мекунад ва рафиқони қирғизашон низ ба ҳамин ақида будаанд.

Даъвати ҷавонони тоҷику қирғиз ба шиносоии наздик бо ҳамдигар, роҳандозии барномаҳои якҷояи маърифативу фарҳангӣ, раҳ надодан ба сар задани муноқишаву талошҳо сари манобеъи баҳсноки замину об дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ба гуфтаи мусоҳибам, мақсади аслии онҳо аст.



Ҳамоиш ва роҳандозии барномаи муштарак ба хоотири ҳамоиш як иқдоми тозаи гурӯҳи ҷавонони Суғду Бодканд аст. Ҷавонони ин ду вилояти ҳамсарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои Исфараву Ғафуров ва Бодканду Лайлак канори ҳам, дар баъзе ҷойҳои дар ду канори як кӯча зиндагӣ мекунанд. Аммо бо ҳам иртиботи доимӣ ва фаъолиятҳои якҷояи фарҳангиву маърифатӣ камтар доранд. Ба ҷои ин, миёни сокинони наздимарзӣ дар заминаи истифода аз манобеъи ягонаи обу замин гоҳ - гоҳ муноқишаву талошҳо сар мезанад ва ҷавононро мухолифи ҳам қарор медиҳад.

Рустам Юсуфов, раҳбари созмони ҷамъиятии ”Ваҳдати ҷавонон” дар Хуҷанд, ки зодаву парвандаи деҳкадаи Исфанаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аст, ҳамоиши ҷавонони тоҷику қирғиз ва роҳандозии барномаҳои якҷояи онҳоро муҳим мехонад. Аз нигоҳи вай, ин барномаҳо дар сурати доимӣ будан муаассиртар хоҳанд буд.

Вай мегӯяд, ин гуна барномаҳо бо ташаббуси ҳукуматҳо, хусусан дар маҳалҳои наздимарзӣ кам ба роҳ монда мешавад. Онҳоро гурӯҳҳои ташаббускори ҷавонон ва бо дастгирии молии созмонҳои байнулмилалӣ роҳандозӣ мекунанд.

Ҳамчунин як давраи кӯтоҳро дарбар мегирад ва бештар аз доираи вохӯриҳову суҳбатҳо ҳам берун намебароянд. Ба назари вай, барои ҳамин дар ислоҳи вазъ, таъмини субот дар минтақаҳои марзиву риояти фарҳанги ҳамсоядорӣ таъсири назаррасе намегузоранд. Вай мегӯяд, агар мақомоти баландпоя ва маҳалҳои наздимарзӣ дар роҳандозии чунин барномаҳо дастгирии маънавию молии худро дареғ намедоштанд, барои сохтани як муҳити фарҳангиву эҳтиром ба ҳамдигар дар маҳалҳои наздимарзӣ як кори бисёр муҳим мебуд.

Мусоҳибам афзуд, дар ояндаи наздик дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷавонони имрӯзӣ сари кор хоҳандомад, ки ҳукуматҳои кунунӣ онҳоро умдатан дар ҳошияи фаъолиятҳо рондаанд. Фазои ҳамзистии оянда дар минтақа низ аз муносибат ва муомилаи онҳо бо ҳамдигар сохта хоҳад шуд.

Исматҷон Иброҳимов, танзимгари барномаҳои созмони “Нигоҳи ҷавонон” дар Хуҷанд, аз ташаббускорони аслии роҳандозии барномаҳои якҷояи маърифативу фарҳангӣ байни ҷавонони Суғду Бодканд ба он бовар аст, ки онҳоро муштаракот ва арзишҳои фарҳангии зиёд ба ҳам меорад. Ва ин чизи асосиест, ки ҷавони фаъоли тоҷику қирғиз дар ин ду минтақаи назимарзӣ мехоҳанд ба василаи онҳо иртиботашонро назиктар ва қавитар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG