Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Фароз" муваққатан аз фурӯши шираи камол маҳрум шуд


Акс аз сомонаи Википедиа гирифта шудааст

Акс аз сомонаи Википедиа гирифта шудааст

"Фароз", танҳо ширкате, ки иҷозаи коркарду фурӯши шираи камолро дорад, дар соли 2013 аз ин ҳуқуқ муваққатан маҳрум шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол, ҷамъовариву фурӯши шираи онро дар соли 2013 манъ кардааст. Шираи камол гиёҳи нодирест, ки аз он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи инсон дору омода мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи пизишкон дар аксар доруҳои бедардкунанда таркиби шираи камол мавҷуд аст.

Ҳасан Амиров, сардори Идораи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ба тозагӣ дар ин маврид қарори ҳукумати ҷумҳурӣ содир шудааст, ки тибқи он имсол коркарди шири камол иҷоза дода намешавад. Бино бар ин, "Фароз", ягона ширкате, ки иҷозаи коркард ва фурӯши шираи камол дар Тоҷикистонро дорад, низ дар соли 2013 аз ин ҳуқуқ муваққатан маҳрум шудааст.



Ҳасан Амиров мегӯяд, бештари майдонҳои шираи камол дар минтақаи Кӯлоб мавҷуд аст, ки дар чор соли охир бинобар коркард ба ҳолати нобудӣ расидаанд. Ҷаноби Амиров мақсад аз қарори нави ҳукумати ҷумҳуриро васеъ кардани майдонҳои кишти шираи камол номид: "Ин маънои онро дорад, ки рафта замин гиранд ва худашон кишт карда ҷамъоварӣ кунанд. Мо заминҳои киштшударо назорат мекунем. Агар ин хел нашавад, табиат хароб мешавад. Мувофиқи қарори нав фақат кишт иҷоза дода шудааст ва ягон ширкат ҳаққи ҷамъоварии шираи камолро надорад."

Ин дар ҳолест, ки Файзулло Ширинов, сардори яке аз шӯъбаҳои ширкати "Фароз" дар сӯҳбати чанд моҳи пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо ҳаргиз "бераҳмона" шираи камолро ҷамъоварӣ накардаанд. Баръакс, ӯ мегӯяд, дар соли 2012 онҳо дар вилояти Хатлон дар беш аз 7 ҳазор гектар камол кишта буданд. Ин масъули ширкати "Фароз" гуфт, онҳо аз Ҳиндустон ва Ҷопон мутахассис даъват кардаанд ва танҳо пас аз коркард иҷозаи содироти онро доштаанд: "Мо то 7 намуди доруро дар Вазорати тандурустӣ сабт кардаем, ки аз шираи камол омода мешавад. Мо мутахассисонро аз Ҳиндустон овардаем ва онҳо дар ин ҷо доруҳоро омода мекунанд ва баъдан мо онро ба Ҳиндустону Шри Ланкаю Афғонистон содирот мекунем. Доруҳое, ки аз шираи камол омода мешавад, ба ин кишварҳо содирот мешаванд."

Ин масъули "Фароз" қимати як кило шираи камол дар дохил ва хориҷи кишварро сирри тиҷоратӣ донист, аммо гуфт, ширкати онҳо танҳо дар соли гузашта ба буҷаи давлат аз ҳисоби андози экологӣ беш аз ду миллион сомонӣ ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, тирамоҳи соли гузашта дар ноҳияи Темурмалик миёни гурӯҳҳое сари ҷамъоварии шираи камол баҳс сурат гирифта буд ва шояд ҳукумати Тоҷикистон ба ин хотир ҷамъоварӣ ва содироти онро манъ карда бошад. Шираи камол ё ба истилоҳи дигар ров дар тибби мардумии тоҷик аз серистеъмолтарин дору ба шумор меравад ва сокинон онро барои шифо аз бемориҳои гуногун истеъмол мекунанд.

Бахтиёр Раҷабов, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, "вақте кӯдакон таб мекунанд, аз шираи камол об карда ба пешонаашон мемолем. Ё ҳангоми шамол хӯрдан ва шикамравӣ ин беҳтарин дору барои шифо ёфтан аст."

То соли 2008 шираи камол озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуда буд. Пас аз амри президенти кишвар "Фароз" ягона ширкате буд, ки дар Тоҷикистон ба коркард ва фурӯши ин гиёҳ машғул буд. Ҳоло бошад, ин ширкат ҳам аз ҷамъоварӣ ва содироти он дар давоми соли 2013 маҳрум гаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG