Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи як амалиёти вижае таҳти унвони «Нелегал» 63 шаҳрванди хориҷӣ бинобар будубоши ғайриқонуниашон дар қаламрави вилояти Хатлон боздошт ва бахши аъзами онҳо депорт шудаанд.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, амалиёти мазкур рўзи якуми май оғоз гардида, дар пайи он шаҳрвандони ҷамоҳири исломии Афғонистону Эрон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Молдова барои иқомати бидуни қайд дар қаламрави вилояти Хатлон ба муҷозот кашида шуда, 46 нафар аз онҳо бо ҳукми додгоҳҳо аз кишвар хориҷ гардидаанд.

Ҷамшед Раҷабов, корманди дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар сўҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, 43 нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд, ки дар навоҳии Вахшу Данғара ба ҷамъоварии ғайриқонунии шираи камол - як навъи растании нодиру шифобахш сарукор доштаанд. Ҷаноби Раҷабов гуфт, афроди депортшуда аз ҳуқуқи бозгашт ба Тоҷикистон то панҷ соли оянда низ маҳрум карда шудаанд. Исмат ном соҳибкоре, ки гўё шаҳрвандони Афғонистонро ба ҷамъоварии шираи камол дар каламрави навоҳии Панҷу Вахш ҷалб кардааст, то ба ҳол аз сўйи мақомоти милиса дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Гиёҳи Китоби сурхро мекананд

Ҷамъоварӣ ё решакан кардани гиёҳи камол дар як соли қабл аз сўйи раисҷумҳури Тоҷикистон расман мамнўъ эълон шуда буд, чун ин навъи гиёҳи шифобахш ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомил шуда, аз растаниҳои нодиру гаронбаҳо арзёбӣ мешавад.

Коршиноси масоили дорусозӣ Ҷумъагул Мирзоева мегўяд, аз шираи камол то 25-30 намуди дорувор таҳия кардан мумкин буда, дар хориҷ аз кишвар он қимати гарон дорад. Шираи камол, ки бештар аз роҳи Афғонистон қочоқ мешавад, асосан дар Покистону Ҳиндустон бозор дорад, дар кишварҳои асосии тавлидкунандаи маводи дорувор барои аз ҷумла Тоҷикистон.

Асрор Ҳақбердиев, собиқ сарвари корхонаи воҳиди давлатии «Хатлонфармат», мегўяд, дар пайи қочоқи ғайриқонунӣ ҳамакнун ин навъи гиёҳи нодиру шифобахш дар навоҳии Данғара, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тақрибан ба нестӣ расидааст. Ба гуфтаи ў, мақомоти давлатӣ, бавижа идораҳои ҳифзи ҷангал ва табиат ба муҳофизати растаниҳои нодир таваҷҷўҳ надоранд ва бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.

Ҷамшед Раҷабов, корманди дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегўяд, шаҳрвандони боздоштшуда барои ҷамъоварии шираи камол миқдори зиёди ин навъи гиёҳро решакан карда, ба иқтисоди маҳаллӣ хисороти қобили мулоҳиза расонидаанд. Дар ҳамин ҳол, Иззатулло Исмоилов, сардори Хадамоти муҳоҷирати Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфт, аз шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда ҷамъан ҳудуди 16 ҳазор сомонӣ бар суди давлати Тоҷикистон ҷарима ситонида шудааст.
XS
SM
MD
LG