Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон шояд аз кишварҳои ангуштшуморе дар ҷаҳон бошад, ки бештар аз 90 дарсади доруву даворо аз хориҷ ворид мекунад.

Бо вуҷуди ба кор андохтани корхонаҳои хурди дорусозӣ, ин арса дар Тоҷикистон сахт мелангад ва қодир нест, мардумро бо доруву давои худӣ ва арзонтар таъмин кунад. Аммо пойбандӣ ба воридот ва “эътиёд” ба доруҳои хориҷӣ ба гуфтаи мутахассисони соҳа, оқибати хубе барои кишвар надорад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, танҳо дар се соли ахир дар Тоҷикистон барои рушди арсаи дорусозӣ, бештар аз 5 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд. Ба гуфтаи Абдулазиз Салимов, сардори раёсати фармасевтика ва молҳои тиббии вазорат, дар кишвар даҳҳо навъи доруву маводи тиббӣ истеҳсол мешавад: “Зиёда аз 12 корхонаи дорусозӣ дорем ва 75 навъи доруворӣ ва маводи тиббӣ дар Тоҷикистон истеҳсол мекунем. Танҳо дар се соли ахир ширкатҳои алоҳида дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ, заводҳо ва корхонаҳои дорусозӣ сохта ва таҷҳизоти муосир ворид кардаанд.”

Ба гуфтаи Абдулазиз Салимов, ба зудӣ як корхонаи муштараке бо эрониҳо ба кор шурӯъ мекунад, ки иқтидораш дар як моҳ 9 миллион донна сузандору аст. "Ҳаким", "Авитсена", "Фароз" ва "Помир" теъдоде аз он ширкатҳое ҳастанд, ки барои бозори дохилии Тоҷикистон доруворӣ истеҳсол мекунанд. Аммо Латиф Мингбоев, раиси Ассотсиатсияи “Саломат”-созмони истифодабарандгони хизмати тиббӣ ва фармасевтии Тоҷикистон мегӯяд, бисёре аз доруҳое, ки истеҳсол мешаванд, доруҳои соддае ҳастанд, ки таркибҳои онҳоро аз хориҷ меоранд. Аз ҷумла, марҳамҳои “вазелин” ва “сенофлан”-ро дар бӯшкаҳо ворид мекунанд ва сипас ба қуттиҳояш андохта мефурӯшанд.

Латиф Мингбоев меафзояд: “Ҷойгоҳе, ки дар онҳо дору истеҳсол мешавад, ба фабрика ва ё завод шабоҳат надоранд, онҳо дар сатҳи як минисех (коргоҳи хурд) кор мекунанд. Бо назардошти онки дар Осиёи Марказӣ, умуман дар Осиё, талабот ба доруворӣ то дараҷаи даркорӣ ҳаст ва бисёр хуб мешуд, ки тоҷикон ҳам дар қатори узбакҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, ки корхонаҳои бузурги дорусозӣ доранд, як корхонаи дурусти дорусозӣ медоштанд ва метавонистанд, доруҳои худиро ба Туркманистон Қирғизистон ва Афғонистон содир кунанд. “

Чанд сол пеш дар Душанбе бо ҳаёҳуи зиёд корхонаи бузурги муштараке бо Ҳинд бо номи «Аҷанта Фарма Лимитед» боз шуд, вале дар дорухонаҳои кишвар ҳеҷ чизе аз он намеёбед. Ба гуфтаи Латиф Мингбоев, тақрибан 98 дар сади доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад ва бақияи он аз ҳисоби корхонаҳои аҳаллӣ ва ё дорухонаҳо аст. Мақомот мегӯянд, 10 дарсади эҳтиёҷи дохилӣ ба доруро корхонаҳои худӣ бароварда месозанд.

Барои ихтироъи дору дар Тоҷикистон Маркази илмии тадқиқотии дорусозӣ амал мекунад, ки тайи чанд соли ахир аз ин бино ба он бино саргардон шуд, вале бо вуҷуди ин пешрафтҳое доштааст ва аз ҷумла мутахассисонаш аз шираи камол ва ё ферула чанд навъи дору ҳосил кардаанд. Дар ин байн, Пажӯҳишгоҳи Химияи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон ҳам дар чаҳорчӯби як тарҳи муштарак бо Вазорати Кишоварзии Амрико сари такмили баъзе аз доруҳое, ки кор мекунад, ки дар баробари дармон, асароти манфӣ низ доранд.

Зайниддин Муҳиддинов, мудири пажӯҳишгоҳ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо барандаи дору месозем. Барандаи дору барои чӣ зарур аст? Барои онки доруро бо миқдори кам ба рӯдаи ғафс бурда расонад. Шумо метавонед, аспиринро гиред ва бо ҳамингуна капсула ба рӯда расонед ва аз рӯда ба хун ва ба миқдори бисёр кам ва таъсири зиёновари он гум мешавад.”

Агарчӣ то кунун дар ҷаҳон ингуна барандаҳои дору истеҳсол шудаанд, аммо ба гуфтаи Зайниддин Муҳиддинов, бо истифода аз маводи химиявӣ ҳастанд, на табиӣ, ки ҳоло донишмандони тоҷик истифода карданд, ки роҳи беназир аст. Ин офаридаи донишмандони тоҷикро дар шароити озмоишгоҳӣ санҷидаанд ва Зайниддин Муҳиддинов умедвор, ки заҳматҳояшон то ду соли дигар натиҷа хоҳад дод.

Вале агар ба масъалаи пойбандии Тоҷикистон ба дорувориҳои воридотӣ бозгардем, ин эътиёд ба доруҳои хориҷӣ ба гуфтаи мутахассисон кори хубе нест ва бахусус барои Тоҷикистон, ки воридоти молу коло ба “табъ” ва роҳҳои Узбакистон вобаста аст, ки ҳар вақт хост, роҳҳояшро мебандад ва роҳи доруҳо барои Тоҷикистонро низ.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG