Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти назорати фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввал соли равон 13 тонна доруҳои албакӣ ва бо муҳлати сипаришударо нобуд кардаанд. Инчунин дар ин муддат як нафар ба далели қочоқи доруи қалбакӣ маҳкум ба зиндон шудааст.

Як сокини Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, барои ворид кардан ва фурӯши доруи қалбакии «Мезим Форте» ба муддати 3 сол ҳабс ва беш аз 30 нафарро беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Маҳмадалӣ Давлатов, муовини хадамоти назорати дорусозӣ гуфт, аз дорувори оташзада як тоннаву ҳаштсад килоро зимни санҷиш аз дорухонаҳо мусодира кардаанд. Ӯ афзуд: «Навъе аз доруи «Мезим Форте», ки қочоқгари он аз тарафи додгоҳ ба ҳабс маҳкум карда шуд, зимни ташхис қалбакӣ баромад. Ва аз ҳисоби умумӣ 1 тоннаву 800 кило дорувори нобудкардаамон вақти ташхис аз дорухонаҳо ҷамъ оварда шуданд ва сертификати мутобиқат надоштанд. Эҳтимол, он бо роҳи қочоқӣ ворид шуда бошад. Чунки ҳар дорувори воридотиро идораи гумрук баъд аз санҷишу ташхис дар ташхисгоҳи мо баъд ба расмияти гумрукӣ медарорад».

Хадамоти назорати фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон сифати дорувор ва фурӯши онро дар кишвар назорат мебарад. Воридот ва фурӯши доруворро Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маводҳои доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» танзим мекунад.

Ҳамин тавр, масъулини ин ниҳод дар вилояти Суғд низ соли равон беш аз дуву ним тонна дорувори бе сифатнома ва бо мӯҳлати сипаришударо аз доруфурӯшиҳо ҷамъ оварда, ба коми оташ додааст.

Диловар Холов, сардори хадамоти мазкур дар бораи роҳи вориди доруҳои ғайри қобили истеъмол, ки нобуд кардаанд, гуфт: «Ин доруҳо бо роҳи кочоқ, масалан, бо роҳи ҳавоӣ ё сарҳадӣ мегузаронанд дар сумкаву халтаҳо, бе сертификати сифат ба кишвар ворид карда мешавад».

Ба гуфтаи оқои Холов, ба зиёда аз 50 дорухонае, ки дорувори мазкурро бо арзиши умумии зери 80 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ дар дӯконҳо ба фурӯш гузошта буданд, ҷарима бастаанд.

Зарари доруҳои қочоқии пастсифат ба сокинон

Сурайё ном як сокини Чкалов яке ҷумлаи ин гуна касон аст. Вай мегӯяд: “Ман зимистони гузашта 5 рӯз аз рӯи варақаи духтур ампитсилин ва боз ду доруи дигар истеъмол кардам. Аммо варам рафъ нашуд, баракс дар гулӯям дарди тоқатфарсо пайдо шуд. Гӯё ки бо корд ҷойи ҷароҳатро мебурида бошад, ҳамин хел як дарди сахт пайдо шуд. Маҷбур шудам ба беморхонаи вилоятӣ ба як табиби шиносам муроҷиат кунам. Он ҷо он доруи истеъмолкардаи маро дида гуфтанд, ки он доруи бадсифат аст ва он дарди манро сахттар кардааст. Таъкид карданд, дигар аз он истифода накунам. Он истеҳсоли Русия буд, ёдам нест моли кадом шаҳраш. 2 ҳафта дар беморхона табобат гирифта, ба худ омадам.”


Аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз ба додгоҳ кашидани доруфурӯшҳои бемасъулият ба ҳукми як кори маъмулӣ надаромадааст. Дар беҳтарини ҳолатҳо зарардидагон доруфурӯшро сари инсоф хондаанд, ки аз фурӯши доруҳои сохтаву қалбакӣ ва бесифат даст кашанд, зеро ба савдо задани дорувори бесифат саломатии беморонро харобтар мекунад.

Бозори дохилиро кӣ ҳимоят мекунад?

Маҳмадалӣ Давлатов, муовини раҳбари хадамоти назорати фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон мегӯяд, ташхисгоҳи ин хадамот бо дастгоҳҳо ва лавозимоти муосир муҷаҳҳаз аст ва шароити ташхиси ҳар навъи доруворро дорад. Ва сифати доруворе, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, қабл аз арсмияти гумрукӣ ҳатман ташхис мешавад ва дар сурати ҷавобгӯ набудани сифати дорувор ба стандарти давлатӣ то фурӯшгоҳ нарафта, нобуд карда мешавад.

Вай бар ин бовар аст, ки дар доруфурӯшиҳои Тоҷикистон доруҳои қалбакӣ, кӯҳна ё бе сифатнома ба маърази фурӯш гузошта намешавад.

Толиб Аҳмадов, табиби тоҷик мегӯяд, қисме аз чунин дорувори қалбакии қалбакии Русия бо роҳи қочоқ то рафи дорурӯшиҳо ва дасти бемори тоҷик мерасад: «Ман тасаввур карда наметавонам, ки тамоми доруворе, ки дар доруфурӯшиҳои Тоҷикистон ҳаст, мавриди санҷиш қарор гирад. Шояд, хадамоти назорат танҳо доруҳои бо роҳи гумрукӣ меомадаро ташхис кунанд. Ба ин ҷиҳат, масъулини ин ниҳод ҳақ ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, доруҳои кӯҳнаву пастсифатро ба фурӯш роҳ намедиҳанд. Аммо ҷое, ки талабот ба доруи арзон ҳаст ва сокинони Тоҷикистон ҳам аз нодорӣ доруи арзон ҷустуҷӯ мекунанд, табиист, бозори мо аз доруҳои арзон ва пастсифат пур шудааст. Ва ҷое ҳам ки ба дорувори ба истилоҳ рӯзмарра талабот зиёд аст, масалан ба аналгин, ин гуна дорувор бо роҳи коҷоқ ҳам зиёд дароварда мешавад ва рост ба дӯкон меравад, на ташхисгоҳи давлатӣ».

Тоҷирони тоҷик қисме аз доруҳои пастсифат ва бе сертификатро бо роҳҳои қочоқӣ аз Узбакистон ва қисман аз Чин ҳам ворид мекунанд. Аммо сокинон ба доруҳои истеҳсоли ин ду кишвар бо назари шубҳа нигаҳ ва кам истеъмол мекунанд.

Чӣ тавр аз доруи бесифат худро ҳифз кунем?

Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои воридоти қочоқии дорувор ҷазоҳои сахт, аз 35 то 70 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 2 то 5 соли ҳабс пешниҳод кардааст. Дар сурати аз истеъмоли доруи пастсифат зарар дидани касе фурӯшандаи доруро аз 5 то 8 соли ҳабс таҳдид мекунад. Аммо табиб – аҳмадов мегӯяд, савдои бо дорувор як тиҷорати сердаромад ҳисоб мешавад ва аз ин рӯ, ба ҷуз аз шахсони дорои иҷозати қонунӣ бархе афроди дигар низ барои дарёфти пул бо роҳҳои қочоқӣ доруворро ворид карда, дар дӯконҳои наздикони худ ё тавассути табибони шинос ба савдо мезананд.

Риоят ва иҷрои қонунҳо, ба назари табиби дигар - Абдурауф, метавонад бозори дохилии доруфурӯшии Тоҷикистонро ба танзим орад ва аз воридоти дорувори пастсифат эмин дорад.

Аммо вай мегӯяд, дар вазъи ҳозира роҳи аз ҳама содаи эҳтиёт аз хариду истеъмоли доруҳои пастсифат талаби сертификат аз фурӯшанда аст.

Аммо ба таъкиди табибони мусоҳибам, роҳи авлотари ҳимояти бозору сокинон аз дорувори пастсифату қалбакӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору, ҳадди ақалл, дорувору витаминҳои талаботашон тақрибан ҳаррӯза дар дохили кишвар аст. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон барои ин шароити хубу созгор дорад. Табиати офтобии кишвар аз садҳо гиёҳҳои шифобахш бой аст, ки бархе аз онҳоро кишварҳои пешрафта харидорӣ ва дар дорусозӣ истифода мекунанд. Аммо дар ҳоли кунунӣ дар Тоҷикистон хеле кам, зери 30 номгӯй нӯшдоруву ҳаб истеҳсол мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG