Пайвандҳои дастрасӣ

Саймон Лимаж: "Тоҷикистон ҳам ҳаққи сохтани нирӯгоҳи ҳастаиро дорад"


Саймон Лимаж

Саймон Лимаж

Муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури барномаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳаққи сохтани нирӯгоҳи ҳастаиро дорад ва Амрико дар ин замина пуштибониаш хоҳад кард.

Дипломати баландпояи амрикоӣ Саймон Лимаж, ки ба манзури ширкат дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ - технологӣ дармавзӯъи таъмини амнияти ҳастаӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, рӯзи 25 июн дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "қарори бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ барои тавлиди энержӣ дар ихтиёри худи Тоҷикистон аст. Агар Тоҷикистон ба чунин қароре биояд, ки аз неруи ҳастаӣ барои тавлиди энержӣ истифода кунад, ИМА метавонад дар ин замина Тоҷикистонро дастгирӣ кунад.".




Озодӣ: Тоҷикистон бомбаи ҳастаӣ надорад, аммо аз захоири ҳангуфти ураниум бархурдор аст. Тавре шумо медонед, дар гузашта террористҳо борҳо барои сохтани "бомбаи чиркин" талош кардаанд ва эҳтимолан ҳоло низ аз ин талошҳо даст накашидаанд. Шумо тавони Тоҷикистонро дар ҳифзи захирагоҳҳои ураниумро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?



Саймон Лимаж:
Амрико(ИМА) бо Тоҷикистон дар масоили амният ҳамкории хубу мусбате дорад ва сабаби сафари ман ба ин кишвар ширкат дар конфаронси илмӣ - техникӣ дар масоили ҳастаист. Зеро ман узви кумитаи муштараки илму технологияи Тоҷикистон ва Амрикоям. Ин ниҳодест, ки воқеан барои ҷилавгирӣ ва паҳн нагардидани силоҳ ё нерӯи ҳастаӣ иқдомоти заруриро рӯи даст дорад.
Тоҷикистон ба масоили амнияти ҳастаӣ ҷиддӣ муносибат мекунад ва роҷеъ ба безарар гардонидани захоири ураниум низ талош дорад. Соли 2011 ИМА ва Тоҷикистон созишномаеро дар заминаи паҳн нагардидани силоҳи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи он ба имзо расониданд. Ин санад ба ҳар ду тараф имконият медиҳад, ки дар заминаи кашфу ташхис, ҷилавгирӣ аз қочоқ ва нобуд кардани маводи ҳастаӣ ҳамкорӣ кунанд. Бар илова, ИМА дар масъалаи амнияти марзи давлатии Тоҷикистон низ кумак мекунад. Дар ин замина мавориди хариду фуруш ва қочоқи маводи ҳастаӣ зери назорат аст.

Озодӣ: Дар чорчӯби ин қарордод оё кадом мавориди ҷилавгирӣ аз қоҷоқи маводи ҳастаӣ дар марз мушоҳида шудааст?

Саймон Лимаж:
Албатта, баъзе масоиле буданд, ки ман онро гуфта наметавонам. Аммо аз лиҳози баргузории давраҳои омузишӣ ё тренинг ва дастрасӣ ба ҳар гуна таҷҳизот дар марз ҳамкории густарда сурат мегирад. Ва муҳимтарин қадаме, ки Тоҷикистон дар самти амнияти ҳастаӣ гузошт, такмили қонунгузорӣ дар ин замина аст.

Озодӣ: Истифодаи нирӯи ҳастаӣ дар тавлиди энержӣ таҷрибаест, ки камбуди энержиро ҳал мекунад ва боиси рушди иқтисодӣ мешавад. Бунёди нирӯгоҳи ҳастаӣ дар минтақае чун Осиёи Марказӣ имкон дорад?

Саймон Лимаж:
Тоҷикистон дар масъалаи ҷилавгирӣ ва паҳн нагардидани силоҳи ҳастаӣ дар радифи Қазоқистон қарор дорад. Ҳамчунин Тоҷикистон ба санаде имзо гузоштааст, ки амнияти силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави кишварашро таъмин месозад. Яъне бо имзои ин санад Тоҷикистон ҳатто ба дигар кишварҳо намунаест, ки бояд ҷилави паҳн гардидани силоҳи ҳастаӣ гирифта шавад ва амнияти ҳастаӣ низ таъмин гардад. ИМА ва дигар кишварҳо бар онанд, ки нерӯи ҳастаӣ манбаъе барои тавлиди энержӣ аст. Вале дар баробари дигар аз манбаъҳои энержӣ, нерӯи ҳастаӣ камбудӣ ва хатарҳоеро дорост. Ба ин назарам, ки кишварҳо бо кам кардани ин хатарҳо барои тавлиди энержӣ имконият доранд ва Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳо метавонад аз он бархӯрдор шавад.

Ҳаққҳои ҳастаии Тоҷикистон


Саймон Лимаж дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Хуршеди Ҳамдам

Саймон Лимаж дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Хуршеди Ҳамдам

Озодӣ: Яъне Тоҷикистон низ метавонад нерӯгоҳи ҳастаӣ дошта бошад, бале?

Саймон Лимаж:
Албатта, тасмим дар худи Тоҷикистон аст. Агар Тоҷикистон ба қароре биояд, ки аз нерӯи ҳастаӣ ба хотири тавлиди энержӣ истифода кунад, ИМА метавонад дар ин замина дастгирӣ кунад.

Озодӣ: Бисёре аз шунавандагони Радиои Озодӣ дар баҳсҳои сомонаи мо суол мегузоранд, ки чаро бунёди бомбаи ҳаставӣ барои як кишвар мумкин аст, вале барои кишварҳои дигар не? Критерияи аслии дарёфти ҳаққи сохтани бомба чигуна аст?

Саймон Лимаж:
Яке аз масъалаҳое, ки чаро баъзе давлатҳо силоҳи ҳастаӣ доранд, ин масъалаи таърихӣ аст. Баҳсҳо бар сари коҳиши силоҳи ҳастаӣ дар солҳои пеш ба он хотир вуҷуд дошт, ки хатар зиёд буд. Тибқи созишномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ, кишварҳое, ки силоҳи ҳастаӣ доранд, бояд дар коҳиши ин силоҳ саҳм гузоранд ва кишварҳое, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд, талош кунанд, то онро тавлид насозанд. Нерӯи ҳастаиро фақат дар корҳои мусбат бояд истифода кунанд. ИМА ба раҳбарии Барак Обама барои иҷрои ин созишнома ва ҷилавгирӣ аз паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ иқдомоти заруриро рӯи даст дорад.

Озодӣ: Манзури хонандагони Радиои Озодӣ аз ин суол, ки чаро як кишвар ҳаққе ба бунёди бомбаи ҳастаӣ дорад ва дигаре, ин Эрон аст. Назари шумо дар ин робита?

Саймон Лимаж:
Ҷомиаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон маълумоти зиёде надорад ва дар ин замина шубҳа вуҷуд дорад. Ахиран дар Қазоқистон нишасти гурӯҳи 5+1 баргузор шуд, ки кишварҳои узв низ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон тасмимотеро рӯи даст гирифтанд. Нигаронии кишварҳо он аст, ки дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ метавонад омили норомии минтақа гардад. Ҳамакнун раҳбарият дар Эрон иваз шуд, аммо намедонем, ки барномаи ҳастаии ин кишвар ба кадом самт ҳаракат мекунад. Дар ҳоле ки ИМА ҳамеша омодаи музокирот бо Эрон дар масоили барномаи ҳастаӣ мебошад.

Озодӣ: Тавре шумо огоҳ ҳастед, дар аҳди Шӯравӣ партовҳои ураниум умдатан ба Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон интиқол меёфтанд. Ҳоло чанд “қабристон”-и бузурги партовҳои ураниум дар шимол ва шарқи кишвар мавҷуд аст, ки ба назар мерасад, хуб нигаҳдорӣ намешаванд ва боиси маризии мардуми атроф шудаанд. Ин маконҳо ба ҷуз зарар ба сиҳати мардум боз чӣ зараре дошта метавонанд?

Саймон Лимаж: Ин масъала аз лиҳози сиҳатӣ ва муҳити зист барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ва мо низ дар ин росто, яъне таъсири он ба сиҳатии омма ва мухити зист, нигаронем. Мо огоҳем, ки кишварҳои аврупоӣ бо Тоҷикистон дар масъалаи безарар гардонидани партовгоҳҳо ҳамкории густарда доранд, ки ин мақбул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG