Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар ивази «Роғун»


Нерӯгоҳи ҳастаӣ. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯгоҳи ҳастаӣ. Акс аз бойгонӣ.

Коршиносони Узбакистон мехоҳанд, ки Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Осиёи Марказӣ нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд кунанд.

Ду коршиноси Узбакистон дар як тадқиқоте, ки аз тариқи Пажӯҳишгоҳи таҳлил ва ояндабинии стратегии Қирғизистон мунташир шудааст, ба мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Русия пешниҳод карданд, ки барои рафъи ниёзмандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ дар ин минтақа як нерӯгоҳи қавии
Татбиқи ин тарҳ метавонад мушкили таъмини кишварҳои минтақаро ба нерӯи барқ ҳал кунад...
ҳастаӣ сохта шавад.

Бино бар гузориши хабаргузории «Регнум», Алексей Строков ва Владимир Парамонов мегӯянд, ин нерӯгоҳ хоҳад тавонист аз захираҳои ғании ураниуми Узбакистон ва Қазоқистон истифода карда, на танҳо эҳтиёҷи кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ҳамчунин Афғонистону Покистон ва Ҳиндустонро ба нерӯи барқ қонеъ хоҳад намуд.

Дар пажӯҳиши онҳо мустақиман ба Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Федерасиюни Русия муроҷиат шудааст, ки дар заминаи ҳуқуқии созишномаҳои чандтарафаи ҳамкорӣ ба ташкили як консортсиуми байнулмилалӣ асос гузоранд ва таҷрибаи пешрафтаи аврупоиро дар риштаи энержии ҳастаӣ ба Осиёи Марказӣ интиқол диҳанд. Онҳо ҳамчунин ба захираҳои азими ураниуми минтақа ва эҳтимоли экспорти онҳо ба кишварҳои Аврупо ишора кардаанд.

«Татбиқи ин тарҳ метавонад мушкили таъмини кишварҳои минтақаро ба нерӯи барқ ҳал кунад ва ҳамчунин таъмини як қатор кишварҳои Аврупои Шарқиро бо нерӯи барқ» имконпазир гардонад,» -- навиштаанд муҳаққиқон.

Аммо нуктае, ки коршиносони Узбакистон, зоҳиран беш аз ҳама ба он таъкид кардаанд, ин аст, ки бунёди чунин нерӯгоҳ хоҳад тавонист, мушкили «дардомези баҳсҳои обу эенержии Осиёи Марказиро ҳал кунад.»

Муаллифон навиштаанд, «Нерӯгоҳи ҳастаӣ камбуди барқ дар Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар фасли сармо ҳал хоҳад кард ва зарурати бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро дар ин ду кишвар аз байн хоҳад бурд. Ҳамчунин вақте ки нерӯи ҳастаӣ ба майдон меояд, зарурати экспорти зиёди гази Узбакистон ба ин кишварҳо низ аз байн хоҳад рафт.»

Ҳалли мушкили «обу энержӣ» бо истифодаи сармоя ва фанновариҳои Иттиҳоди Аврупо, ба қавли ин коршиносон, ҷойгоҳҳои иқтисодӣ ва сиёсии Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ ба таври "радикалӣ" таҳким хоҳад дод ва ин иқдом ба маротиб беҳтар аз талошҳои "машваратороии беҳудаи Иттиҳоди Аврупо" ва шиорҳои «демократия» ва «ҳуқуқи инсон» дар минтақа хоҳад буд, навиштаанд муаллифони муроҷиатнома.

Як коршиноси тоҷики муқими Маскав, ки аз ифшои ҳувияташ худдорӣ кард, мегӯяд, пешниҳоди коршиносони Узбакистон танҳо ин ҳадафро дорад, ки Иттиҳоди Аврупоро аз ширкат дар ҳалли баҳсҳои обу энержии Осиёи Марказӣ барканор кунад. «Ин, ба истилоҳ тадқиқот, ки ягон пояи илмии дақиқ надорад, зидди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон нигаронида шудааст ва нишон медиҳад, ки Тошканд ҳамоно барои пешгирӣ аз бунёди Роғун ҳамаи роҳу василаҳоро ҷустуҷӯ мекунад.»

Ин коршинос мегӯяд, шубҳа дорад, ки Иттиҳоди Аврупо чунин пешниҳодро ҷиддӣ гирад. Махсусан баъд аз фоҷиаи нерӯгоҳи Фукушимо дар Ҷопон ва ҳам ёдбуди фалокати ҳастаии Чернобил дар 25 сол пеш. Вай меафзояд: «Дар ҳоле ки коршиносони Узбакистон бунёди Роғунро дар минтақаи зилзилахез як хатари ҳамсони сунамӣ меноманд, хатари рахнаи обанбор аз инфиҷори нерӯгоҳи азими ҳастаӣ ба маротиб камзиёнтар хоҳад буд.»

Коршиносони Узбакистон аз захираҳои ураниуми Тоҷикистон аслан ном набурдаанд ва ба эҳтимоли зиёд идомаи пешниҳоди онҳо бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар қаламрави Узбакистон хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди ураниум нуҳуфтааст ва вақти он расида, ки барои раҳоӣ аз қашшоқӣ ва бӯҳрони энержӣ ин сарват низ мавриди истифода қарор гирад.

Дар он паём гуфта мешавад: «Дақиқан мушаххас намудани захираҳои уран ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи онҳо аҳамияти бузург дорад ва ман супориш медиҳам ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута, ки аз пагоҳ Консепсияи афзудани ин маъдани дорои аҳамияти стратегиро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, то бо ҷалби сармояи хориҷӣ ин бахшро низ рушд диҳем. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, аз 13 то 14 дар сади урани ҷаҳон гӯё дар ҳудуди Тоҷикистон аст, инро мо таҳқиқ, муайян ва пешниҳод карданамон даркор аст.»

Аммо дар ҳоле ки аз паёми раисиҷумҳур 3 сол гузаштааст, то ҳанӯз ҳеҷ ниҳоди давлатии Тоҷикистон дар масъалаи истифода аз захираҳи ураниуми Тоҷикистон тадқиқот ё пешниҳодеро ба миён нагузоштааст ва худи муаллифи паём низ, зоҳиран, ин супориши хешро ба боди фаромӯшӣ додааст.
XS
SM
MD
LG