Пайвандҳои дастрасӣ

Ураниуми Тоҷикистон: захираҳо ва нақшаҳо


Ин пораи ураниум метавонад мисли як неругоҳи обӣ энержӣ бидиҳад

Ин пораи ураниум метавонад мисли як неругоҳи обӣ энержӣ бидиҳад

Оё истихроҷ ва фурӯши ураниуми хом метавонад дар шароити кунунии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва аслан захираҳои ин кишвар чӣ қадар аст?

Ин саволест, ки рӯзҳои охир бисёриҳо дар Тоҷикистон мехоҳанд ба он посух гӯянд ва ҳатто баъзе арқоми тахминиро ҳам дар ин замина баён мекунанд. Ин сӯҳбатҳо баъди суханронии ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари парлумон доғ шуд, ки гуфта буд, зарурати таҳлили мушаххаси захираҳои ураниум ва роҳҳои истифодаи он ба хотири ҷалби бештари сармояҳо ба кишвар пеш омадааст. Вай гуфт, "бо маълумоти пешакӣ, аз 13 то 14 фоизи захираи урани дунё гӯё дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Инро мо таҳқиқу муайян карда пешниҳод карданамон даркор".

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он, иттилои дақиқ роҷеъ ба захираҳои ураниуми ин кишвар ва миқдори он дар даст нест. Оҷонсии байнулмилалии энержии атомӣ, ниҳоди вобаста ба СММ, мақарраш дар Вена мегӯяд, ки бо чунин арзёбиҳо розӣ буда наметавонад. Дар як мукотибаи имейлӣ бо радиои Озодӣ мутахассиси умури ураниуми ин оҷонс гуфт, иддаоҳои мазкур баҳсбарангез аст ва пеш аз ҳама ба он хотир, ки захираҳои ураниуми ин кишвар ба таври зарурӣ ҳисобу китоб ва арзёбӣ нашудааст.

Ин оҷонс мегӯяд, ки бино ба набуди иттилои мушаххаси расмӣ дар дасти онҳо, ки маъмулан аз ҷониби мақомоти кишвар ироа мешавад, танҳо тахмин задан мумкин аст, ки эҳтимол дорад, Тоҷикистон тавони тавлид ва истихроҷи 20 ҳазор тонна ураниуми хомро дар як сол дошта бошад. Иддаои ин ки Тоҷикистон метавонад дорои захираҳои 14 дар садии ураниуми хоми ҷаҳонӣ бошад, чандон қобили эътимод нест, гуфт ин масъули Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ. Ин Оҷонс мегӯяд, мавзӯи мазкур сиёсӣ аст, чунки ба манфиатҳои давлат робита мегирад, аз ҳамин хотир ҳам бояд баъди дарёфти омору маълумоти дақиқ ва мушаххас дар ин бора сӯҳбат шавад.

Тибқи иттилои ин Оҷонс, куллан дар ҷаҳон имрӯз 5,5 миллион тонна ураниуми хом тавлид мешавад, 23 дарсади онро Австралия, 15 дарсадро Қазоқистон ва 10 дарсадашро Русия тавлид мекунад. Боқӣ 2 миллиону 880 ҳазор тонна ураниумро давлатҳои дигар, мисли Канада, ИМА ва Олмон истихроҷ мекунанд, мегӯяд ин манбаъ. Тоҷикистон дар ин феҳрасти Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ бо ҳудудан 20 ҳазор тонна ураниуми тахминиаш 1 дарсад захираҳои ҷаҳониро истеҳсол карда метавонад, мегӯяд ин оҷонс.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони Тоҷикистон, ки роҷеъ ба захираҳои нуҳуфтаи ураниуми кишвар сӯҳбат мекунанд, мегӯянд, бо такя ба таҷрибаҳои муҳаққиқон дар аҳди шӯравӣ гуфтан мумкин аст, ки маводи ураниум ғолибан дар манотиқи марказӣ, шимолӣ ва шарқи кишвар ниҳон аст.

Ӯлмас Мирсаидов, раиси оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиоатсионии назди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, "дар Тоҷикистони марказӣ, дар Помир ҳамин захираҳо ҳаст. Мо бояд онро аниқ кунем. Дар шимоли Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ захираҳои уран бисёр буд, он пурра коркард шудааст". Оқои Мирсаидов афзуд, ки бо болоравии қимати ураниумиу хом дар бозори ҷаҳонӣ, ки дар кори нирӯгоҳҳои атомӣ истифода мешавад, дар Тоҷикистон ҳам умедҳо барои кашфу коркард ва фурӯши ин мавод дар беруни кишвар пеш омадааст. Бо ин кор бо амри раиси ҷумҳурӣ гурӯҳи мутахассисони Геологияи Тоҷик машғул хоҳанд шуд. Вай афзуд, ки мавҷудияти 0,1 дар сад фоиз маъдани хоми ураниумиум кофӣ аст, ки корҳои саноатӣ ба роҳ монда шавад.

Тибқи иттилои Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ, соли 2007 як килограмм ураниуми хом ба ҳисоби миёна 130 доллари амрикоӣ қимат доштааст.

XS
SM
MD
LG