Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзу Исоев: Аз хурофотпарастии мардум нороҳат мешавам


Орзу Исоев рӯзи 14 октябр 40-сола шуд. Орзу корманди телевизиони давлатии “Сафина” аст, вале бисёриҳо ӯро ба хотири шеърҳояш мешиносанд, ки дар таронаҳои овозхонҳои маъруфи кишвар – Нигина Амонқулова, Садриддини Нажмиддин, Шабнами Сурайё ва дигарҳо садо медиҳанд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Орзу назарашро ба зиндагӣ, кору эҷод ва ҳамкорӣ бо овозхонҳо баён кард.

“Хушбахтам, ки дастам бӯи ришва намекунад”

Радиои Озодӣ: Орзу, дар ин чор даҳсолаи умратон аз кору эҷоду зиндагиатон розӣ ҳастед? Бо чӣ кулворе ба ин син қадам гузоштед?

Ман табиби бемактабам. Дар рагу мушак сӯзандорӣ карда метавонам. Ҳамчун як бародари шафқат метавонам кӯмакҳои тиббии заруриро анҷом диҳам.

Орзу Исоев: Албатта розӣ ҳастам. То чилсолагӣ расидану донистани ин ки дастат бӯи ришва намекунаду виҷдонат ором аст, ҳамоқату ягон кори барои инсон нолозим накардаӣ, ин фақат боиси хушбахтиву шукргузорист.

Радиои Озодӣ: Дар зиндагӣ магар мешавад бегуноҳ зиндагӣ кард?

Орзу Исоев: На, намешавад. Аммо ҷурму иштибоҳҳое мешавад, ки он қадар таъсири зишт ба ҷомеа, ба одамони наздик намерасонад, аз қабили вохӯриҳои ошиқона ё нишастҳои хос. Аз ҷурму хатоҳое, ки ба инсон, ба шахсият ва ҷомеа зарар мерасонанд, аз ин хел хатоҳо парҳез кардан ҳатмӣ аст. Ман аз ин хатоҳо накардаам, ба ҷуз он чизе, ки номбар кардаам.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

“Мехостам табиб шавам”

Радиои Озодӣ: Пас аз кадом коратон розӣ ҳастеду кадомаш ҳанӯз кор мехоҳад?

Орзу Исоев: Аз пешаи худ – касби рӯзноманигорӣ сад дар сад розӣ ҳастам. Аз ҳунари шоирии худ розӣ ҳастам. Ҳамеша фикр мекардам, ки агар рӯзноманигор нашавам, табиб мешавам. Ҳамин ду пеша дар назарам муқаддас буд.

Радиои Озодӣ: Чаро табиб нашудед?

Орзу Исоев: Имкон надоштам. Вале ман табиби бемактабам. Аз анатомияи одам хуб огаҳам. Дар рагу мушак сӯзандорӣ карда метавонам. Ҳамчун як бародари шафқат метавонам кӯмакҳои тиббии заруриро анҷом диҳам.

Радиои Озодӣ: Пас шояд бо ҳунари шоириатон табиби дили мардум шудед?

Орзу Исоев: Шояд ҳамин тавр ҳам шуд. Сухан ҳам одамро табобат мекунад.

Шабнами Сурайё: Таронаи "Аз ман бирафт..." ба матни Орзу Исоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим

“Афсус, ки бо Манижа ҳамкорӣ накардаам”

Радиои Озодӣ: Аз шоириатон бигӯед, бо кадом ситораҳои ҳунар кор барои шумо ҳаловатбахш аст ва мехоҳед бо онҳо ҳамкориро идома диҳед?

Орзу Исоев: Хеле розиам аз ҳамкорӣ бо Садриддин. Садриддин ба шеър муносибати хеле ҷиддӣ дорад. Ба умқи шеър фурӯ меравад. Гоҳе метавонад бо дархости худаш вожаҳои шеърро дигар кунад, агар дар

Орзу Исоев

Орзу Исоев соли 1976 дар вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории ДДМТ аст. Дар шӯъбаи кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳри Қӯрғотеппа, 2000-2003 – корманди ТВ “Хатлон”, дар нашрияҳои вилоятӣ кор кардааст. Аз соли 2005 дар ТВ “Сафина”, Шабакаи аввали телевизион, радиоҳои “Имрӯз”, “Азия-Плюс”, рӯзномаи “Имрӯз-Нюс”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор карда ҳоло дар муассисаи давлатии “Сафина” кор мекунад. Соли 2002 бо Маҳбуба Шарифова оиладор шуда, соҳиби се фарзанд аст.

вақти хондан ба забонаш нашинад. Аз ҳамкорӣ бо Шабнам ҳам хеле розиам, ӯ дар чанд соли охир хеле пешрафт кард, муносибаташ ба шеър ҷиддӣ аст. Аз ҳамкорӣ бо Зулайҳо ҳам хеле розиам. Меҳрнигори Рустам соҳиби садои хеле қавӣ, босавод аст, кунҷкоб аст. Баҳодури Ғафурзод – аз ҷавонҳо. Нигина ба шеър ва сухан хеле муносибати ҷиддӣ дорад, матнро барои худ таҳлил мекунад, мафҳум ва фалсафаи сатрро занг зада мепурсад. Аз миёни овозхонҳои собиқадор бо Ҳаётой Мӯъминова ҳамкории хуб дорем. Вале хеле афсӯс мехӯрам, ки шонси ҳамкорӣ бо Манижа Давлатоваро надоштам. Мутаассифона, аз назари замони ҳунарнамоии ӯ марҳилаи ҳамкории мо ба ҳам мувофиқ наомад.

Радиои Озодӣ: Зимнан, аз ҳолу ҳавои Манижа хабар надоред?

Орзу Исоев: Хабар дорам. Гоҳ-гоҳ вохӯрда, сари суфрае нишаста сӯҳбат мекунем. Он чи ки дар Манижа ҳаст, дар дигар овозхонҳо аслан нест. Манижа бо қалам сарукор дорад, шеъру мақола менависад, хотироташро рӯи дафтаре менигорад. Ирфони Манижа ва дарки ӯ аз матну шеър хеле ҷиддӣ аст.

Нигина: Таронаи "Офтоби рӯи боми манзилам" ба матни Орзу Исоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Ҳамкорӣ бо овозхонҳои узбек – Юлдуз Усмонова ва Фирӯза Ҷумъаниёзова

Орзу Исоев: Батозагӣ Фирӯза Ҷумъаниёзова ҳам як суруди навашро ба форсӣ бо шеъри ман иҷро кард – “Умедам ҳаст, меоӣ”. Сурудҳои Юлдуз Усмонова “Ошнои гумшуда” ва “Марав-марав, ки меравад баҳор аз ман” ҳам бо шеърҳои ман эҷод шудаанд. Мо ҳамеша бо сарояндаҳои ӯзбек дар тамос ҳастем, ҳамеша ба ҳангоми сафар ба Тошканд бо пазироии гарми онҳо рӯбарӯ мешавем. Муносибатҳои мо бидуни сарҳадҳои сиёсиву монеагузориҳои сиёсӣ аст.

Акс аз албоми шахсии О.Исоев
Акс аз албоми шахсии О.Исоев

Радиои Озодӣ: Бо тағйироти ахир дар саҳнаи сиёсии Узбакистон, як қатор овозхонҳо дубора ба саҳнаи калон баргаштанд ва шояд умедвориҳои тозаи тағйири муносибат бо ҳамсояҳои Узбакистон, ки ҳоло ба миён омадааст, шуморо ҳам хушҳол мекунад?

Орзу Исоев: Албатта, ман ҳам умедворӣ дорам, ки шояд рӯзе як ҷавонмарде пайдо мешавад, ки ин ҳама деворҳоро мешиканад ва чеҳраҳои азизтарин афрод дубора дар саҳна дубора муҷалло мешаванд. Ман мехоҳам бо ҳамин орзу зиндагӣ кунам. Пеши эҷодкор монеа гузоштан, кори беҳуда аст. Эҷодкор – дарё аст ва пеши роҳи дарёро ҳеҷ кас гирифта наметавонад.

Дидор бо падар баъди 30 соли ҷудоӣ

Акси хурдсолӣ: Орзу бо гитор дар даст
Акси хурдсолӣ: Орзу бо гитор дар даст

Радиои Озодӣ: То имрӯз кадом китоби шеъратонро нашр кардаед?

Орзу Исоев: Соли 2015 китоби “Он сӯи ёдҳо”-ро бо теъдоди 3500 нусха дар чопхонаи “Эр-Граф” нашр кардам. Зиёда аз 100 шеър аст. Аксари шеърҳое, ки Нозияи Кароматуллову Нигина хондаанд, дар ин маҷмӯа дарҷ гардидаанд. Нахустин шеъри ин китоб “Он сӯи ёдҳо” ном дорад ва тарҷумаи ҳоли худам аст. Ману падарам баъди 30 сол, яъне дар 34-солагиам аз нав вохӯрдем.

Он ҷо, ки баргро хабар аз тирамаҳ набуд,

Гул хоки раҳ набуд,

Шабҳош бе шаҳомати рухсори маҳ набуд,

Як фард лобалои чаҳорсолагии ман,
Бо исмати рубоби наҳифе

Оҳанг менавохт.

Оҳанги ҳаҷр буд,

Ҳаҷри фариштаҳо.

Ҳаҷри сурури сабз,

Ҳаҷри чаковак аз тани девори кӯдакӣ,

Ҳаҷри баҳор аз дили ночори кӯдакӣ.

Сахт аст, эй маҷид,

Бо чашми хеш дидани овори хешро.

Бо дасти баста бурдани кулвори хешро.

Сахт аст, лобалои чаҳорсолагӣ агар,

Он фарди хушнавоз,

Отифаро ба мех биовезаду равад.

То баъди сӣ баҳор, ки аслан хазон буд,

Дар ҷустуҷӯи қофилаҳо дар ба дар шавад.

Оҳ, ай Худо, чи гуна тавонам, ки баъд аз ин

Дар лобалои исмати як фарди ношинос,

Он вожае, ки ҳеч ба серӣ нагуфтамаш,

Дар ҷамъи панҷ ҳарф,

Аз дил бадар шавад,

Яъне "падар" шавад!?

Дев, хурофотпарастӣ ва робитаҳои пеш аз никоҳ

Радиои Озодӣ: Шумо як инсони замонавӣ ҳастед. Ҳастанд масъалаҳое дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки шуморо ҳамчун як шаҳрванд нигарон мекунанд?

Орзу Исоев: Ман ҳамеша, аз хурдӣ аз хурофотпарастии мардум нигарон будам. Як умр бо ҳамин чиз мубориза бурдаам, аз ҷумла бо аҳли байтам. Пеши ҳаргуна рамзҳо таслим шудан, рамзҳоро ба зиндагии воқеӣ рабт додан, имон овардан ба чизҳое, ки як чизи моддӣ ҳастанд – ин хурофот аст. Масалан, бовар кардан ба ҳарфи мулло ё фолбин ё каси дигар... Аксаран дар занҳо ин чиз мушоҳида мешавад. Ин ҷаҳолат аст, беирфонӣ аст. Вақте инсон падидаҳои физиологиву мазҳабиву моддиро таҳлил карда наметавонад, ба хурофот дода мешавад. Аз хурдӣ бо хурофот мубориза мебурдам. Як беди калоне буд дар наздикии рустое, ки зиндагӣ мекардем, мегуфтанд, “шабона аз тагаш нагузаред, ки дев дорад”. Ман медонистам, ки дев вуҷуд надорад, 5-6-сола будам, махсус мерафтам, ки девро бинам. Чунки медонистам, ки ин андешаи пучу хому ғалат аст... Вале ҳамин хурофотпарастӣ дар зиндагии ҷомеа, дар ҳаёти инсонҳо мушкилоти хеле зиёд эҷод мекунад.

Ҳамроҳ бо аҳли оила: Таманно, Довуд, Анӯшер ва ҳамсараш Маҳбуба
Ҳамроҳ бо аҳли оила: Таманно, Довуд, Анӯшер ва ҳамсараш Маҳбуба

Радиои Озодӣ: Муносибати шумо ба равобити маҳрамонаи пеш аз никоҳ чӣ аст?

Орзу Исоев: Дар байни мардуми хурофотӣ тифлеро, ки аз ингуна робитаҳо ба дунё меояд, “ҳаромзода” мегӯянд. Вале ман ҳеҷ гоҳ чунин фикр намекардам. Худо мисли одамон бераҳму бадҷаҳл нест. Кӯдак ҳеҷ гуноҳ надорад, Худо хост, ки ӯ ба дунё биёяд. Дар куҷое хонда будам, ки дар мазҳаби мо мегӯянд, таваллуди кӯдак пеш аз ақди никоҳ барои худи кӯдак ҷурм нест. Вале дар масъалаи робитаҳои маҳрамонаи пеш аз никоҳ ҳамчун як мард ва як шахс мегӯям, ки ширинии зиндагии оилавӣ маҳз дар ҳамон аст, ки марҳилаи муносибати зану шавҳар дар марҳилаи моҳи асалашон фаро расад.

XS
SM
MD
LG