Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: Бастани саррофиҳо қурби долларро боло мебарад


Баста шудани саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон

Баста шудани саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон

Коршиносон бар инанд, ки қатъи фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули асъор ба суботи бозори пул дар кишвар таъсири ночиз ё ҳатто баръакс хоҳад дошт.

Барои ҳифзи субот дар бозори арз Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусиро даро кишвар манъ кард. Роҳбари Хадамоти матбуотии бонк Абдуғаффор Қурбонов, 17 апрел ба Радиои Озодӣ ин тасмимро ба шикояти рӯзафзӯни бонкҳои тиҷоратии кишвар аз фаъолияти саррофиҳои хусусӣ бастагӣ дод.

“Вақтҳои охир худи ташкилотҳои қарзӣ мегуфтанд, ки қурби доллар аз сӯи нуқтаҳои мубодилаи асъор ба таври сунъӣ боло бардошта мешавад. Ба ҳамин хотир ин тасмим гирифта шуд ва фикр мекунам, ки он барои мӯътадил нигоҳ доштани бозори асъор кӯмак хоҳад кард,”- гуфт ҷаноби Қурбонов.

Аз ин ба баъд ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор вазифадор шудаанд, ки ҳангоми иваз кардани асъори хориҷӣ ба пули миллӣ аз шаҳрвандон шиноснома пурсанд ва баъд аз анҷоми мубодила ба муштариён барга ё чек диҳанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ то ба ҳол дар кишвар 1581 саррофӣ сабти ном шуда, аз 763 адади онҳо ба созмонҳои қарздиҳанда ва 818 адад ба шахсони воқеӣ ва бонкҳо тааллуқ доранд. Тибқи фармони Бонки миллӣ маҳз ҳамин 818 нуқтаи мубодилаи асъор дигар ҳаққи фаъолият нахоҳанд дошт. Аммо масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, ин саррофиҳо метавонанд, вобастаи ягон бонк шаванд ва чун бахше аз он фаъолият кунанд.

Аммо, саррофон мегӯянд бонкҳо намехоҳанд, нуқтаҳои онҳоро ба тобеяити худ дароранд ва агар гиранд ҳам, даромади онҳо дар ин маврид коҳиш хоҳад ёфт.

Сафар Ниёзов, молики яке аз саррофиҳои Душанбе дар суҳбат ба Озодӣ дар ин робита гуфт: “Мо ки вобастаи бонкҳо шавем ҳамаи даромадро онҳо мегиранд. Мо дар болову поин бурдани қурби доллар саҳме надорем, танҳо хариду фурӯш мекунем. 15 сол боз кор мекунем, ҳеҷ гап набуд. Чаро имрӯз моро якбора ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд?”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳар як молики дӯкони пул аз рӯи парвона ё патенташ моҳе ба давлат 600 сомонӣ андоз медиҳад, ки бо қатъи фаъолияти онҳо буҷаи давлат аз ин маблағ маҳрум мешавад. Аммо Ниёзов ва дигар ҳамкасбони ӯ мегӯянд бо ин ҳол нозироти андози маҳаллӣ намехоҳанд, ин парвонаҳоро бекор ва онҳоро аз супурдани андоз озод кунанд. Бо он кӣ сар аз имрӯз нуктаҳои хусусии табодули асъор дигар фаъолият намекунанд,саррофон мегӯянд, онҳо маҷбуранд то расман бекор шудани патенташон андоз диҳанд.

Иқтисодшиносон, ки боло рафтани қурби доллар ва поён шудани арзиши пули миллиро ба мушоҳида гирифтаанд, мегӯянд, ки дӯконҳои хусусии мубодилаи асъор дар боло бурдани қурби доллар саҳме надоранд ва ё саҳми хеле ночиз доранд.

Константин Бондаренко, роҳбари маркази таҳлилии “Бозори озоди Тоҷикистон” мегӯяд, моликони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар даст сармояи кофие надоранд, ки ба қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсир расонанд. "Қурби сомонӣ бинобар сабабҳои объективӣ афтида истодааст, на аз қаллобии саррофон. Чунки интиқоли пулии муҳоҷирон коҳиш ёфт. Даромади кишвар аз ҳисоби содироти мол ҳам чандон хуб нест. Саррофон вазъиятро ба вуҷуд намеоранд, онҳо вобаста ба вазъият амал мекунад. Вазъият бошад, бад аст. Афтидани қурби сомонӣ ба амали онҳо вобаста нест,” – мегӯяд ҷаноби Бондаренко.

Бондаренко афзуд, Тоҷикистон аз омилҳои хориҷӣ сахт вобастааст ва дар банди рукуди иқтисодии Русия дармондааст. Вай мегӯяд, манъ кардани фаъолияти саррофиҳои хусусӣ аз сӯи Бонки миллӣ чораи хубе нест, зеро ин амал метавонад, боз ҳам қурби долларро боло барад. Баста шудани саррофиҳо тоҷиронро аз фурӯши асъори хориҷӣ бозмедорад ва ин боиси боз ҳам боло рафтани қурби асъори хориҷӣ мешавад.

Бинобар арзёбии коршиносони молиявӣ ҳар як нуқтаи саррофӣ дар Тоҷикистон ҳар рӯ ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 5 000 долларро мубодила мекунад. Бо такя ба ин ҳисобҳо иқтисоддонҳо мегӯянд, дар бозори нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ ҳамарӯза аз 200 то 400 ҳазор доллар мечархид.

Қурби пули миллии Тоҷикистон- сомонӣ – аз як сол, аз ҷумла ба далели фишори бӯҳрони иқтисодии Русия дар бозори асъор мунтазам пойин меравад. Қурби сомонӣ дар моҳи апрели соли 2014 бори аввал аз марзи 5 сомонӣ гузашт ва дар чанд ҷастухез то поёни моҳи сентябр ба ҳадди 5,5 сомонӣ ва дар моҳи апрели соли 2015 ба 6 сомонӣ ва 39 дирам расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG