Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки арзиши як доллар дар саррофиҳои Душанбе ба шаш сомониву бист дирам баробар шудааст, баъзе аз иқтисоддонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ҳукумат афви молиявӣ эълон кунад.

Субҳи душанбеи 9 март арзиши як доллар дар саррофиҳои Душанбе ба шаш сомониву бист дирам баробар шуд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз уфти якбораи қурби сомонӣ, қасд дорад, ба бозор доллар ворид кунад. Вале иқтисоддонҳо мегӯянд, ин чораи муваққатӣ аст ва таъсираш дер давом нахоҳад кард.

Содироти Тоҷикистон нисбат ба воридоташ 4 баробар камтар аст ва ба таъкиди иқтисоддонҳо аксари он пулҳое, ки Бонки миллӣ вориди бозор мекунад, тавассути тоҷирон боз бар хориҷа меравад. Чунки тоҷирон аз хориҷ маҳз бо доллар ба кишвар молу маҳсулот ворид мекунанд.

Аз ин рӯ, бо назардошти "фирори сармояҳо" аз Тоҷикистон, бархе аз иқтисоддонҳо пешниҳод доранд дар кишвар афви молӣ эълон карда шавад.

Собир Вазиров, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити кунунӣ эълон афви молӣ аз сӯи ҳукумат метавонад ҷилави болоравии бесобиқаи қурби долларро бигирад. "Эълони афви молӣ ба суди Тоҷикистон аст. Чунки вақте амнияти сармояҳо кафолат дода мешавад ва зери пайгарди қонун қарор намегирад, сармоягузорон бе ягон дудилагӣ пулҳояшонро ба кишвар бозпас меоранд,"-афзуд ӯ.

Ҷаноби Вазиров мегӯяд, Қазоқистон як сол пеш афви молӣ эълон карда буд ва сармояҳои зиёде вориди ин кишвар шуданд. Тоҷикистон ду бор, 2003 ва 2008, афви молӣ ва амвол эълон карда буд. Баъд аз афви якум тибқи омор ба кишвар 187 миллион доллар ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳам масъулони бонкӣ миллӣ ва ҳам вазорати молияи Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди зарур ва ё нозарур будани аффи молӣ дар ин шабу рӯз худдорӣ меварзанд. Танҳо як мақом дар вазорати молияи Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ номаш бурда шавад, гуфт, ду аффи қаблӣ бо ташаббуси бевоситаи раисиҷумҳур сурат гирифтааст ва ин навбат низ зимоми тасмим дар дасти ӯст.

Дар ҳамин ҳол, дар бозори асъори Тоҷикистон бебандуборӣ ҳукмфармост ва қурби асъор, хусусан доллар, зиёд болову поин меравад. Тоблуи дӯконҳои саррофии шаҳри Душанбе қимати 1 долларро 6 сомониву 7, 10, 13 дирам нишон медиҳанд. Аммо амалан саррофон ба як доллар 6 сомониву 25−30 дирам медиҳанд.

Муслиҳиддин, як сарроф дар дар назди бозори Султони Кабири Душанбе гуфт, онҳо ҳоло танҳо доллар мехаранд, аммо аз фурӯхтани он худдорӣ меварзанд. Чунки ба гуфтаи ин сарроф дар ҳолати зуд−зуд болову поин рафтани қурби доллар аз фурӯхтани доллар онҳо зарар мебинанд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, аз як сӯ агар сабаби афтидани қурби доллар ба бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон рабт дошта бошад, аз сӯи дигар пас аз анҷоми ҷашни соли нав дар Чин бисёре аз тоҷирон барои хариди мол озими ин кишвар мешаванд ва долларҳои зиёде низ бо худ мебаранд.

Масъулони бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва қонеъ кардани талабот ба доллар дар бозор мудохилаи асъорӣ ва ё интервенсия анҷом медиҳанд. Абдуғаффор Қурбонов, роҳбари хадамоти матбуотии бонки миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бонки миллӣ тайи моҳи охир ба хотири қонеъ кардани талаботи мардум ба доллар 19,5 миллион доллар ба бозор баровардааст. Имрӯзҳо низ муттахассисони мо вазъро таҳлил карда вобаста ба талабот дар ҳамаи вилоятҳо долларро ба фурӯш мебароранд.”

Ҷаноби Қурбонов афзуд, аз аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон 40 миллион долларро барои қонеъ кардани талабот ба бозор ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки захираи тилову асъори Тоҷикистон то 1 январи соли 2015, бино ба омори расмии Бонки миллӣ, 1 миллиарду 79 миллион долларро ташкил медод. Ҳамагӣ якуним моҳ пеш аз соли нав, дар таърихи 14 ноябри соли 2014, Бонки миллӣ захираи тилову асъорашро беш аз 1,2 милиард доллар баровард карда буд. Яъне дар байни ҳамагӣ якуним моҳ қариб 120 миллион доллар аз ин захира коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла барои таъмини суботи қурби пули миллӣ дар бозори арз.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG