Пайвандҳои дастрасӣ

СБП: "Интиқоли пули муҳоҷирон 30 дарсад кам мешавад"


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинӣ кардааст, ки соли 2015 пулҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик мефиристанд, 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва ин ба тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар таъсир хоҳад дошт.

Соли 2014 пули фиристодаи муҳоҷирон бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 8,3 дарсад коҳиш ёфта буд ва маблағи умумии фиристодаи онҳо 300 миллион доллар камтар аз маблағи соли 2013 буд ва 3 миллиарду 900 миллион долларро ташкил дод.

Вале дар соли соли 2015 агар ин маблағҳо 30 дарсад коҳиш ёбад, дар он сурат бояд интизор буд, ки пули муҳоҷирон ба 2 миллиарду 730 миллион доллар хоҳад расид ё 1 миллиарду 170 миллион доллар камтар хоҳад шуд.

Айдин Биболов, намояндаи Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бахшҳои хидматрасонӣ бештар осебпазир хоҳанд буд, вале соҳаҳои дигар низ зарар мебинанд. Чун пулҳои интиқолии муҳоҷирон бахши муҳими даромади хонаводаҳо ба шумор меравад, қобилияти харидории онҳо поин хоҳад рафт”.

Соли 2014 маблағҳои муҳоҷирон тақрибан нисфи даромади нохолиси миллии Тоҷикистон, яъне 45 дарсадро ташкил додааст. Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти ин, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳо таҳия кунад, зеро он ба таври мустақим ва ғайримустақим ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт асар мегузорад.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Дар навбати аввал ин таъсирро дар хонаводаҳо худи аҳолӣ эҳсос хоҳанд кард, зеро имконоти онҳо барои харидории молу коло маҳдуд мешавад. Бахши тиҷорат низ зарар хоҳад дид ва воридоти молу коло ба кишвар коҳиш меёбад. Қишрҳое, ки бештар аз ҳисоби пули муҳоҷирон зиндагии худро мечархонанд, дар харидории баъзе маҳсулот худдорӣ мекунанд.

Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳо авҷ гирифт, аз ҳисоби муҳоҷирон шумораи харидорони хонаҳо бештар шуд. Ба ин далел, ширкатҳои сохтмонӣ даромади кофӣ ба даст меоварданд ва корашон равнақ ёфта буд. Акнун харидорон камтар ва дар сурати ба фурӯш нарафтани хонаҳо суръати корҳои сохтмонӣ заиф хоҳад шуд. Ҳатто имкон дорад, ки баъзе ширкатҳои хурд корҳои сохтмониро боздоранд.

Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, 30 дарсад кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон ба он маъност, ки фаъолиятҳои иқтисодӣ заиф ва сарчашмаҳои даромади будҷа аз ҳисоби андоз кам мешавад. Ба ин далел, ҳукумат бояд барои сармоягузорӣ дар бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти нафақа ё кӯмакпулиҳо ба қишри осебпазири ҷомеа барномаҳо таҳия кунад.

Баҳром Шарипов, корманди масъули Ассотсиатсияҳои бонкии Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти чунин бӯҳрон, ҳукумат ҳоло як барномаи зиддибӯҳронӣ омода кардааст ва бо ниҳодҳои молии ҷаҳон ва кишварҳои хориҷӣ барои ҷалби сармоя ҳамкориҳои фаъолро пеш гирифтааст.

Вале оқои Шарипов эътироф мекунад, ки коҳиши интиқоли пул аз ҳоло дар низоми бонкӣ мушоҳида мешавад, чун ин пулҳо зомини аслии нигоҳ доштани арзиши сомонӣ дар бозори дохилӣ ба шумор меравад. Чунин раванд ба низоми бонкии Тоҷикистон хатар дорад ва барои пешгирӣ аз ин хатар бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бозори асъор бояд захираҳои худро ба кор андозад, то арзиши сомониро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ дорад. Лекин ин захираҳо каманд ва барои Бонки Миллии Тоҷикистон низ мушкилиҳо пеш меояд.

Оқои Шарипов меафзояд, бо назардошти бӯҳрони иқтисодии Русия ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон кишварҳои ғарбӣ кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳанд. Масалан, Сандуқи Байналмиллаии Пул барои иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ 100 миллион доллар ба Тоҷикистон ихтисос додааст. Маблағҳое, ки кишварҳои ғарбӣ дар Русия сармоягузорӣ мекарданд, ҳоло озод шудаанд ва ин маблағҳоро Ғарб барои сармоягузорӣ ба кишварҳое чун Тоҷикистон медиҳад.

Чун дар шароити кунунии Тоҷикистон иҷрои барномаҳои энергетикӣ масъалаи муҳими стратегӣ ба шумор меравад, суоле пеш меояд, ки оё коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ба ин соҳа таъсир хоҳад дошт? \

Мирсаид Саидов, доктори улуми иқтисод ва намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия бар ин ақидааст, ки “иҷрои чунин барномаҳо зери хатар нахоҳад рафт, зеро дар маҷмӯъ сохтмони ин тарҳҳо ғайримустақим 5 дарсад аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирон даромад мегирад ва ин 5 дарсад таъсири чандоне дар иҷрои ин тарҳҳо нахоҳад дошт. Ин тарҳҳо бештар аз ҳисоби будҷаи давлатӣ ва аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ сохта мешаванд”.

Баҳром Шарипов ҳам ин ақидаро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ниругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” то ҳол аз ҳисоби сармоягузориҳои Русияву Эрон ва бонкҳову кишварҳои дигар сохта шудаанд ва дар оянда низ ҳамин раванд идома меёбад. Масалан, баъд

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия.

аз арзёбиҳои мусбати Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун ҳоло Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони он тендер ё озмуни ҷаҳонӣ эълон кардааст. Ба ин далел коҳиши пулҳои муҳоҷирон ба ин бахш ночиз аст.

Мирсаид Саидов коҳиши пулҳои муҳоҷирон ба Русияро ба чанд омил иртибот медиҳад ва мегӯяд, соли ҷорӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба сабаби риоят накардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз ҳақи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуданд. Гузашта аз ин, баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия ва поин рафтани нархи нафту газ рушди иқтисоди ин кишвар бозмонд. Арзиши рубл дар баробари доллар тақрибан 50 дарсад суқут кард. Масалан, муҳоҷире, ки 20 ҳазор рубли русӣ дастмузд мегирифт ва он ба 600-700 доллар баробар буд, акнун он ба 300 то 350 доллар баробар аст, ки барои зиндагии худаш дар Русия кифоят намекунад. Дар чунин вазъ садҳо ҳазор нафар муҳоҷирон Русияро тарк карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG