Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" расман аз ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон хабар доданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик", рӯзи 1 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аммо маҳдудияти барқ ба Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар дахл нахоҳад дошт.

Сокинони кишвар мегӯянд, тақрибан як моҳ боз аз соати 10-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз 10-и шаб то 5-и саҳар барқ намегиранд.

Ӯ гуфт, "бо сабаби махсусияти системаи энергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 98 фоизи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, бо фаро расидани тирамоҳ таъминот бо барқ тибқи меъёр ба роҳ монда мешавад. Алҳол, бо сабаби сард шудани ҳаво дар сарчашмаҳо ва шохобҳои он, маҷрои оби Вахш кам шуда, ворид гаштани об ба обанбор коҳиш ёфтааст."

Нозирҷон Ёдгорӣ

Нозирҷон Ёдгорӣ

Дар ҳоле ки масъулони “Барқи тоҷик” нагуфтанд, чӣ соатҳое интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шудааст, сокинони кишвар мегӯянд, тақрибан як моҳ боз аз соати 10-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз 10-и шаб то 5-и саҳар барқ намегиранд. Онҳо гуфтанд, солҳо боз ин мушкил дар кишвар вуҷуд дорад ва аз рӯйи ночорӣ гоҳе бо шамъу фонус ва муҳаррикҳои барқдиҳанда ин марҳиларо паси сар мекунанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” аз сокинон хостааст, аз барқ сарфакорона истифода кунанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд, зеро ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, меъёри интиқоли барқ на аз рӯи соат, балки киловатт.соат муайян карда шудааст ва “ҳар қадар барқ сарфакорона истифода бурда шавад, муддати истифодаи он зиёд мешавад.”

Навори видео инҷост:

Аз имрӯз қимати нерӯи барқ барои аҳолӣ, ширкату корхонаҳо ва пойгоҳҳои обкашонӣ, низ боло бурда шуд. Аммо ин қиматшавӣ ба ширкати аллюминиюми Тоҷикистон ё Талко рабт намегирад. Талко - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон - нерӯи барқро бо қимати имтиёздор дарёфт мекунад. Ин корхона аз 1 май то 30 сентябр барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 7,2 дирам ва дар фасли зимистон, яъне аз 1 октябр то 30 апрел, барои ҳар киловатт-соат 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.

Бар пояи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки онро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 октябри имсол имзо кард, қимати як киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам боло бурда шуд. Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” низ ин хабарро дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки қимати нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатӣ 35,65 дирам, барои пойгоҳҳои обкашонӣ дар тобистон 2,55 ва дар фасли сармо 9,55 дирам муқаррар шудааст.

Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад. Вазъ бахусус дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ бад аст, ки баъзе манотиқаш то чанд рӯз аз нерӯи барқ пурра маҳрум мешаванд.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нерӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба иттилои расмӣ, навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG