Пайвандҳои дастрасӣ

СБП: Роғун набояд аз ҳисоби буҷа сохта шавад


Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун. Акс аз соли 2008

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун. Акс аз соли 2008

Сандуқи пул мегӯяд, аз ҳисоби буҷаи давлатии Тоҷикистон идома додани сохтмони нирӯгоҳи Роғун салоҳи кор нест, балки иҷрои қисматҳои дигари ин буҷа, бахусус хароҷоти соҳоти иҷтимоиро зери зарба қарор медиҳад.

Сандуқи байналмилалии пул (СБП) мегӯяд, харҷи сармояҳои ҳангуфти буҷаи Тоҷикистон дар бунёди Роғун ба бахшҳои дигари иқтисод зарба мезанад. Ин ниҳоди байналмилалии молӣ ба Тоҷикистон машварат додааст, ки барои бунёди тарҳи ба ин бузургӣ, ки аз 5 то 6 миллиард долларро тақозо мекунад, сармоягузор ёбад.

Ҷонатан Дан, роҳбари минтақавии Сандуқи байналмилалии пул, ки таи сафареро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, рӯзи 19− уми ноябр дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт: “Сохтмони нерӯгоҳои Роғун бино бар арзёбиҳо, 5 − 6 миллард долларро тақозо мекунад, ки баробари 55 то 65 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонаи кишвар аст. Амалӣ кардани ин тарҳ ҷои хароҷоти ҳатмии иҷтимоии дигарро мегирад.”

Ҷаноби Дан мегӯяд, бунёди Роғун барои Тоҷикистон сӯдовар аст, аммо сохтмони он аз ҳисоби будҷаи кишвар боиси ташаннуҷ дар пардохти қарзи хориҷӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мешавад.

Ҷонатан Дан, ки рӯзи 19 ноябр баъди силсиламулоқотҳояш бо сарони идораҳои блоки иқтисодии кишвар бо хабарнигорон дидор дошт, гуфт, коҳиш ёфтани нархи алюминий ва нахи пахта аз як сӯ ва кам шудани пулҳои интиқолии муҳоҷирон ва уфти қурби рубл аз сӯи дигар, рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба кундӣ мебарад. Ба пешгӯии ӯ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6, 4 дарсад қарор хоҳад гирифт, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 7, 4 дарсад буд.

1,6 миллиард - барои Роғун

Дар тарҳи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун 1,6 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр зимни муаррифии тарҳи будҷа дар Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми хароҷот барои сохтани ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим дар соли оняда назар ба соли равон 260 миллион сомонӣ, ё беш аз 16 фоиз афзоиш дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи оқои Қурбонов, барои рушди соҳаи энерживу сӯзишвории Тоҷикистон дар буҷаи соли оянда 2,8 миллиард сомонӣ, яъне беш аз ним миллиард доллар ихтисос дода мешавад.

Ҳаҷми қисми джахли будҷаи соли 2015-уми Тоҷикистон 15,3 миллирд сомонӣ, яъне ҳудуди 2,8 миллиард доллар, ё 10 дарсад бештар аз будҷаи соли 2014 пешбинӣ шудаааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бояд соли оянда танҳо барои хидматрасонии қарзҳои хориҷиаш, яъне баргардондани ин қарзҳо ва супурудани фоизи онҳо, 873,1 миллиард сомонӣ, муодили 172 миллион доллар аз буҷааш харҷ кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки ин кишвар ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ нирӯ рӯбарӯ мешавад ва аксари манотиқаш аз моҳи октябр то моҳи апрел дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд, ба ин далел мавриди интиқоди пайвастаи мухолифин ва мардумаш қарор дорад. Душанбе ҳоло бунёди нирӯгоҳи азири Роғун бо 335 метр баландии сарбанд, 3,7 мегавват иқтидори ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ дар солро танҳо роҳи халосии худ аз фишори лимити барқ мешуморад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфта, ҳукумати Шӯравӣ барои сохтмончиёнаш ҳатто шаҳракеро бо ҳамин ном бино кард. Аммо аз поёни солҳои 80, вақте фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзторӯз яқинтар мешуд, маблағгузории сохтмони Роғун аз сӯи Маскав коҳиш ёфта, аз соли 1992, баъди суқути Шӯравӣ пурра қатъ шуд. Як қисми бунёдшудаи сарбанди Роғунро дар баҳори соли 1992 сел бурд ва нақбҳои обпартояшро ҳам пур аз гил кард.

Ҳоло танҳо барои сохтани сарбанди ин нирӯгоҳ 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввали нирӯгоҳи Роғун, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст, ки худи Тоҷикистон ба маҳзи дасти кӯтоҳи молиаш надорад. Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст.

Дар соли 1992 Покистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати вақти президент Раҳмон Набиев барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоя дод, вале оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин ваъдаро нақше бар об кард. Бархе то ҳол иддао доранд, ки як сабаби оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳз маҳрум шудани Маскав аз луқмаи Роғун дар сурати иҷро шудани ин қарордод бо Исломобод буд.

Олег Дерипаска (аз чап) бо вазири вақти энержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳамадов. Душанбе, соли 2006

Олег Дерипаска (аз чап) бо вазири вақти энержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмуҳамадов. Душанбе, соли 2006

Дар соли 1994 ҳукумати Русия бо имзои як созишномаи байниҳукуматӣ сохтмони Роғунро бар ӯҳда гирифт, вале дар муддати 10 соли баъдӣ барои иҷрои ин қарордод коре анҷом надод. Русия дар соли 2004 бо имзои қарордоди нав бо ҳукумати Тоҷикисчтон аз номи ширкати “РусАл”-и миллиардери ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска барои сохтани обанбори Роғун ваъдаи 600 миллион доллар кард. Аммо ин созишнома ҳам ба далели гӯё ихтилофи назари ҷонибҳо бар сари баландии сарбанди нирӯгоҳ ва таркибе, ки ин сарбанд бояд сохта мешуд, дар рӯи қоғаз монд.

Баъди солиёни талошҳои бенатиҷаи ҷустуҷӯи сармоягузорони хориҷӣ ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2010 мустақилона ба идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун бо ваъдаи фоида аз фурӯши баъдии барқи ин нирӯгоҳ аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо зери 900 миллион сомон, ба қурби 4 соли пеш муодили 186 миллион доллар, ҷамъ овард. Аммо маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун баъди ҳамагӣ 3 моҳ таҳти фишорҳои кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахсус Узбакистон, ки шадидан мухолифи сохтани ин нирӯгоҳ ва ҳар навъ нирӯгоҳи азими дигар дар минтақа аст, қатъ шуд ва ҳукумати Тоҷикистон анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои иҷтимоиву зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд.

Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли равон, яъне баъди 4 сол, натиҷаҳои ташхисашро нашр кард, ки мегӯяд, ба сурати умум, тарҳи Роғун кадом паёмади манфии ҷаддиӣ надорад. Коршиносони бонк ҳамчунин сохтани нирӯгоҳ бо баландии 335 метрро, ки Душанбе мехоҳад, муносибтар аст, чунки имкон медиҳад, нирӯгоҳи Роғун нирӯи барқи бештаре тавлид ва бозорҳои ташнаи барқи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистону Покистонро бо нирӯи барқ таъмин кунад.

Акнун бо дарёфти “ок”-и Бонки ҷаҳонӣ, ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи Роғун ба ҳамон нуқтае баргашт, ки дар соли 2010 қарор дошт, яъне ҷустуҷӯи сармояи лозим барои бунёди нирӯгоҳе, ки бояд билохира лимити барқро дар ин кишвар ба афсона табдил диҳад. Аммо бо гузашти қариб 3 моҳ аз эълони натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ, ҳанӯз дар бораи кадом пешрафте дар амри пайдо кардани манбаи маблағгузории Роғун хабаре нашр нашудааст. Коршиносон мегӯянд, ин дуусаду сесад миллионе, ки аз буҷа барои ин сохтмон ҷудо мешавад, бештар сарфи корҳои нигоҳдорӣ хоҳанд шуд, вале барои бунёди сарбанд ва худи нирӯгоҳ кофӣ нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG