Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бо мақомоти тоҷик дар баробари мубориза бо таҳдидҳои муосир масъалаи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқро ҳам баррасӣ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, бо мақомоти Тоҷикистон роҳҳои таъмини пурраи аҳолӣ бо нерӯи барқ дар панҷ соли ояндаро баррасӣ кардааст. Ҷон Керрӣ рӯзи 3 ноябр, баъди анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо аз мушкилоти Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо барқ ва баҳси Тошканд бо Душанбе бар сари бунёди нерӯгоҳи бузург огоҳанд ва бинобар ин роҳҳои гуногуни таъмини аҳолӣ бо барқро машварат кардаанд.

"Роҳҳои гуногун намудани сарчашмаҳои таъминоти барқро дар Тоҷикистон баррасӣ кардем. То дар панҷ соли оянда лоиҳаҳоеро амалӣ кунем, ки Тоҷикистон ҳам аҳолии худро бо барқ таъмин кунад ва ҳам ба Афғонистонро нерӯи барқ диҳад," -- афзуд Ҷон Керрӣ.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҳоло Тоҷикистон дар маркази манфиатҳои стратегии Русияву Амрико қарор дорад ва дар сурати истифодаи дуруст аз рақобати абарқудратҳо кишвар бо кумаки Амрико метавонад масъалаи таъмини аҳолиаш бо нерӯи барқро барои ҳамешагӣ ҳал кунад. Ҳомидҷон Орифов, роҳбари Маркази "Сарбандҳои бузург" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 3 ноябр гуфт, Тоҷикистон бояд аз ин фурсат ба хубӣ истифода барад.

Ӯ афзуд, "ҳоло рӯ "ба пистони Русия" ҳастем. Аммо ин “пистон” кайҳо боз ба мо ғизо намедиҳад. Амрико ҳоло талош дорад кишварҳои минтақаи Осиёи миёнаро "аз ин пистон" ҷудо кунад, ин ҳадафи стратегиаш аст. Бо истифода аз ҳамин фурсати нозук мо бо кумаки Амрико бояд нерӯгоҳоямонро бисозем. Бо назардошти ин вазъият мешавад ба гуфтаҳои Амрико дар марвиди кумак дар бархши энержӣ бовар кард."

Ҷаноби Орифов мегӯяд, дар шароите ки рақобати абарқудратҳо дар минтақа тезутунд мешавад, кишварҳое мисли Тоҷикистон бо нигоҳ доштани “сиёсати дарҳои боз” бояд моҳирона аз ин фурсат истифода баранд ва аз ин тариқ мушкилоти дохилии худро ҳал кунанд.

​Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷон Керрӣ дар "Кохи Миллат"-и шаҳри Душанбе гузашт. Вазири корҳои хориҷии Амрико ба Тоҷикистон пас аз мулоқоташ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Самарқанд дар доираи муколамаи “С5+1” ва боздидаш аз Остона омад. Дар мулоқоти котиби давлатӣ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ эҳтиром ба тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва мустақилияти кишварҳои минтақа дар сархати эъломияе буд, ки тарафҳо қабул карданд.

Бархе аз коршиносон таъкид болои ин нуктаро ба таҳаввулоти Украина, дахолати Русия ба умури ин кишвар, махсусан ҷудо кардани Қрим аз Украина ва афзоиши таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон кишварҳои минтақа рабт медиҳанд

Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсии минтақа, рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ки пуштибонии Амрико аз истиқлолияти кишварҳои Осиёи Миёна ба хатарҳои ношӣ аз Афғонистон рабт дорад. “Ҳоло аксарият дар мавриди хатарҳои Афғонистон мегӯянд. Вашингтон, ки солҳо масъули таъмини амният дар ин кишвар буд, мехоҳад кишварҳои Осиёи Миёнаро мутмаин кунад, ки Амрико қасди ба ҳам задани марзҳоро дар минтақа надорад ва нерӯҳоеро ҳам, ки ин ниятро доранд, пуштибонӣ нахоҳад кард”, – афзуд ӯ.

Тавре дар иттилоияи расмии Департаменти давлатии Амрико омадааст, Керрӣ дар мулоқоташ бо вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо ваъдаи тақвияти барномаи рушди иқтисодии минтақа тарҳҳоеро бо номи “Роҳи нави абрешим” ду барномаи комилан нав − “Истифодаи оқилонаи об” ва “Тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал”-ро пешниҳод кард.

​Мавзӯи тақсимоти оби дарёҳои фаромарзӣ дар Осиёи Миёна солҳост аз мавзӯъҳои доғ боқӣ мемонад ва Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар як суханрониаш гуфта буд, ин масъала “метавоналд боиси сар задани ҷанг дар минтақа шавад”.

Дубнов мегӯяд, то ба ҳол ҳеч яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати миёнравӣ дар ҳалли ин масъала даст ба кор нашуда буданд ва Амрико аввалин шуда даст ба чунин иқдоме зад. Вай афзуд: “Аммо ба гумон аст, Амрико дар ин масъала муваффақ шавад, чунки масъала аз тақсимоти оби кишварҳои Осиёи Миёна дида болотар аст. Ин ихтилоф бармегардад ба муносиботи шахсии раиси ҷумҳурони кишварҳои минтақа. То замони дар сари қудрат будани онҳо ҳосил шудани пешрафте дар ин масъала баъид ба назар мерасад.”

Аммо Аркадий Дубнов афзуд, фаъолии Амрико дар Осиёи Миёна, ки минтақаи зери нуфузи Русия шинохта мешавад, Кремлинро ба ташвиш меорад ва ин ба истилоҳ “санг ба полези Русия” аст.

Ин нахустин сафари Ҷон Керрӣ дар 2,5 ним соли вазири корҳои хориҷӣ буднаш ба Осиёи Марказӣ аст. Амрико ҳоло муносибатро бо панҷ кишвари минтақа аз зовияи нав бунёд карданист. Вобастагии Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо 15 соли пеш камтар шудааст. Зеро акнун Амрико ба хотири пешбурди маъракаи низомиаш дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа камтар муроҷиат мекунад.

Аммо Амрико барои ҳифзи нуфузаш дар Осиёи Миёна ба панҷ кишвари минтақа ниёз дорад. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик ҳам мегӯяд, як ҳадафи аслии сафари котиби давлатӣ эҷоди тавозун дар байни нуфузи Амрико ва Русия аст. Муносибатҳои дипломатии Амрико ва Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз меёбанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG