Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон баъди ҳукми Мурсӣ: "Миср ба даврони бостон баргаштааст"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар эътироз ба ҳукми қатли Муҳаммад Мурсӣ гуфт, Миср ба даврони қадим бозгаштааст. Афви Байналмилал ин ҳукмро талоши поксозии мухолифони сиёсии мақомоти Миср донист.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи шанбе бо эътироз ба ҳукми қатли Муҳаммад Мурсӣ, президенти барканоршудаи Миср гуфт, ки ин кишвар ба даврони бостон ё қадим бозгаштааст. Ӯ, инчунин, Ғарбро муттаҳам кард, ки чашми худро ба рӯйи воқеаи сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ бастааст.

Созмони Афви Байналмилал ё Amnesty International ҳам эълон кард, "судури чунин ҳукм гувоҳӣ бар вазъияти таассуфовари низоми додгоҳии Миср ҳаст". Ба қавли раҳбарони ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, "ҳукми эъдом барои поксозии мухолифони сиёсии мақомоти Миср табдил шудааст".

Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи Миср, рӯзи 16 май бо иттиҳоми даст доштан дар фирори дастҷамъии маҳбусон аз зиндон дар соли 2011 маҳкум ба эъдом ё қатл шуд. Додгоҳи ҷиноии шаҳри Қоҳира

Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ

ҳукми Мурсӣ ва боз чанд раҳбари гурӯҳи "Ихвон-ул-муслимин"-ро аз рӯи ду парванда – хиёнат ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ ва фирори дастҷамъона аз маҳбас дар чаҳор соли пеш эълон кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳукм оид ба хиёнат ба давлату ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ аз Муҳаммад Мурсӣ ном бурда нашудааст ва аммо номи ӯ миёни 106 нафарест, ки дар робита ба фирор аз зиндон рӯзи 25 январи соли 2011 муҷозот шудаанд. Бар асоси қонунҳои Миср ҳукмҳои эъдом ба муфтии ин кишвар низ фиристода мешаванд, ки нақши машваратиро дорад. Афроди маҳкумшуда метавонанд ҳатто пас аз эълони назари мусбати муфтӣ барои иҷрои ҳукми эъдом эътироз кунанд ва барои бозбинии ҳукм шикоят баранд.

Бо ин ҳол, мушаххас нест, ки оё Муҳаммад Мурсӣ мехоҳад бозбинии ин ҳукмро тақозо кунад, ё на. Вакили мудофеи ӯ ба расонаҳо гуфтааст, "агар ӯ тасмим бигирад, ки ба ҳукми содиршуда эътироз кунем, он вақт дархост хоҳем кард. Аммо агар ӯ ҳамчунон ин додгоҳро ба расмият нашиносад, мо дархост намекунем."

Муҳаммад Мурсӣ, дар пайи инқилоби соли 2011 ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд ва нахустин сарвари Миср аст, ки дар натиҷаи интихоботи демократӣ сари қудрат омада, танҳо як сол тавонист, дар ин маснад боқӣ монад. Расо баъд аз як соли раҳбарияш – моҳи июли соли 2013 низомиён ӯро аз мақом барканор карданд. Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи "Ихвон-ул-муслимин", ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Як сол боз раёсати ҷумҳури ин кишварро Абдулфаттоҳ Сисӣ бар ӯҳда дорад, ки дар интихоботи соли гузаштаи президентӣ дастболо шуд.

Моҳи апрели соли равон Муҳаммад Мурсӣ барои фармони боздошту шиканҷаи эътирозгарон дар маҳбас ба 40 соли маҳбас маҳкум шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG