Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ Путинро ба Қоҳира бурд?


Ба назари таҳлилгарон, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар сафари дурӯзаи худ ба Миср, хост нишон бидиҳад, ки бӯҳрони Украина Маскавро дар инзивои ҷаҳонӣ қарор надодааст.

Сафари раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Миср ду рӯз давом кард ва гуфта мешавад, ки Маскав хост нишон бидиҳад, ки ҷанҷолу хархаша дар Украина, ҳеҷ таъсире ба муносибатҳои ин кишвар бо ҷаҳони хориҷ ворид накардааст. Ин нахустин бор пас аз рӯи кор омадани Абдулфаттоҳ Сисӣ, ба мақоми президенти Миср ва аввалин бор пас аз ҳодисаҳои солҳои гузаштаи ҷаҳони араб аст, ки як раиси ҷумҳури Русия ба Миср сафар кардааст. Путин охирин бор даҳ сол пеш замони раёсати ҷумҳурии Ҳусни Муборак, ба Миср сафар карда буд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, ҳар қадар, ки Миср аз Амрико дур шудааст, ҳамон андоза барои густариши нуфузи Русия роҳро боз кардааст. Нозирони умур мегӯянд, ки нохушнудии ҳукумати нави Миср аз дахолати чаҳор соли пеши Барак Обама дар умури Миср ва дархости ҷиддии ӯ дар моҳи январи соли 2011 аз Ҳусни Муборак барои канор рафтан аз қудрат, ҳукумати Абдулфаттоҳ Сисиро, ки то ҳадди зиёде давомдиҳандаи сиёсатҳои даврони Ҳуснӣ Муборак аст, ба Русия наздик

Акси Путин дар хиёбонҳои пойтахти Миср.
Акси Путин дар хиёбонҳои пойтахти Миср.

кардааст. Ба гуфтаи ин нозирон, Русия низ аз сардии равобити Миср бо Амрико истифода бурда ва талош кардааст, то ҷойгоҳи худро дар Миср ва Шимоли Африқо мустаҳкам намояд.

Амрико дар таҳаввулоти тобистони соли 2013-и Миср, ки ба барканории Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи "Ихвонулмуслимин" ва ба қудрат расидани Сисӣ анҷомид, нохушнуд буд ва ҳамкориҳои зиёди тиҷоратӣ ва низомии худро бо Миср қатъ кард ва дар ду соли гузашта низ дар пайи муҳокимаи чеҳраҳои саршиноси гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" дар Миср, аз ҳукумати ин кишвар интиқод кардааст. Нозирон мегӯянд, ки Миср бо нохушнудӣ аз ин сиёсатҳои Кохи Сафед, Русия ва шахси Путинро ба яке аз ҳомиёни муҳими ғайри араби худ мубаддал кардааст.

Миср танҳо дар замони ҳукумати Ҷамол Абдулносир аз сӯи Иттиҳоди Шӯравии вақт ҳимоят мешуд, аммо пас аз ба сари қудрат омадани Анвар Содот ва сипас ҳукумати сисолаи Ҳуснӣ Муборак, ин кишвар ҳампаймони Амрико ба шумор меомад. Генерал Сисӣ, ки тобистони соли гузашта расман аз Маскав дидор кард, гуфта буд, ки бо Русия қарордодҳои калони хариди аслиҳаро имзо хоҳанд кард. Ин пешниҳоди Сисӣ аз сӯи Русия хуш пазируфта шуда буд.

Таъсиси як минтақаи тиҷоратии муштарак дар наздикии канали Суэз, бо ширкати пеш аз ҳама Миср ва Русия ва сипас ҳамроҳ шудани Қазоқистон ва Белорус ба он, дар музокироти раҳбарони ин ду кишвар баррасӣ шудааст. Миср аз тобистони соли гузашта тарҳи бузурги чаҳор миллиардӣ барои густариши канали Суэзро оғоз кардааст.

Масъалаи Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, дар ҳоле ки Либия -- ҳамсояи Миср дар хушунат ва нооромӣ ба сар мебарад ва густариши хатарҳо аз пешравии гурӯҳи "Боку Ҳаром" дар Нигерия, ва хатарҳои онҳо барои Чад ва Камерун низ дар гуфгугӯҳои раисони ҷумҳури Миср ва Русия баррасӣ шудааст.

Миср, ки дар якуним соли ахир то ҳадди зиёде аз нооромиҳои солҳои гузашта дур шуда буд, дар рӯзҳои гузашта бо як силсила нооромиҳо ва таркишҳои пароканда дар чанд шаҳр ва ҳамчунон ҳамлаҳои хунини гурӯҳҳои ҳампаймон бо созмони "Давлати исломӣ" дар саҳрои Синой, рӯбарӯ шудааст. Даҳҳо нафар аз низомиёни мисрӣ ба дасти нерӯҳои "Хилофати Синой", ки шохаи мисрии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст, кушта шудаанд.

Сафари Путин ба Миср дар ҳоле сурат гирифт, ки кишвараш бо таҳдиди таҳримҳои зиёдтар аз сӯи Ғарб ба хотири дахолат дар бӯҳрони низомии Шарқи Украина рӯбарӯ аст. Путин дар ҳоле мекӯшад нуфузи Русия дар Миср ва Шимоли Африқоро густариш диҳад, ки ин эҳтимол матраҳ аст, ки Ғарб, ба хусус Амрико дар сурати ҳал нашудани ҳали мусолиматомези қазияи Украина, ба ҳукумати марказии Украина кӯмаки низомӣ намояд.

XS
SM
MD
LG