Пайвандҳои дастрасӣ

Номи Юсуфи Қарзовӣ дар рӯйхати "Интерпол" бо талаби Миср


Номи Юсуфи Қарзовӣ, яке аз машҳуртарин донишмандон ва рӯҳониёни ҷаҳони ислом дар замони муосир, дар рӯйхати пулиси байналмилал ё "Интерпол" қарор гирифтааст.

Ҳукумати Миср аз "Интерол" ё пулиси байналмилал тақозо кардааст, ки Шайх Юсуфи Қарзовӣ, яке аз машҳуртарин донишмандони улуми исломӣ дар замони муосирро дар пайгарди қонунӣ қарор бидиҳад. Ин рӯҳонии 88-солаи мисрӣ, ки шаҳрванди Қатар мебошад, ба як қатор иттиҳомот, аз ҷумла кӯмак ба қатлу куштор, тахрибкорӣ ва фирори зиндониён аз маҳбас дар охирин рӯзҳои ҳукмронии Ҳуснӣ Муборак, гунаҳкор дониста мешавад. Мақомоти Миср ӯро ба таври ғоибона ба ҳабс маҳкум кардаанд.

Юсуфи Қарзовӣ аз мунтақидони сахти ҳукумати Миср бо раҳбарии Абдулфаттоҳ Сисӣ ва аз пуштибонони ҳукумати исломгарои Муҳаммад Мурсӣ мебошад, ки дар тобистони соли гузашта сарнагун шуд. Ӯ президенти кунунии Миср Абдулфаттоҳ Сисиро ба қатли садҳо тазоҳургар дар Майдони Робиа дар маркази Қоҳира, ки тарафдорони гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” буданд, гунаҳкор кардааст.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти Миср аз Қатар хостанд, ки Юсуфи Қарзовиро истирдод намояд ва ҳоло аз "Интерпол" тақозо карданд, ки ӯро боздошт намояд. Дар саҳифаи расмии "Интерпол" низ ҳоло исми Юсуфи Қарзовӣ ворид карда шудааст, ки бо талаби Миср ва мавриди пайгард қарор дорад.

Юсуфи Қарзовӣ аз солҳо ба ин тараф дар Қатар зиндагӣ мекунад ва бо андешаҳои муътадилаш машҳур аст дар факултаи шаръиёти Донишгоҳи Доҳа дарс мегӯяд. Китобҳои ӯ дар миёни афроди ҳаракатҳои исломӣ дар ҷаҳони араб ва берун аз он ҳамчун адабиёти муътабар пазируфта шудаанд. Ӯ ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии "Алҷазира" дар барномае бо номи "Шариат ва ҳаёт" зоҳир мешавад ва роҷеъ ба масоили муҳим аз дидгоҳи шариати исломӣ, андешаҳои худро иброз медорад.

Ворид шудани номи Юсуфи Қарзовӣ ба рӯйхати "Интерпол" дар ҳолест, ки дар боҳори соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн дар эътироз ба он чи "мудохилаи Қатар дар умури дохилиашон" зикр кардаанд, сафирони худ аз он кишварро фаро хонда буданд. Қатар аз ҳомиёни ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин" аст, ки фаъолияти он дар бештари кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс мамнӯъ аст.

Аз сӯи дигар, ин кишвар мизбони донишманди маъруфи мусалмон Юсуфи Қарзовӣ аст, ки дар хутбаҳои намози ҷумъаи Доҳа, сиёсатҳои ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форсро мавриди интиқод қарор медиҳад. Қаблан ин кишварҳо аз Қатар хоста буданд, ки Шайх Қарзовиро аз Қатар ихроҷ намояд.

Таниш миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба вижа пас аз сарнагунии ҳукумати мунтахаби Миср, ки Муҳаммад Мурсӣ дар раъси он қарор дошт, бештар шуд. Қатар аз пуштибонони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ буд ва барои дар ҳолати эътидол нигаҳ доштани иқтисоди Миср миллиардҳо доллар кӯмак карда буд.

Аз сӯи дигар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо сармояҳои ҳангуфти худ дар суқути ҳукумати исломиҳо дар Миср дасти дароз доштанд ва ба ҳукумати низомиёни Миср бо раҳбари Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, беш аз 12 миллиард доллар кӯмак кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG