Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастгоҳи нави зилзиласанҷӣ дар Ваҳдат қадами одамонро ҳам ҳисоб мекунад (ВИДЕО)


Пойгоҳи зилзиласанҷии "Симиганҷ", ки баъди 25 сол бо сармояи Тоҷикистон ва ёрии Амрикову Канада барқарор шуд, яке аз пойгоҳҳои нодири ҷаҳон дониста мешавад. Ин пойгоҳ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, ба қавли масъулони Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Тоҷикистон, ба ҷуз аз сабти доимии зилзила, инчунин, ҳамагуна ҳодисаву ҳаракати хурдтарин дар табиатро бо дақиқ кардани ҷойи ҳодиса ба қайд мегирад.

Таҷҳизоти нави пойгоҳи "Симиганҷ", ки бо харҷи як миллион сомонӣ аз Амрикову Канада оварда шудааст, дар туннели садметрӣ ҷойгир аст. Як ҳафта ин пойгоҳ ба таври озмоишӣ фаъолият дошт ва ҳоло зилзилаҳои хурду бузурги кураи Заминро ба таври онлайн ё зинда нишон медиҳад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, мудири Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмология, рӯзи 15 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тамоми ҳаракатҳое, ки дар замин рух медиҳад, ин пойгоҳ метавонад, ба қайд гирад. "Ҳатто қадаме, ки мо мезанем, ба қайд мегирад. Рафтуомади мошинҳо, ҳаракати тармаҳо, ҳамаи ҳаракатҳои табиатро ба қайд мегирад. Як сония вақт лозим аст, ки аз ин дастгоҳ ба компютери аввали нақб маълумот расад ва аз онҷо ба хадамоти геофизикӣ ва дигар сохторҳое, ки лозим аст, равона шавад". - афзуд ӯ.

Ҳамаи таҷҳизоти ин пойгоҳ ба таври худкор шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ кор мекунанд. Дар сурати қатъ шудани барқ батареяҳое дар онҳо насб шудаанд, ки тавони то як сол бо нерӯи барқ таъмин кардани ин дастгоҳҳоро доштаанд.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ, раҳбари Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дастгоҳҳои замони Шӯравӣ бо коғаз кор мекарданд ва дар як моҳ як бор натиҷагирӣ мешуд, аммо ҳоло лаҳза ба лаҳза. Ӯ гуфт, "тамоми он корҳое, ки қаблан дастӣ анҷом дода мешуд, имрӯз ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳам бақайдгирӣ, ҳам коркард ва ҳам натиҷагирӣ. Ҳар заминҷунбие, ки дар кураи замин рух медиҳанд, мо имкон дорем, чуқурии заминларза, магнитуда ва тамоми хосиятҳои заминларзаро, ки сабаби зилзила шудаанд, пурра гуфта тавонем."

Расадхонаи “Симиганҷ” ҳаштумин пойгоҳи зилзилашиносӣ дар Тоҷикисон аст. Пойгоҳи зилзилашиносии Симиганҷ аввали солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шуда, вале 25 соли ахир фаъолият надошт ва он ҳам мисли дигар пойгоҳу марказҳои илмии кишвар замони даргириҳои дохилӣ дар солҳои 90-ум аз кор бозмонда буд. Тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои ин пойгоҳ ҳам он замон нобуд карда шудаанд.

Барқарорсозии “Симиганҷ” дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки заминларзаҳои пайиҳаму пуршиддат дар кишвар тайи ду соли охир мардуми зиёдро нигарон кардааст. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар даҳҳо заминларзаи шиддаташон мухталиф сабт мешавад. Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 11 ҳазор заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7 декабри соли гузашта, ки низ Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаашро такон дод, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон, бештар аз ҳама дар водии Бартанг тахриб шуд. Аммо масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон чунин заминларзаҳоро ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва кӯли Сарез дар Бадахшон хатарбор намедонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG