Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзила Тоҷикистонро такон дод


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Маркази зилизиласанҷии Тоҷикистон аз ларзиши замин дар қаламрави ин кишвар хабар дод.

Аз маркази зилзилашиносии Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 17-уми январ зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "заминларза соати 16 - 15 дақиқаи вақти маҳаллӣ 16-уми январ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон сабт гардид.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, маркази заминларза 20 км дуртар аз марзи Афғонистон дар ҷануби Тоҷикистон ва дар 160 километрӣ аз Душанбе воқеъ гардидааст.

Ба ин тартиб, ба иттиллои Маркази зилзизасанҷии Академияи улуми Тоҷикистон қувваи заминларза дар ноҳияи Панҷ, ки ба маркази он наздик будааст, 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

То кунун дар бораи талафот ва хисорот дар пайи ин заминларза гузориш нашудааст.

Рӯзи 12-уми ноябри соли гуашта ҳам дар ин минтақа заминҷунбии 4 балл ба қайд гирифта шуда буд. Аз Маркази зилзиласанҷӣ хабар дода буданд, ки соати 9 -у 21 дақиқаи шаби 12-уми ноябр заминҷунбӣ бо марказаш, ноҳияи Шаҳритус, дар 140 километрии ҷанубу ғарби Душанбе ва 20 километрӣ дуртар аз ин ноҳия рух додааст. Ин манбаъ афзуд, қувваи заминларза дар маркази он 4 дараҷа буда ва сокинони Қабодиён, Вахш ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон онро эҳсос карданд. Аммо ба иттилои ин масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, қувваи заминҷунбӣ дар шаҳри Душанбе 2 бал сабт шудааст.

Зилзилаи шадид дар соли гузашта рӯзи 10-уми ноябр, ки марказаш атрофи шаҳри Ваҳдат буд рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон пас аз заминларзаи 10-ноябр хабар дода буд, ки тайи як шабонарӯз се маротиба замин ҷунбидааст, аммо хисорот асосан зимни зилзилаи соати 10 – и субҳи 10-уми ноябр дар навоҳии Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ёвон ба миён омадаанд. Дар ду мавриди дигар, соати 17-и рӯзи 10-уми ноябр ва соати 7-и рӯзи 11-уми ноябр хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба ин манбаъ, маркази зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расид, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Дар пайи зилзилаи 10-уми ноябр беш аз 400 манзили истиқоматӣ вайрон шуд.
XS
SM
MD
LG