Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи Непал, ҳушдор ба ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон


Заминларзаи вайронгар дар Непал, ки ҳазорон хонаро вайрон карда ва даҳҳо ҳазор нафарро кушт, ба гуфтаи мутахассисон бояд ҳушдоре ба ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон бошад, ки дар сохтани биноҳо саҳлангорӣ накунанд.

Тоҷикистон шояд яке аз камтарин кишварҳое дар ҷаҳон аст, ки мардумаш аз зиндагӣ дар табақаҳои болоии биноҳои баландошёна метарсанд ва ба зиндагӣ дар табақаҳои поёнӣ бартарӣ медиҳанд. Сабабашро пурсӣ мегӯянд, ки Худо накунаду заминларза шавад, гурехтану наҷот ёфтан осон аст. Ҳарфашон ҳам мантиқ дорад, зеро Тоҷикистон дар як гӯшаи зилзилахези курраи Замин ҷой гирифтааст ва хатари заминларзаҳои вайронгар дар инҷо, яъне Осиёи Марказӣ сол ба сол зиёдтар мешавад.

Ба гуфтаи зилзилашиносони минтақа, эҳтимол дорад, ки дар 30 соли оянда яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шоҳиди заминларзае шабеҳи Непал шавад, ки рӯзи 25-уми апрел рух дод ва 7000 нафарро кушт ва бештар аз 14 ҳазор тани дигарро маҷрӯҳ кард. Анатолий Ишук, аз Пажӯшишгоҳи зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, наздик омадани зилзила дар Осиёи Марказӣ фақат тахмин аст: “Хатари заминларза вуҷуд дорад, вале касе намедонад, ки кай ва бо кадом нерӯ ба вуқӯъ мепайвандад. Вале бояд бигӯям, ки дар Непал дар муқоиса бо Тоҷикистон заминларзаҳои сахттар рух медиҳад, зеро онҷо назар ба тоҷикистон аз назари сейсмикӣ фаъолтар аст. “

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам мисли Непал ингуна фалокатро дидаанд. Дар Туркманистон соли 1948 зилзила бештар аз 40 ҳазор нафарро кушт, Алмаато, пойтахти Қазоқистонро ду бор солҳои 1887 ва 1907 вайрон кард, Тошканди Узбакистон ҳам ду дафъа бар асари заминларза вайрон шуд. Дар минтақаи Ҳоити Тоҷикистон соли 1948 зилзила ҷони 25 ҳазор нафарро гирифт. Ҳар сол замини Тоҷикистон 3 ҳазор маротиба такон мехӯрад ва вале бо неруе, ки эҳсос намешавад.

Таҳқиқи зиёде дар бораи зилзилахезии минтақа анҷом шудааст ва ба гуфтаи мутахассисон бештар аз ҳама шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Душанбе дар баробари фалокати мудҳише ба мисли заминларза осебпазир аст. Зилзилашиносон ҳисоб кардаанд, ки дар сурати вуқӯъи заминларзаи 9 баллӣ, дар шаҳри Душанбе, мумкин аст, 30 ҳазор нафар кушта ва 120 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шаванд ва даҳҳо ҳазорон тани дигар бехонаву дар монанд.

Азбаски шаҳрҳои Тоҷикистон ва бахусус Душанбе ба як майдони бузурги сохтмонӣ табдил шудааст, мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки ширкатҳо барои фоида ва анҷоми зуди сохтмони биноҳои баландошёна шуда, ҷони ҳазорон инсонро дар хатар нагузоранд. Ҳоло дар кишвар даҳҳо ширкати бузургу миёнаи сохтмонии хориҷӣ аз ҷумла Эрону Чин ва ҳам ширкатҳои дохилӣ кор мекунанд, ки баъзе собиқадоранд ва баъзеи дигар нав ба майдон омадаанд ва собиқаи анҷоми тарҳҳои бузурги сохтмониро надоранд.

Ҳоло дар ҳар гӯшаи Душанбе хонаҳои баландошёна қомат меафрозанд ва бо вуҷуди бад шудани вазъи иқтисодӣ, кор дар бисёре аз онҳо идома дорад. Сатҳи пасти корҳои сохтмонӣ, норасоӣ дар конструксияҳо, тағйири худсаронаи лоиҳа ва беэътиноӣ ба тобоварии бино ба зилзила солҳои ахир сабаби ҳазар кардани мардум аз истиқомат дар биноҳои нав дар Душанбе шудааст.

Зафар Каримов, аз ширкати риэлтерии “Азия Реалти” ба Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта мардум бештар хонаҳои сохти шӯравиро мехариданд, чун онҳоро қавитару тобовар ба зилзила мешуморанд, аммо ҳоло қимати поини хонаҳои нав онҳоро ба суи худ кашидааст: “Сифат доштан ва ё надоштани хонаҳо ба фикрам баъди 10-20 сол маълум мешавад. Масалан беруни бино зери таъсири борону барф вайрон мешавад, дохилаш мешинад ва ё чизи дигар. Дар худамон баъзе аз ширкатҳо ҳангоми сохтмон аз арматураҳои хитоӣ истифода мебаранд, ки сифаташ паст аст, вале одаме, ки хона мехарад инро намедонад.”

Дар Душанбе хонаҳои нави зиёдеро мебинед, ки бо гузашти се-чаҳор сол гӯшаҳое аз деворҳояшон рехтаанд ва мисли биное ба назар мерасанд, ки 20 сол пеш сохта шудаанд. Ба гуфтаи намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, айби худи мақомоти ҳукуматӣ ҳам дар паст будани сифати биноҳо кам нест, ки ҳар сари чанд вақт омада маҷбур мекунанд, ки ин бино бояд рӯзи фалон ид ба истифода дода шавад. Ва бинокорон низ ноилоҷ меъёрҳои сохтмонро ба инобат нагирифта, бошитоб ва “ҳарому ҳалол” хонаро ба истифода медиҳанд.

Ба гуфтаи мутахассисон биноҳо дар Тоҷикистон бояд ба заминларзаи 8 дараҷаии ҷадвали Рихтер ҳам тобовар бошанд, вале инро фақат Худо медонаду бас. Баҳром Юсупов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ҳама меъёру муқаррароти амниятии сохтмонӣ муаяйн шудааст, ки ҳатман бояд ба инобат гирифта шавад: “Пеш аз ҳама геологҳо топографияи онҷоро меомӯзанд, мустаҳкамии замин ва ҳамаи дигар тарафҳоро омӯхта пешниҳод мекунанд. Баъд конструкторҳо, муҳандисҳо ва инженерҳо нисбат ба ҳамон хок лоиҳаро мутобиқ карда, таҳкурсии биноро мустаҳкам мегузоранд. Баъд аз анҷоми лоиҳа, ташхиси давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегузарад.”

Аммо ба гуфтаи Баҳром Юсупов, имкон дорад, ки ширкатҳои сохтмонӣ аз масолеҳи арзон истифода баранд ва назорати комили он ҳамеша муяссар намешавад. Як муҳандиси тоҷик, ки сохтмони биноҳои навсохт дар Душанберо назорат кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ширкатҳои эрониро, ки барои таҳкурсӣ сементи номувофиқро истифода карданд, маҷбур намуданд, ки тамоми сементи рехтаашонро канда ва аз нав бирезанд. Вале ба гуфтаи ӯ, бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ ба хатогиҳо дар сохтмонҳо вуҷуд дорад ва нозирон аксар вақт дар ивази хомӯшӣ аз ширкати сохтмонӣ “подош” мегиранд.

Дар Тоҷикистон, ҳоло маркази зилзиласанҷӣ фаъол аст, ки тайи чанд соли ахир бо таҷҳизоти наву рақамӣ муҷаҳҳаз шуд. Вале дастгоҳҳои навтарин ҳам ба касе аз зилзиласанҷони ҷаҳон имкон намедиҳанд, ки наздик шудани заминларзаи харобиоварро пешгуӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG