Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У.Тоҷиев то ҳол вакилашро надидааст


Умедҷон Тоҷиев (акс аз www.ozodagon.com)
Умедҷон Тоҷиев (акс аз www.ozodagon.com)

Вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, узви ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки бо ҷурми «ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ» боздошт шудааст, мегӯяд, 4 рӯз боз наметавонад бо зерҳимояаш мулоқот кунад.

Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи сокини Исфара Умедҷон Тоҷиев мегӯяд, ки аз рӯзи дархости мулоқот бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и Хуҷанд 4 рӯз мегузарад, вале то кунун иҷозаи мулоқот нагирифтааст .
«Аз рӯзи боздошташ то кунун на ман, на наздиконаш бо Умедҷон Тоҷиев мулоқот накардаем ва барои мо норӯшан аст, ки вай дар чӣ вазъ ва дар чӣ шароит қарор дорад?» - мегӯяд ин вакили мудофеъ.

Умедҷон Тоҷиеви сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рӯзи 30-юми октябр дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Вале рӯзи 2-уми ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст. Дар ҳафтаи гузашта пас аз табобат Умедҷон Тоҷиевро аз беморхона ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд.

Юсуф Дониёров мегӯяд, «дар беморхона ҳам маро нагузоштанд бо зерҳимояам мулоқот кунам ва пурсам, ки дар чӣ шароит ва барои чӣ аз ошёнаи сеюм ба замин афтодааст, вай худаш ҷаҳидааст ё ӯро аз боло сарозер кардаанд?, ҳанӯз барои мо норӯшан аст. Мақомот бояд манфиатдор бошад, ки ба миш-мишҳо поён дода шавад.» Вай гуфт, ки агар то поёни рӯз масъалаи мулоқоташ бо Тоҷиев ҳал нашавад, ба додситонии Хуҷанд шикоят хоҳад бурд.

Умедҷон Тоҷиев дар соли 2009-ум низ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт шуда буд. Ӯ баъди 3 рӯзи боздошт аз шадидан латукӯб шуданаш дар шӯъбаи милиса ба додситонӣ шикоят бурд ва пирӯз ҳам шуд. Наздиконаш мегӯянд, мақомот шояд барои ситондани интиқоми он "нокомӣ"-и 4 сол пеши худ дигарбора ба ҷони Умедҷон Тоҷиев дарафтодаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки вазири дохила Рамазон Раҳимов санҷиши хидматии қазияи аз қабати сеюми бинои милисаи Исфара афтодани Умедҷон Тоҷиевро тақозо кардааст. Ба дунболи ин санҷиш, аз муҷозоти чанд корманди милисаи Исфара низ гузориш расид. Вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дод, ки «тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ, барои дағалона вайрон намудани талаботи низомномаҳои ВКД Тоҷикистон, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ҷаҳидани дастгиршуда Тоҷиев У И., аз тирезаи бинои ШВКД гардидааст, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд». Аммо шумори дақиқ ва исму мақоми барканоршудаҳо ва ҳамин тавр, далели муҷозоти онҳо то ҳол гуфта нашудааст.

Қазияи Умедҷон Тоҷиев дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҲНИТ - умдатарин ташаккули мухолифин дар Тоҷикистон - дар ин авохир аз афзоиши таъқибу фишор алайҳи аъзо ва тарафдоронаш пайваста шикоят мекунад. Масъулони ҳизб мегӯянд, ин таъқибот дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи 6 ноябр доир шуд, бештар шуда буд.

Модари Умедҷон Тоҷиев аз президенти Тоҷикистон кумак хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG