Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳусайнӣ: Пешниҳоди барҳам додани ҲНИТ фармоишист


Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, пешниҳоди бастани ҳизби онҳо дар намози ҷумъа фармоишист. Рӯзи ҷумъа баъзе имомхатибон хостанд, ҲНИТ барҳам дода шавад.

Масъулони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъвати имом-хатибон барои бастани ин ҳизби динии сиёсӣ дар хутбаи намози ҷумъаро "фармоишӣ" донистанд. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳизб ба тамоми меъёрҳои байналмилалии як ҳизби сиёсӣ посухгӯст ва бастанаш далелҳои қотеъ мехоҳад.

"Бигзор, шӯрои уламо, кумитаи дин бо ширкати аҳли уламо ва намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ мизи гирд ташкил диҳанд ва ба исбот расонанд, ки ҲНИТ бар зарари амнияти кишвар ва садди пешрафти ҷомеа аст. Исбот кунанд, ки воқеан камбуди барқ дар фасли сармо, фаъол нашудани корхонаҳои муҳим дар кишвар, вуҷуди фасод дар идораҳои давлатӣ... низ ҳама айби ҲНИТ аст, марҳамат, ҳизбро бубанданд,"-афзуд ӯ.

Оқои Ҳусайнӣ таъкид кард, ҳизби онҳо аз пуштибонии мардумӣ бархӯрдор аст ва "ҳоло ҳукумат мехоҳад, дурӯғеро, ки гӯиё ҲНИТ 1,6 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардаст, рост нишон диҳад."

ГУФТУГӮ БО ЗУБАЙДУЛЛОҲИ РОЗИҚ:

Домулло Сайидакбар -- муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар намози ҷумъаи 27 март пешниҳод кард, ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, баста шавад. Ӯ аз намозгузорон хост, дар ин замина бояд дастҷамъона ба ҳукумат муроҷиат шавад, то мақомот роҳҳои қонунии бастани ҲНИТ-ро пайдо намоянд.

Чунин даъват дар ду масҷиди бузурги шаҳри Хуҷанд - масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва Нури ислом низ садо додааст. Ҳоҷӣ Ибодуллоҳ Калонзода, сархатиби масҷиди "Нури ислом" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим на барои сиёҳ кардани кадом гурӯҳи сиёсӣ, балки барои ҳифзи ваҳдат миёни мардум гирифта шудааст. Вай афзуд, "шояд ин даъвати мо аз нигоҳи кишварҳои ғарбӣ нодуруст бошад, аммо барои Тоҷикистон, ки рӯзҳои сахтеро дар оғози солҳои навадум паси сар кардааст, дуруст аст. Агар ҲНИТ барҳам хӯрад, ба ҳар ҳол як тафриқа аз байн хоҳад рафт."

Зоҳиран ин мавъизаи имомхатибон бар пояи матне ироа шудааст, ки субҳи 27 март бо имзои А.Мавлонов паҳн шуда, нусхае аз он дастраси Радиои Озодӣ низ гардид. Дар ин матн, ки аз чор саҳифаи андозаи А-4 иборат буда, "Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост" унвон дорад, пешниҳод шуда буд, то ҳизби наҳзати исломӣ барҳам хӯрад.

Муаллиф гуфтааст, вақти он расида, ки "мувофиқи фармони Худо худро ва ҷомеаи худро ислоҳ кунем ва барои ояндаи ватанамон бетараф набошем. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад. Зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст. Алҳамдуллилоҳ, мо мусалмонем ва ҳамин бароямон кофист."

МАТНИ МАВЪИЗА:

​.Мавлонов дар идомаи матни худ, ки борҳо дар он ибораи "намозгузорони арҷманд" ва "мавъизаи қаблӣ"-ро истифода бурдааст, гуфта, ки бояд дар ин замина дастҷамъона аз ҳукумати ҷумҳурӣ дархост шавад: "Бигзор тариқи раъйпурсӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд. Мо роҳи худро интихоб кардем ва дигар намехоҳем ҷомеаи мо пароканда шавад. Мо намехоҳем, тақдири давлатҳои ҳамсоя ба сари мо ояд, ояндаи фарзандонамон дар хатар бошад."

Муаллиф изҳори бовар кардааст, ин пешниҳоди ӯро ҳамагӣ пуштибонӣ хоҳанд кард, чун ба қавли ӯ, интихоботи гузаштаи парлумонии 1 март дар Тоҷикистон нишон додааст, "ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст". Вай ҳамаи онҳоеро, ки ба тарафдорӣ аз ҲНИТ раъй додаанд, "ҷудоихоҳ" номида, ноамниҳо дар Афғонистону Покистон, Миср, Ироқ, Сурия, Тунис ва Либияро ба бисёрҳизбӣ рабт додааст. А.Мавлонов пешниҳод кардааст, "дар Тоҷикистон танҳо як ҳизб бошаду самаранок бошад, ғамхори халқ бошаду ояндаи миллат, зеро як раҳбар ва як ҳизб омили тинҷиву оромист."

Лаҳзаҳои эълони натиҷаҳои интихобот

Лаҳзаҳои эълони натиҷаҳои интихобот

Бар асоси натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 март, ки Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ҲНИТ якуним дарсад раъйи сокинонро ба даст оварда бо ҳамин аз дарёфти курсӣ дар парлумон бенасиб монд. Дар гузашта ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ду курсӣ дошт ва масъулонаш гуфтанд, дар интихоботи 1 март ба раъйи тарадфорони онҳо хиёнат сурат гирифтааст.

Пешниҳоди бастани ҳизби наҳзати исломӣ ваё ҳадди ақалл ҳазфи калимаи ислом аз номи ин ҳизб аз соли 2013, дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рӯҳониён матраҳ аст. Охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ низ Абдулҳай Саъдиев, сархатиби ноҳияи Рашт аз раисиҷумҳур хост, аз исми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сифати исломиро бигиранд ва онро ба “ҳизби наҳзати Тоҷикистон” табдил бидиҳанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи интихоботи парлумонии якуми март дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё фикр намекунад, бе ҷой мондани ҳизбаш дар парлумон ишорае ба бастани ҲНИТ дар оянда аст, гуфта буд: "Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад. Мо ошкор кардем, ки ҳизби мардумӣ ҳастем ва хоҳем монд. Фикр намекунам, ин кор ба маънои баста шудани ҳизб бошад. Ҳеч далеле барои бастани ҲНИТ вуҷуд надорад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG