Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб рафтори се сарбози собиқадорро бозҷӯӣ мекунад, ки гуфта мешавад, нисбати сарбозони тозадаъват зӯровариро раво дидаанд.

Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ҳодисаҳои меҳтарсолорӣ ва ё "дедовщина" дар артишро пажуҳиш мекунад, ки ба назар мерасад, яке аз сабабҳои аслии дилсардии ҷавонон аз хизмат ба ватан шудааст.

Икром Зоиров, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳарчанд ҳодисаҳои зӯроварии аскарони бузургсол ба тозадаъватҳо масъалаи умда нест, аммо ҳар як маврид ҷиддан пайгирӣ мешавад.

Ин масъули додситонии ҳарбӣ мегӯяд, зӯроварӣ нисбати сарбозони тоза дар муқоиса ба солҳои пеш бамаротиб коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст. Ба ин хотир мегӯяд ӯ, санҷишҳои кормандони додситонии ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ афзоиш ёфтааст.

Талошҳо барои коҳиш додани зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран дар пайи чунин рафторҳо ба ҳалокат расидан ва ё ҷиддан маъюб шудани сарбозон сабт шудааст. Аз ҷумла, ҳалокати Акмал Давлатов, аз нафасгир шудан ҳангоми лату куб шудан аз ҷониби Фаррух Давлатов, кӯҳнасарбози қисми ҳарбие дар вилояти Суғд ва зарби ҷиддӣ дидани Шаҳбол Мирзоев -- сарбози дигари нерӯҳои марзбонӣ, ки бо гузашти шаш моҳ то ҳанӯз шифо наёфтааст, аз паёмадҳои пурсарусадои зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дониста мешаванд.

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, вакили мудофеъ, ки дар чанд баҳси додгоҳии марбут ба зӯроварӣ нисбат ба сарбозон ширкат доштааст, мегӯяд, бештар сарбозоне ба чунин амал даст мезананд, ки донишҳои ибтидоӣ надоранд ва аз оқибати амалашон дар ҳарос нестанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аксари сарбозон аз оилаҳои камбизоат буда, замоне ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд, ки аз имкони кору таҳсил бархурдор намебуданд.

«Дедовшина», меҳтарсолорӣ ё худ зӯроварии кӯҳансарбозон нисбат ба сарбозони нав ба ақидаи аксари сокинон аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Алихон Шарипов, нафаре, ки дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст, мегӯяд, он замон тақрибан наваскаре вуҷуд надошт, ки аз кӯҳнасарбозон ё ба истилоҳ аз «дед»-ҳо зулм надида бошад. Ӯ мегӯяд, он замон ин амал байни миллатҳои сокини Иттиҳоди Шӯравӣ рух медод, яъне кӯҳнасарбози рус навдаъватшудаи тоҷик ва ё баръакс аз тоҷик нисбат ба навдаъватшудаи рус зуроварию фармонравоӣ мекард. Аммо ҳоло ба гуфтаи Шарипов, ин амал дар Артиши Тоҷикистон бештар хосияти маҳалгароӣ касб кардааст.

«Ҳоло дигар ин як расм шудааст ва фикр намекунам, ки ба осонӣ онро решакан кардан имкон надорад. Дар Артиши Шӯравӣ ин кор хеле ривоҷ дошт, аммо мисли замони ҳозира, ки ҳар рӯз фавту ҳалокати сарбозонро мешунавем, чунин набуд. Шояд сарбозони он замон пурқувватар буданд, ки бо ҳам ҷанг мекарданд, аммо ба ин шакл маъюб ё ҳалок намешуданд. Масалан, дар ду соли хизмати ман чунин ҳодиса рӯх надодааст, ҳарчанд, муносибатҳо миёни деду молодойҳо ҳамон хел буд.»

Аз сӯи дигар Шарипов мегӯяд, ин амалро аксари куҳнасарбозон бештар бо ҳадафи қасос анҷом медиҳанд ва ба мақоли тоҷикӣ, алами Исоро аз Мусо мегиранд". Инҳо ҳамон кореро нисбат ба навдаъватшудаҳо анҷом медиҳанд, ки дар вақаташ кӯнасарбозҳо нисбат ба онҳо раво дида буданд. Шӯстани ҷӯробу тагпӯшҳои аскари калонсол, поккории қисми низомӣ ба ҷоӣ ӯ, ба аскари калон додани ғизое, ки хонавода меорад, пок кардани мӯзаҳои ӯ ва корҳои хурду рези дигар аз камтар ҷабрест, ки меҳтарсолор ба аскари хурд раво мебинад. Ба сурати умум дар як марҳилаи муайян сарнавишти аскари ҷавон ба афсари хурд вобаста мешавад, ӯ агар хоҳад ӯро мезанад, агар хушҳол бошад ба ҳолаш раҳм мекунад.

Бо ин ҳол на ҳама сарбозони ҷабрдида ҷуръат мекунад, ки аз рӯи аскари бузургсол ба мақомот шикоят бубаранд. Агар ӯ ин корро бикунад, на танҳо латту кӯб мешавад балки ба муддати тӯлонӣ лақаби "буз"- яъне хабаркашро мегирад.

Парвиз Расулов, як сарбози Артиши Тоҷикистон, ки 1,5 сол боз дар хизмат аст, ба тасвире, ки мо аз рӯи шикояти сарбозҳои ҷавон дар боло кашидаем, розӣ нест. Ӯ мегӯяд, «буз»-ҳо дар артиши Тоҷикистон ин қадар зиёд шудаанд, ки меҳтарҳо наметавонанд ба онҳо даст расонанд.

«Ҳоло аз прокуратура меоянд ва сарбозонро барҳана карда баданашонро мебинанд. Агар ягон зарб бошад, зуд пурсупос сар мешавад. Сарбозон ҳам тез иқрор мешаванд, ки кадом дембл ӯро задаст. Барои ҳамин ҳоло ин корҳо кам шудааст ва ҳама метарсад, ки чунин корҳоро кунанд. Дар замони шӯравӣ дигар буд.»

Аммо ҳодисаҳои пурсарусадои ахир, ки дар баъзе мавридҳо бо марги сарбоз анҷом шудаанд, ҳикоят аз дигар мекунанд. Рӯшантарин маврид латту кӯб шудани сарбози ҷавон Шаҳбол Мирзоев аст, ки инак се моҳ мешавад аз бисари беморӣ сар набардоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG