Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавориди бадрафторӣ дар артиши Русия


Додситонии низомии Русия мегӯяд, тайи 5 моҳи аввали соли равон мавориди бадрафторӣ нисбат ба сарбозон дар артиши ин кишвар то 50 дарсад афзоиш ёфта, 90 дарсади ин бадрафториҳо бо дастиҳамхидматони ин асокир анҷом шудааст. Додситонии низомии Русия мегӯяд, имсол 1170 сарбоз дар артиш мавриди бадрафторӣ қарор гирифта, дар 4 маврид чунин рафтор мунҷар ба ҳалокати сарбозон шудааст.
“Дедовшина”, ё “меҳтарсолорӣ”, яъне султаи сарбозони собиқадор бар асокири навхидмат, як иллати аслии афзоиши мавориди бадрафторӣ дар артиши Русия ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG