Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифоъ: "Облава" дар қонун нест, вале...


Хабари сӯхтани як зан ҳангоми таъқиби даъватшавандаҳо дар Восеъ ҷомиаро таккон дод ва масъалаи шеваи аскаргирӣ дар Тоҷикистонро доғ кард.

Мақомоти давлатӣ аз шарҳи ҳодисаи дар равған сӯхтани як зан дар бозори ноҳияи Восеъ ҳангоми фирори як ҷавон аз таъқиби кормандони коммиссариати ҳарбӣ худдорӣ мекунанд, аммо ин хабар хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро такон додааст.

Аксар шореҳон ҷалби ҷавононро бо шеваи «облава» ба сафи артиш ҳадафи танқид қарор дода, навиштаанд, ки чунин сарбозон дар оянда «аз ватан дифоъ карда наметавонанд.» Аммо ин ҳам эътироф шудааст, ки фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ чунин усулро ба миён оварда ва ба як раванди маъмулӣ табдил додааст.

Шӯҳрат, як ҷавони 23 солаи муқими пойтахт мегӯяд, ду рӯз қабл дар наздикии бозори «Корвон» ҳадафи ба истилоҳи дигари маъруф «чӯҷабарак» шуд: «Ҳарчанд ба онҳо гуфтам, ки ман ягона писар ва саробони оилаамон ҳастам. Аммо онҳо ба гапҳои ман бовар накарда, маро зӯран ба мошини "Старекс" шинонданд ва ба коммиссариати ҳарбӣ бурданд. То соати 7-и шаб дар он ҷо будем ва баъде ки ҳуҷҷатҳоямро тафтиш карданд, маро озод карданд».

Шӯҳрат мегӯяд, ҳамин тариқ, як рӯзи кори вай зоеъ шуд. Ҳамроҳи ӯ беш аз 15 ҷавони дигар ҳам будаанд, ки аз хидмати ҳарбӣ озод буданд, вале то омадани наздиконашон онҳоро дар коммиссариати ҳарбӣ нигоҳ медоштанд. Вай шунидааст, ки бархе ба таври қонунӣ ва бархеи дигар бо додани пул худро раҳо кардаанд.

Ахиран як фаъоли иҷтимоӣ аз шаҳри Хуҷанд – Рустам Гулов - дар як номаи расмӣ ба унвони президент ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навишт, “облава”-ҳое, ки баъзе кормандони коммиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳо мегузаронанд, дар худ таркиби як қатор ҷиноятҳо - баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316), ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан (моддаи 358), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (моддаи 147)-ро, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дорост» ва раисҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бояд афродеро ки зӯран ҷавононро ба артиш мебаранд, муҷозот кунад.


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров
, ҳуқуқшинос ва вакили мудофеъ низ мегӯяд, шеваи «облава» ғайриқонунист: «Мувофиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ, ҳар як ҷавон вақте ба синни муайян расид, бояд рафта хизмат кунад. Механизми даъват ба артиш дар Кодекси ҷиноӣ навишта шудааст. Яъне вақте ҷавон даъватномаи коммиссариати ҳарбиро гирифту ба он ҷо ҳозир нашуд, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад. Бояд ҳамин механизим истифода карда шавад, на ин ки шабона хонаҳои мардум даромада ва ё аз кӯчаву бозор ҷавононро дастгир кунанд, ки боиси ташвиши волидайн мешавад, ки намедонанд фарзандашон дар куҷо аст?»

Аммо Фаридун Маҳмадалиев - сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи банди 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар сурати саркашӣ кардани ҷавон аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд ӯро ба ҷои зарурӣ ҳозир кунанд: «Кормандони милитсия дар сурати ҳозир нашудани ҷавон ба коммиссариати ҳарбӣ бо вуҷуди гирифтани даъватнома вазифадоранд аз кӯча аст ва ё бозор ҷавонро дастгир карда, ба коммиссариати ҳарбӣ супоранд».

Сухангӯи вазорати дифоъ мегӯяд, вазифаи шӯъбаи корҳои дохилӣ он аст, ки дар сурати ҳозир нашудани даъватшуда, ҷавони синни қобили даъватӣ, бояд ӯро аз ҳар куҷое ки ҳаст, ё дар кӯчаву бозор ва ё ҳар куҷои дигаре, ки набошад, ёфта, гирифта ва ба комиссариати низомӣ биорад.

Ҷаноби Маҳмадалиев аз «облава» ба унвони ибораи нофаҳмо ном бурд, вале гуфт, ки «аслан монеаро худи шаҳрвандон эҷод мекунанд. Дар ҳоле, ки бар асоси қонун, ҷавонони синни 18 то 25-сола ӯҳдадоранд, ки хизмати низомиро ба ҷо оранд. Ин ӯҳдадориро ҳам Қонуни Асосӣ ва ҳам «Қонун дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва ҳам Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон талаб мекунад."

Вай афзуд, «вақте ки ҷавон чунин монеаро эҷод мекунад, яъне дар қайди ҳарбӣ худро намегузорад, дар комиссияи даъватӣ ширкат намекунад, баъди гирифтани даъватнома аз хизмат дар артиш саркашӣ мекунад ва дигар ҳолатҳо, пас мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мешаванд, ки ӯро ҳозир кунанд.»

Ин дар ҳолест ки шеваи аскаргирӣ дар Тоҷикистон мояи мавҷи интиқодҳо дар маҳофил ва матбуот шудааст. Интиқод ба хусус аз шеваи ба истилоҳ "облава", яъне аз кӯчаву бозор боздошт кардани ҷавонони синну соли даъватӣ зиёд аст.

Рӯзи 6 май ҳангоми таъқиби як ҷавон дар бозори ноҳияи Восеъ деги чалпак чаппа шуд, ки бар асари он 18 фоизи сару рӯи Муҳаббат Бердиева, саробони ягонаи 4 фарзанд, сӯхт. Ин қазия масъалаи "облава"-ро дубора доғ кард ва даъватҳо барои манъи ин шеваи даъват ба артиш зиёд шудааст.

Ба гуфтаи бисёри ҷавонон, вазъи бади таъминоти қисмҳои ҳарбӣ, ба артиш сафарбар шудани танҳо фарзандони хонаводаҳои камбағаз ва аз иҷрои "қарзи муқаддаси хидмат ба Ватан" шона холӣ кардани фарзандони мансабдорон ва «дедовшина» онҳоро артишгурез кардааст. Ҳамчунин бинобар вазъи бади иҷтимоии оилаҳо аксарияти ҷавонон рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Бо назардошти ин вазъият коршиносон мегӯянд, артиши Тоҷикистон ба як ислоҳоти густарда ниёз дорад.


Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов -роҳбари кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон мегӯя, чанд сол қабл тарҳи қонуни нави ҷалби ҷавонон ба сафи артиш омода шуда буд, аммо дастгирӣ наёфт: «Ман ҳамчун вакил дар ҳайъати қаблии парлумон дар омодасозии тарҳи нави даъвати ҷавонон ба артиш ошно будам. Мутаассифона, ин лоиҳа ҳангоми баррасӣ дастгирӣ наёфт. Аммо баъзе масъалаҳое, ки дар ин лоиҳаи қонун дарҷ ёфта буд, хеле муҳим ва ҷолибанд. Шояд бо гузашти вақт баррасии тарҳи мазкур аз сар гирифта шавад.»

Синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27-солагӣ муқаррар шудааст. Ҷамъи ҷавонони ин синну сол то 600 000 нафар баршумурда мешавад, вале дар ҳар мавсими даъват ба артиш маъмулан то 15-16 000 нафар ба хидмат сафарбар мешаванд. Бисёриҳо мегӯянд, шояд ба ҷои фурӯхтани билетҳои ҳарбӣ, ки як манбаъи даромади ходимони коммиссариатҳо шудааст, ин корро қонунӣ кунанд ва аз ҳисоби онҳое ки намехоҳанд дар артиш хидмат кунанд ва омодааш пули ин имтиёзро расман ба давлат супоранд, асбоби муносиби хидмат барои сарбозони қаториро муҳайё гардонанд.
XS
SM
MD
LG