Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили парлумон аз сафари сарвазир ба Бодканд интиқод кард


Ҳангоми ироаи гузориши сарвазири Қирғизистон дар парлумони ин кишвар, дар масъалаи сафараш ба Бодканди ҳаммарз бо Тоҷикистон, кобинаи вай аз ҷониби баъзе вакилон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири ин кишвар, ки рӯзи 20-уми май дар парлумони Қирғизистон гузориш медод дар масъалаи навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистон аз тарафи баъзе вакилон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Сарвазири Қирғизистон изҳор доштааст, ки ҳукумати ин кишвар барои тезонидани кори муайянсозии марзи худ 62 миллион соми қирғизӣ муодили беш аз 325 000 долар ҷудо кардааст. Дар зимн, сарвазири ин кишвар изҳор доштааст, ки нақшаҳои махсус барои беҳтар кардани вазъ дар ҳудуди марз рӯи кор гирифта шудааст. Аммо ҳагоми ироаи гузориш кобинаи вазирони ин кишвар аз ҷониби баъзе вакилон барои таваҷҷӯҳи хуб накардан ба масъалаҳои марзӣ зери тозиёнаи танқид қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои кумитаи марзбонии Қирғизистон аз авали соли ҷорӣ дар марзҳои ин кишвар 29 мавриди хушунат рух додаст, ки 28 мавридаш дар марз бо Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо сабаби муайян набудани баъзе аз мавзеъҳои марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон сари ҳар вақт нофаҳмиву муноқишаҳо миёни сокинони наздимарзӣ рух медиҳанд.

Ин аст, ки ҳангоми ироаи ҳисобот дар парлумони Қирғизистон ҳукумати ин кишвар дар масъалаи сарҳад мавриди интиқод қарор гирифтааст. Роҳбари ҳизби «Ота-журт» Жилдизхон Ҷолдошева гуфтааст, ки сарвазири ин кишвар ба маҳалли баҳсии Бодкади ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон рафтааст, аммо бо мушкили асосӣ шинос нашудааст.

«Ҷоомарт Оторбоев, вақте дар Ботканд будед, шумо бо мушкили асосӣ шинос нашудед, танҳо бо нафарони навбатдорон сӯҳбат кардед ва баргашта омадед. Ин тавр намешавад. Шумо ба амнияти дохиливу беруна ҷавобгаред. Агар шумо масъалаи марзиро ҳал карда наметаонед кӯшоду равшан гӯед.», гуфтааст Жилдизхон Ҷолдошева.

Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири ин кишвар дар навбати худ гуфтааст, ки ҳукумат ҳамаи тасмимҳои заруриро мегирад. Вай қайд кардааст, ки дар соли равон ба вилояти Бодканд барои сармоягузорӣ, хусусан ба соҳаи иҷтимоӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда шудааст.

«Мо ба зерсохторҳо диққати ҷиддӣ медиҳем. Аз ҳисоби донорҳо маблағи зиёд барои роҳи Ош - Ботканд – Исфана ҷудо шудааст. .Ҳамчунин ба масълаи об таваҷҷуҳи хоса дорем. Дар нақшаи мо таъсиси ҷойҳои кор барои мардум аст. Сафи хизматчиёни нерӯҳои марзбониро зиёд карда маоши онҳоро баланд мебардорем. Ҳамчунин бо мувофиқа бо сокинони надзимарзӣ барои аз анклау гузаштан роҳ месозем», изҳор доштааст сарвазири ин кишвар.

Дар ҳамин ҳол муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Мамиталиев, ки ҳамзамон роҳбари коммиссияи муштараки дуҷониба бо Тоҷикистонро аз тарафи Қирғизистон бар уҳда дорад, дар ин ҷаласа дар бораи вазъи сохтмони роҳи Ворух суханронӣ кардааст. Вай ба суоли матолиби расонаҳои ин кишвар, ки навиштаанд Қирғизистон барои Тоҷикистон роҳ месозад ҷавоби рад додаст.

«Ҳоло мо масъалаи сохтмони пулро баррасӣ дорем. Тибқи нақшаи кунунӣ ин пул бояд дар деҳаи Оқсой сохта шавад. Мутахасисони қирғиз маслиҳат доданд, ки инро каме поинтар созем. Баъзе аз расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки Қирғизистон барои Тоҷикистон дар маҳалли Ворух-Исфара роҳ месозад. Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони роҳ аз Ворух ба Оқсой 4 вариант пешниҳод кард. Мутахассисони мо варианти чорумро интихоб карданд, ки мувофиқ аст».

Сарвазири ин кишвар қайд кардасӣ, ки онҳо роҳҳои хуб кардани муносибати Тоҷикистону Қирғизистонро ҷустуҷӯ доранд.

Бо сабаби муайян набудани баъзе аз мавзеъҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони наздимарзӣ зуд-зуд нофаҳмиҳо рух медиҳад, ки гоҳе ба муноқиша оварда мерасонад. Ахиран рӯзи 7 май дар марзи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ рухдод, ки дар он моҷаро аз ду тараф даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Додситони вилояти Ботканд гуфтааст, ки дар амри таҳқиқи ҳодиса ва бо ҳадафи ба ҷавобгарӣ кашондани омилони сангандозиҳои ахир, 14 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои «авбошӣ» ва «вайрон кардани моликияти хусусӣ» боз шудааст.

Сокинони деҳаи Оқсой танҳо ба воситаи деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон метавонанд ба манотиқи марказии вилояти Бодканд сафар кунанд ва дар навбати худ, сокинони Ворух барои расидан ба Исфара маҷбуранд, қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро гузаранд. Роҳи байни Исфара ва Ворух дар як соли охир ҳафт мартаба баста шуда, боиси муноқиша ва задухӯрд байни тоҷикон ва қирғизҳо шудааст. Талоши сохтани роҳи нав ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон сабаби тирандозӣ байни марзбонони тоҷику қирғиз шуд, ки бар асари он чандин нафар захм бардоштанд.
XS
SM
MD
LG