Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби ваъдаи М.Алимардон дар матбуоти Қирғизистон


Як рӯзномаи чопи Бишкек роҷеъ ба ваъдаи муовини нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди аз анклав баровардани минтақаи Ворух, назари чанд тан аз чеҳраҳои сиёсии он кишварро ба нашр расонидааст.

Рӯзномаи «Жани Ордо»-и чопи Бишкек бо суоли «назари шумо дар робита ба ваъдаи муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар мавриди аз ҳолати анклав баровардани Ворух чист?» бо чанд тан аз вакилони порлумон ва чеҳраҳои сиёсии ин кишвар ҳамсӯҳбат шуд. Ин назарҳо дар нашрияҳои дигари Қирғизистон рӯзи сешанбе бознашр шудааст.

Турсунбой Боқир, узви порлумони Қирғизистон дар робита ба ваъдаи Муродалӣ Алимардонов, ки 25-уми феврал дар расонаҳои Бишкек ба нашр расидааст, мегӯяд, ҳанӯз ӯ бехабар аст, ки Алимардонов кадом минтақаро дар назар дорад, вале агар Тоҷикистон дар ивази он қитъаи замини муносиб ба Қирғизистон пешниҳод кунад, мумкин аст ин масъаларо баррасӣ кард. Ин вакили порлумони Қирғизистон гуфтааст, ки ҳатман ин масъаларо бояд дар порлумон дар миён гузошт ва ҳамаҷониба баррасӣ кард.

Дар робита ба ин ваъдаи Алимардонов як рӯзноманигори қирғиз бо номи Илим Карипбеков бо таъкиди ин, ки зарурате ба ҳангомасозии ҳарфи як мақомдори баландапояи Тоҷикистонро намебинад, пешниҳод мекунад, ки танҳо бо роҳи музокира ин масъаларо бояд ҳал намуд.

Омурбек Абдрахманов, вакили дигари порлумони Қирзистон зикр кардааст, ки «мо барои ҳалли ин суолҳо муовини сарвазир Токон Мамитовро интихоб кардем, вале вай ҳамаро ба ҳам омехта карда, вазъро то ба даргириҳои мусаллаҳона кашонид: «Мо ҳамсоя ҳастем ва ҳеҷ масъала бо роҳи хусусмат ҳал нахоҳад шуд. Бояд манфиати онҳо ва худамонро ба назар гирем, ҷанг ҳеҷ гоҳ манфиати яке аз давлатҳо масъаларо ҳал накардааст. Президент дар cаммит мебоист ба ҷои қадаҳ ин масъалаҳоро дар миён мегузошт.»

Адилет Айтикеев, муҳарири рузномаи "Искра плюс" чопи Бишкек дар робита ба ваъдаи Алимардонов таъкид кардааст, ки мавқеи Токон Мамитов муовини сарвазири Қирғизистонро пуштибонӣ мекунад. Вай зимин изҳори назараш мегӯяд, ки Тоҷикистон дар масъалаи тақсими марзӣ ба харитаи соли 1924 такя мекунад, ки агар аз рӯи ин харита масъалаи марзӣ баррасӣ карда шавад, Қирғизистон бой хоҳад дод, чун қисмати зиёди манотиқи вилояти Ботканд дар соли 1927 ба Қирғизистон пайваст шудаанд. Вай меафзояд, ки ноҳияи Лайлак то соли 1927 расман ба қаламрави Тоҷикистон тобеъ буд.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд байни марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқ ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро баст, сафирашро барои машварат аз Душанбе фаро хонд ва 4 маротиба ба Душанбе нота фиристод.
XS
SM
MD
LG