Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамитов рафт. Баҳси марз монд...


Тоқон Мамитов, ки раҳбарии ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба ҳукумати нави он кишвар роҳ наёфтааст.

Дар ҳукумати нави Қирғизистон исми Тоқон Мамитов нест. Ӯ то имрӯз муовини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон буд.

Эътилофи нави порлумонии Қирғизистон рӯзи 2 апрел рӯйхати кобинаи нави вазирони ин кишварро муаррифӣ кард. Рӯйхати кобина, қарор аст, рӯзи 3 апрел дар Жогорку Кенеш – порлумони Қирғизистон – ба раъйдиҳӣ гузошта шавад.

Эътилофи нави порлумонӣ аҳзоби Ота-Макони Омурбек Текебоев, Ор-Номуси Феликс Қулов ва сотсиал-демократи раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро дар бар мегирад. Ота-Макон ҳамчун ҳизби пешбари эътилофи ҳоким ба мақоми сарвазир Ҷоомарт Оторбоевро пешбарӣ кардааст. Оторбоев дар ҳукумати қаблии Жанторо Сотиболдиев муовини аввали сарвазир буд.

Ҳукумати қаблии Қирғизистон моҳе пеш баъди ба сӯъиистифода аз мақом дар ҷараёни бозсозии шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод дар пайи даргириҳои хунини қавмии 4 соли пеш айбдор шудани Жанторо Сотиболдиев ва аз даст додани ҳимояти ҳизби Ота-Макон ба истеъфо рафт.

Аммо дар ҳайати нави кобина исми Тоқон Мамитов нест. Мамитов дар кобинаи пешин муовини сарвазир дар умури амнияту дифоъ ва масоили марзӣ буд ва ба ин далел ҳайати Бишкекро дар музокироти масоили марзӣ бо Тоҷикистон раҳбарӣ мекард. Барканории ӯ дар Қирғизистон ба вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Бархе гуфтаанд, ки Тоқон Мамитов дар мақоми муовини сарвазир дар амри ҳимоят аз манфиатҳои Қирғизистон, бахусус дар масоили марзӣ азхудгузаштагӣ нишон медод ва табдили ӯ бо Абдураҳмон Маматалиев, ки як шахсияти ғайринизомист, тасмими дурусте нест.

Аммо Феликс Қулов, раҳбари ҳизби Ор-Номус дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, онҳо ҳам ба кори ҳамҳизби худ Тоқон Мамитов дар мақоми муовини сарвазир эроде надоранд, “балки баракс, мо ҳамеша дар бораи ҳирфаияти ӯ ҳарф мезадем. Тоқон Мамитов ба кораш идома хоҳад дод, вале дар мақоми дигар. Ин чӣ мақом аст, баъдан хабар хоҳем дод.”

Мамитов дар марзи Исфара
Мамитов дар марзи Исфара
Дар Тоҷикистон низ бархе тӯл кашидани баҳси масоили марзӣ бо Қирғизистонро ба мавқеи тунди шахсиятҳое, чун Тоқон Мамитов бастагӣ медоданд. Худи ӯ ҳам дар як сӯҳбаташ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ эътироф карда буд, ки дар баҳсҳои марзӣ мавқеи оштинопазир дорад, вале инро ба он тавҷеҳ карда буд, ки : “Ман он чиро мегӯям ки мардумам ба ман мегӯяд.”

Дар ҳар сурат, истеъфои Тоқон Мамитов метавонад фурсат ва имконоти наверо барои тезондани раванди музокироти марзии Душанбеву Бишкек фароҳам биорад Абдураҳмон Маматалиев, номзади нави ҳизби Ор-Номус ба мақоми муовини сарвазири Қирғизистон дар умури амнияту дифоъ ва масоили марзӣ, ба фарқ аз генерал Мамитов, нафари мулкист ва дар оғози солҳои 2000-ум дар мақоми раиси ноҳияи бо Исфара ҳаммарзи Бодканд ҳам будааст.

Дар ҳоли ҳозир марзи Исфараву Бодканд, бахусус дар байни рустоҳои Хоҷаи Аълову Оқсой ва дар атрофи ҷамоати Ворух, ки аз 4 тараф дар дохили Қирғизистон мондааст, доғтарин нуқтаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. Таниши кунунӣ дар равобити Душанбеву Бишкек, ки ҷиддитарин таниш дар муносиботи онҳо аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта мешавад, низ рӯзи 11 январ дар пайи як тирпаронӣ дар байни рустоҳои Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқосойи Бодканд рух дод.

Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон
Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон
Таҳлилгарони қирғиз мегӯянд, Абдураҳмон Маматалиев бо шинохти наздике, ки ба унвони зодаи Бодканд ва раиси собиқи ин минтақа аз вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дорад, ба фарқ аз Мамитов бо он якравии низомиаш шояд битавонад раванди кунди музокираҳо бо Душанберо таҳрик диҳад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аз соли 2006 ба ин сӯ ин раванд ба далели такяи ин ду кишвар ба харитаҳои мухталифи замони Шӯравӣ дигар ягон километр пеш нарафт.

Тоқон Мамитов се рӯз пеш аз рафтанаш аз мақом дар як сӯҳбат бо нашрияи “Вечерний Бишкек” шояд барои бори аввал бо як лаҳни хеле сулҳомезе дар бораи мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат кард ва аз ҷумла гуфт, ин ду кишвар бояд даъвоҳои таърихиро як сӯ гузошта, марзҳои печидаи худро километр ба километру русто ба русто бар асоси хостҳои мардум ва бо гузаштҳои ҷиддӣ ба ҳамдигар муайян кунанд. Аммо акнун идомаи ин баҳс ва миссияи ҳалли масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар аҳди Мамитов нотамом монд, бар ӯҳдаи Абдураҳмон Маматалиев мегузарад. Бубинем, ки оё ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Муродалӣ Алимардон то куҷо забон хоҳад ёфт?
XS
SM
MD
LG