Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоторҳои Қрим. Зери сояи бадарғаи соли 1944 ва ояндаи тира


Маросими дафни Рашод Аҳмадов. 18 март

Маросими дафни Рашод Аҳмадов. 18 март

Тасарруфи Қрим аз сӯи Русия тоторҳои Қрим - аҳолии буми ин минтақаро дар як вазъи пурчолиш қарор додааст. Аз як тараф, онҳо ватани аҷдодии худро тарк карданӣ нестанд. Аз тарафи дигар, ояндаи норавшан онҳоро сахт нигарон кардааст.

Хадиҷа, як зани солхӯрдаи тотор, ки дар манзили хурди фарсудае дар канори пойтахти Қрим ба сар мебарад, мегӯяд, умраш ба ҷойе расидааст ва аз фаромӯшхотирӣ азоб мекашад.

Аммо ӯ хотираҳое дорад, ки бо вуҷуди фаромӯшхотирӣ ҳеҷ гоҳ аз ёдаш намераванд. Хадиҷа ёд дорад, ки дар замони Ҷанги дуввуми ҷаҳон аскарони олмонӣ аҳли хонаводаи ӯро дар ҳуҷрае бандӣ карданд ва хонаашонро ба макони зисти худ табдил доданд. Баъдан ҳукумати Шӯравӣ оилаи Хадиҷа ва ҳамсояҳои тотори онҳоро дар зери нигоҳҳои сард ва пур аз нафрати ҳамсояҳо барои гӯё ҳамкорӣ бо фашистҳо аз Қрим ба Узбакистон бадарға кард. Ба бахти бади ӯ, соли 1992, вақте Хадиҷа дар ҷустуҷӯи хонаи даврони кӯдакиаш ба Қрим баргашт, дар манзили онҳо кайҳо русҳо мезистанд.

Хадиҷа мегӯяд: « Ба мо чизе надоданд, на ҷубронпулӣ, на чизи дигар. Ваъдаи зиёд доданд, аммо иҷро накарданд. Хонаи мо ҳоло ҳам побарҷост, аммо ман наметавонам онро бозпас бигирам. Ин кори беҳуда аст. Баъдан пойҳоям дард мекунанд, ман дуруст роҳ рафта наметавонам. Додараке доштам, ки панҷ сол пеш вафот кард, ӯ метавонист, чун меросбари мустақим буд. Албатта, ман ҳам меросбарам, аммо роҳ рафта наметавонам, ин кор даводави зиёд мехоҳад.»

Қиссаҳои ғамангези монанд ба ин барои тоторҳои Қрим, ки ҳаққи таърихии онҳо ба нимҷазираи Қрим, аз асри 18, аз давраи ғасбаш аз тарафи Русия борҳо ба таври хушунатбор нақз шудааст, дардҳои умумиянд. Зарбаи охиринро ба тоторҳои Қрим раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин дар соли 1944 зад. Сталин тоторҳои Қримро дастаҷамъона аз ватани бобоияшон решакан ва дар қаламрави Шӯравӣ паҳну парешон кард.

Ҳоло ки Қрим аз роҳи низомӣ дубора ба Русия замима шуд, тоторҳои Қрим, ки дар поёни солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба бозгашт ба сарзамини аҷдодии худ оғоз карданд, аз ин нигаронанд, ки мабодо чархи таърих сарнавишти онҳоро дар асри 21 низ ба шеваи қаблӣ гардон кунад ва мавриди поккории қавмиву хушунат қарор бидиҳад. Хадамоти марзбонии Украина мегӯяд, аз замони баргузории референдуми 16 март ҳудуди 1000 нафар аз нимҷазира берун шуданд. Баъзе мақомот ин теъдодро 1600 нафар шумурдаанд.

Ҳамаи инҳо тотор нестанд. Мақомот мегӯяд, украиниҳо ва ҳатто русҳо ҳам аз нооромӣ фирормекунанд. Аммо тоторҳои Қрим, ки мусалмонанд, бо доштани камтарин ҳимоят аз заъфпазиртарин қишрҳои сокини ин минтақа унвон мешаванд.

Тоторҳои Қрим, ки 15 дар сади аҳолии ҷазираро ташкил медиҳанд, аз амнияти худ нигарон ҳастанд. Ахиран афроди номаълум дарвозаҳои онҳоро бо ранги зард аломатгузорӣ кард, ки яъне инҷо тоторҳо зиндагӣ мекунанд. Махсусан нопадид шудани Рашод Аҳмадов, як тотори 39-сола, ки ҷасади ӯ бо аломатҳои шиканҷа дар рӯзи референдум дар канори Симферопол ёфт шуд, аксари тоторҳо, махсусан онҳоеро, ки ошкоро аз Майдон, яъне аз эътирозҳои зидди режими Виктор Янукович, ҳимоят кардаанд, сахт нигарон кардааст.
Рустам Скибин

Рустам Скибин

Рустам Скибин, рассом ва коллексионер мегӯяд, оилаи онҳо хонаи суннатии тотории худро, ки дар байни Симферепол ва Феодосия буд, баъди афзоиши техникаи низомӣ ва мавриди шантаж қарор гирифтани матбуоти маҳаллӣ, махсусан шабакаи телевизионии тоторӣ тарк карданд. Ӯ бо ҳамсараш ба Киев рафту хоҳару модараш дар хонаи хешонашон дар Лвов сарпаноҳ ёфтанд.

Рустам Скибин мегӯяд: «Ман ба қароре расидам, ки ҳамаи ин вазъият ба амнияти хонаводаи ман ва молу мулке ки дорам, хатар дорад. Ман қарор кардам, ки бо оилаи худ ва бо он коллексияи хурде, ки дар 20 сол ба сахтӣ ҷамъ карда будам, ба Украина равам.»

Дар Киев Скибин дар як ҷамъияте бо номи Crimea SOS ба сифати корманди ихтиёрӣ фаъолият мекунад. Онҳо маъмулон ба онҳое кӯмак мерасонанд, ки аз Қрим фирор кардаанд. Ба гуфти ӯ, ҳоло аксари тоторҳои Қрим хоҳиши берун рафтан аз нимҷазираро надоранд. Аммо бо маҳдудиятҳое, ки ҳукумати Қрим ҷорӣ кардааст, вазъ метавонад дигар шавад.

Ҳафтаи равон ноиби нахуствазири Қрим Рустам Темиргалиев гуфт, ҳукумат аз тоторҳо мехоҳад, то заминҳоеро, ки худсарона ишғол кардаанд, холӣ кунанд. Агар ин амалӣ шавад, тоторҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки баъди соли 1991 ба Қрим баргашта, хонаҳои худро бозпас нагирифтанд ва маҷбур шуданд дар заминҳои дигар хона бисозанд.

Аз замони бозгашти худ ба ватани аҷдодӣ ҳеҷ ҳукумате дар Украина, на коммунистҳо, на «норинҷӣ»-ҳо ва на ҳизби минтақаҳо ба мушкили тоторҳои Қрим расидагӣ накард ва онҳоро дар як чолаи сиёҳи ҳуқуқӣ нигаҳ доштанд. Нодир Бекир, адвокати Сандуқи пажӯҳиш ва кӯмак ба мардуми бумии Қрим мегӯяд: Агар озору куштори саросарӣ шурӯъ шавад, албатта, тоторҳои Қрим ба андозаи тавони худ муқовимат мекунанд. Ин далел, ки онҳо масъалаи холӣ кардани маҳаллаҳои тоторнишинро матраҳ кардаанд, заминасозии ҳуқуқӣ барои оғози саркӯб ва поккориҳои қавмӣ аст.
Мустафо Ҷамилев

Мустафо Ҷамилев

Таҳдиди холӣ кардани маҳаллаҳои тоторнишин дар қадами аввал аломати рӯшанест, ки ҳукумати русгарои Симферопол ба ваъдаҳои пеш аз референдуми Қрим дар бораи нақши боризи тоторҳо дар ҳукумати русҳо вафо намекунад. Ноиби нахуствазири Қрим Рустам Темиргалиев, ки худ аз тоторҳои Қазон аст, қавл дода буд, ки якчанд мақоми баландро дар ҳукумати Симферопол ба намояндагони тоторҳои Қрим медиҳанд.

Президенти Русия Владимир Путин низ баъди мулоқот бо вакили порлумони Украина ва яке аз раҳбарони фаъоли тоторҳои Қрим Мустафо Ҷамилев эътироф кард, ки дар гузашта ба тоторҳои Қрим бархӯрди ноодилона шудааст ва қавл дод, ки «ҳуқуқ ва номи неки онҳоро барқарор кунад.» Аммо ба ҷойи ин баъди чанде ҳукумати рӯ ба Маскави Қрим Мустафо Ҷамилевро мамнӯъулвуруд эълон кард.
Масҷиди ҷомеъ дар Боғчасарой

Масҷиди ҷомеъ дар Боғчасарой

Тоторҳои Қрим ба сурати умум пойбанди Маҷлис - маҷмаъи сиёсии худашонанд, на ҳукумати Симферопол. Онҳо референдуми 16-уми мартро ба таври густарда бойкот карданд ва даъвоҳои Русияро, ки мегуфт, қариб сеяки аз 97 дарсади овозҳо ба ҷонибдории пайвастани Қрим ба Русия аз тарафи тоторҳо омадааст, ба баҳс мекашанд. Рӯзи 16 март дар манотиқе ки аксаран тоторҳо ба сар мебурданд, аз ҷумла дар ноҳияи Боғчасарой, ҳавзаҳои райъдиҳӣ ҳатто боз нашуданд.

Алӣ Ҳамзин, раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим ҳоло мегӯяд, «Путин намоишкорона бо Мустафо Ҷамилев сӯҳбат кард ва амнияти тоторҳои Қримро кафолат дод. Мо то ҷое пазируфтем, ки Русия бо истифодаи тавони низомӣ Қримро ба худ замима мекунад. Мо мехоҳем Путин як шахси дуруғгӯ зоҳир нашавад ва ба ваъдаҳояш, ки ба тоторҳои Қрим додааст, вафо кунад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG