Пайвандҳои дастрасӣ

Мувофиқати Русия барои истиқрори нозирони байналмилалӣ дар Украина


Русия рӯзи ҷумъа бо истиқрори нозирони байналмилалӣ дар Украина барои баррасии вазъияти амниятии ин кишвар мувофиқат кард.

Гурӯҳе, ки ба гуфтаи мақомоти Украина имкони дастрасӣ ба тамоми минтақаҳои ин кишварро хоҳад дошт.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, ба дунболи дархости пайдарпайи аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи истиқрори як гурӯҳи нозирони байналмилалӣ дар Украина, Русия рӯзи ҷумъа 21-уми март бо ин дархост мувофиқат кард. Ба гуфтаи ин созмон, ҳайати мазкур дар муддати шаш моҳ дар Украина ба ҷамъоварии иттилоот ва пешниҳод кардани гузориш дар бораи вазъияти амниятии ҳама нуқтаҳои ин кишвар хоҳад пардохт.

Ба дунболи эъломи истиқлоли Қрим аз Украина ва дархосташ барои пайвастан бар Русия, Владимир Путин санади замима шудани нимҷазираи Қрим ба хоки Русияро имзо кард. Ба дунболи он парлумони Русия тавофуқномаи замима шудани Қрим ба Русияро бо тасвиб расонд ва Владимир Путин рӯзи 21-уми март онро ба имзо расонд.

Дар ҳоли ҳозир Созмони амният ва ҳамкории Аврупо талош дорад бо фиристодани ин гурӯҳ аз нозирон, танишҳоро коҳиш диҳад. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо 57 узв дорад ва Русия низ аз ҷумлаи аъзои он аст. Майдони фаъолиятҳои ин созмони аврупоӣ, назорати аслиҳа, ҳуқуқи башар, озодии матбуот ва интихоботи озод мебошад.

Ба дунболи мувофиқати Русия барои истиқрори ҳайати нозирони ин созмон дар Украина, акнун талошҳо ҷараён доранд то ин тим дар муддати 24 соат вориди Украина шавад. Дар ибтидо ин ҳайат иборат аз 100 нозир хоҳад буд, аммо дар ҳолати ниёз ба шумораи бештари нозирон, ин ҳайат метавонад то 400 нозир афзоиш ёбад. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар хусуси имкони фиристодани ин ҳайат ба Қрим тавзеҳот надодааст.

Бӯҳрони Қрим шикофи амиқ дар муносибатҳои Русия ва Ғарб эҷод кардааст. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико замима шудани Қрим ба Русияро ғайриқонунӣ медонанд ва дар мухолифат бо ин тасмим, таҳримҳоеро алайҳи Русия ҷорӣ карданд. Русия низ дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико, тарҳримҳое мутақобилеро алайҳи чанд мақоми амрикоӣ ҷорӣ кард. Рустаборон ҳудуди 60 дарсади аҳолии 1,5 миллион нафарии Қримро ташкил медиҳанд ва украиниҳо ва тоторҳои Қрим ду ақаллияти ин нимҷазира ҳастанд.
XS
SM
MD
LG