Пайвандҳои дастрасӣ

Толори вижа барои нобиноён дар Китобхонаи миллӣ


Гӯша барои нобиноён дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Гӯша барои нобиноён дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори махсусе барои хонандагони нобино ифтитоҳ шуда, тақрибан ҳамеша пуродам аст.

Ҳарчанд теъдоди китоб барои нобиноён кам ва аксари ин китобҳо ба забонҳои хориҷист, шумораи чунин китобхонҳо ва шавқи онҳо ба хондан ба маротиб бештар аст. Азиза Назарова, як масъули Китобхонаи миллии Точикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 400 нафар аз нобиноён дар ин шӯъба сабти ном шудаву аксарияти онҳо пайваста ба ин ҷо меоянд. Инҳо, асосан донишҷӯёни мактабҳои олӣ, толибилмони мактаб-интернатҳои махсуси нобиноёни ноҳияи Ҳисору шаҳри Душанбе ва ҳамчунин маъюбони хонашин мебошанд.

Аммо ҳамаи хазинаи китоб бо алифбои брайл аз 700 номгӯй китоб иборат буда, бахши умдаи онро адабиёти таълимӣ ташкил медиҳад. Дар ин миён намунаҳое аз адабиёти классикиву муосири тоҷик ва рус низ вомехӯранд.Хонум Назарова мегӯяд:

«Дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи Миллӣ байни Тоҷикистону Русия ба ин шуъба 85 нусха адабиёти таълимӣ барои нобиноён тақдим карда шуд. Адабиёти таълимӣ, ки махсус барои нобиноён омода шудааст, аз 162 то 180 саҳифаро дар бар гирифта, аз эҷодиёти нависандагони рус иборат аст.»

Иброҳими Исмоилзод

Иброҳими Исмоилзод

Таври маълум нобиноён ҳарфҳои барҷастаи алифбои Брайл бо ламси ангуштони худ мутолиа мекунанд. Иброҳими Исмоилзод, ки дар ин шуъба сабти ном шудааст, мегӯяд, ҳафтае се бор ба ин ҷо меояд ва соатҳо китоб мехонад. Вай донишҷӯи Консерваторияи миллист ва мегӯяд, дар китобхонаи ин муассиса адабиёти зарурии худро, ки бо хатти брайл нашр шуда бошад, пайдо карда наметавонад. Биноан, ӯ аз боз шудани ин толор дар Китобхонаи миллии Точикистон шод аст: «Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон, махсусан дар Китобхонаи миллӣ чунин толор таъсис шуд, ки мо метавонем, дар инҷо китоб хонем. Ҳамчунин мо метавонем, ки аз компютерҳое ки дар он барномаи махсус барои нобиноён насб шудааст, кор кунем».

Кормандони Китобхонаи миллӣ иқрор мекунанд, аксари нобиноён мехоҳанд китобҳои тоҷикии бо хатти брайл нашршударо хонанд, вале чунин китобҳо хеле каманд. Раиси Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев низ ба зиёд кардани чунин китобҳо даъват мекунад ва мегӯяд, аксари китобҳои брайлии Китобхонаи миллӣ русиянду афроди нобино ин забонро хуб намедонанд:

«Чунин китобҳо дар ҳоли ҳозир барои ҷавонони нобино чандон зарур нест. Агар кадом ташкилоте, ки барои таъмин кардани чунин қишри ҷомеа бо китобҳо омода ҳаст, хуб аст ки бо ҷамъияти мо ҳамкорӣ кунанд ва китобҳои тоҷикӣ бо алифбои брайл пешниҳод шавад. Дар китобхонаи Фирдавсӣ низ китобҳо бештар бо забони русӣ буданд».

Азиза Назарова

Азиза Назарова

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта, низ нобиноён аз камии китобҳои тоҷикӣ брайлӣ шикоят мекарданд ва мегӯянд, китобҳо метавонанд, ҳаёти афроди нобиноро рангу бӯе бахшанд ва нагузоранд, ки онҳо бехатту савод, дур аз ҷомеа ва дар кунҷи хона монанд.

Вале Азиза Назарова, масъули шуъбаи махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин махзан камии китобро бо василаҳои дигар ҷуброн кардан мехоҳанд. Барои намуна: «Дар баробари он ки нобиноён омода дар инҷо китоб мехонанд, ҳамчунин ба онҳо ба таври аудиоӣ, гӯш кардани садо, барномаҳои махсуси насбшуда дар компютерҳо ва расонидани китобҳои дархостшуда ба афроде, ки дар хонаҳои худанд, хизмат расонида мешавад».

Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор афроди нобино зиндагӣ мекунанд ва кишвар талош дорад, барои онҳо шароити мусоиди омӯзишу корро фароҳам орад.


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG