Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз ҳашт ҳазор сокини Тоҷикистон бо чашмони баста дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Инҳо аъзои ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳaққи райъ додан доранд, аммо оҷизии чашмонашон сабаб мешавад, ки на баргаи раъйро дида тавонанд ва на онро, ки овозашон ба манфиати кӣ хоҳад рафт.

Холиқмаҳмад Тенгниев, раҳбари ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиоги «Озодӣ» гуфт, нобиноён чашми бино надошта бошанд ҳам, барои интихоби номзади арзандаи худ қалби рӯшан доранд. Аммо ӯ мегӯяд, бидуни кӯмаки дигарон мушкил аст, то нобиноён ба қитъаи райдиҳӣ бираванд ва ба номзади арзандаи худ овоз бидиҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, он эҳтиёҷоте, ки мардуми имконияташон маҳдуд доранд, барои ширкат дар интихобот ба назар гирифта нашудааст. Аммо ба таъкиди ҷаноби Тенгниев, азбаски аксари нобиноён нафарони «кӯмакрасон» доранд, дар интихобот ба онҳо ёрӣ расонда мешавад.

«Вақте як нафар нобино назди ҳавзаи интихоботӣ меояд, бюлетене, ки дода мешавад бо ҳуруфоти брайлӣ навишта нашудааст, то ин ки мо чизеро хат бизанем ё онро боқӣ монем, албатта, бояд аз кӯмаки як нафари солим истифода мебарем»- мегӯяд ҷаноби Тенгниев.

Ба ақидаи Холиқмаҳмад Тенгниев, беҳтар мебуд, дар интихоботи оянда варақаҳои овоздиҳиро бо хатти брайлӣ низ нашр мекарданд

Як узви дигари ин ҷамъият, Фирӯз Шамсиддинов, ки 23 сол дорад, дар интихоботи парлумонӣ бо мадади шахси «боваринок»-и худ -- хоҳари бинояшро интихоб ширкат карда, аммо ӯ дар ёд надорад, ки ба кадом номзад раъй дода буд.

Фирӯз мегӯяд, хоҳараш варақаи овоздиҳиро дар гӯшаш хонд ва ҳар касеро вай ном бурд, ишора кард. Аммо вай ҳанӯз муқаррар накардааст, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябр киро ҳамроҳ ба ҳавзаи интихоботӣ хоҳад бурд. Фирӯз Шамсиддинов мегӯяд: «Барои одамоне, ки имкони овоз доданро надоранд ва дар варақаҳои интихоботӣ хат кашида наметавонанд, беҳтар мебуд интихобот бо ягон роҳи дигар гузаронида мешуд. Масалан, роҳи овоздиҳии электронӣ ё аудиоӣ.»

Фирӯз меафзояд, овоздиҳии электронӣ барои нобиноён дар Амрико таҷриба шудааст, ки хело хуб аст. Зеро дар ҳоли ҳозир бештари нобиноён ҳам дастрасӣ ба технологияи муосирро доранд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботӣ ва райъдиҳӣ ба «Озодӣ» гуфт, ки шахсони боваринок ба нобиноён кӯмак мекунанд, то нафари арзандаашро интихоб кунад. Аммо то куҷо афроди «боваринок» хостаи нобиноро амалӣ мекунад, Додоев мегӯяд: «Ин аз виҷдони одам вобаста аст. Ҳар касе виҷдон дошта бошад аз рӯйи гуфтаи раъйдиҳанда амал мекунад»

Нозимҷон Шарифов, нобино ва роҳбари бахши фарҳангии корхонаи истеҳсолии нобиноёни ноҳияи Ҳисор ширкати ҳамтақдиронашро дар интихобот мусбат арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, қабл аз интихобот номзадҳо, махсусан аъзои парлумон бо эшон вохӯриҳо мегузаронанд, ки пас аз тамом шудани «корашон» дигар онҳоро боре ҳам намебинанд ва садояшонро ҳам намешунаванд.

Ӯ аз ҳама зиёд ба наберааш эътимод дорад ва дар интихобот ӯро бо худ ба ҳавзаи интихоботӣ мебарад. Нозимҷон мегӯяд, солҳои Шӯравии пешин бошад бо ҳамсараш ба ҳавзаи интихоботӣ мерафтанд, ки он солҳо низ варақаҳои хатти брайлӣ вуҷуд надоштанд. Аммо аз он ки нафарони «боваринок» ба овози райъдиҳандаҳо хиёнат мекунанд ё не ба виҷдони онҳо вобаста аст.

Ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор Шокирҷон Ҳакимов гуфт, варақаи раъйдиҳии афроди нобиное, ки ҳуқуқи раъй додан доранд, аммо бинобар мушкили нобиноӣ тавони хонапурӣ кардани варақа ва дар сандуқи райъ андохтани онро надорад, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон бояд дар ҳузури на кам аз ду шоҳиди бетараф пур карда шавад.

Зимнан, дар Тоҷикистон наздики даҳ ҳазор нобино аст, ки беш аз ҳашт ҳазори онҳо ҳаққи раъй додан доранд. Аммо раъйи нобиноён бо чашмони баста барои интихоби номзади арзанда то куҷо таъсиргузор аст, на ба худи онҳо, балки ба виҷдони афроди «боваринокашон» бастагӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG