Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ дар бораи ширкати сокинони Суғд дар ҷанги Сурия


Додситонии вилояти Суғд дар соли гузашта алайҳи 35 сокини минтақаи шимолии кишвар, ки дар ҷанги Сурия иштирок доранд ё қасди ширкат доштаанд, парванда боз кардааст.

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 5-уми январ гуфт, ки 17 нафар аз афроде, ки аз ин вилоят дар ҷанги Сурия иштирок доранд ё қасди ширкат кардан доштанд, боздошт шудаанд.

Вай афзуд: “Дар соли 2014 ҳафтдаҳ парванда мутобиқи банди 401, нишонаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “ҷалб ва иштироки ғайриқонунии сокинон дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ” нисбат ба 35 нафар боз кардем ва мавриди тафтиш қарор додем. Аз байни инҳо 18 нафар таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд ва ин айбдоршавандагон, тибқи маълумотҳое, ки дар даст дорем, асосан дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар Сурия иштирок доранд.”

Ӯ афзуд, ки додситонӣ дар бораи кушта шудани чанд нафари ин афрод дар ҷанги Сурия низ маълумотҳое дар даст дорад, вале аз он, ки “ҷасади онҳоро надидаанду санади ҳақиқии фавти онҳо” дастрас нест, парванда алайҳи онҳо қатъ карда нашудааст. Ҷаноби Қурбонзода афзуд, ҳамчунин ба сабаби он, ки сокинони Суғд аз роҳи кишварҳои дуюму сеюм ё чорум ба Сурия сафар кардаанд, як омори дақиқе дар бораи шумораи ҷангиёни дар ҷанги ин кишвар аз ҳисоби сокинони Суғд мавҷуд нест.

“Аслан ба Сурия, Афғонистон ё Покистон рафтан ин худ ҷиноят нест. Мо дастур додаем, ки нисбат ба ҳар каси ба ин кишварҳо сафаркарда, парванда боз кардан мумкин нест. Дар ҳамон ҳолат парванда боз кардан метавон, ки агар далел ва маълумотҳои кофӣ дар бораи иштироки ғайриқонунии он нафар дар дастаҳои мусаллаҳона дар кишвари хориҷӣ ҷой дошта бошад. Масалан, мо акси як сокини вилояти Суғдро дарёфт кардем, ки дар даст аслиҳа дорад, рафиқонаш дар нишондод гуфтанд, ки вай бо он аслиҳаи худ дар ҷанги Сурия иштирок мекард. Мо нисбат ба ин шахс парванда боз намудем ва ӯро таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор додем."

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 18 декабр додгоҳи шаҳри Хуҷанд 11 сокини вилояти Суғдро, ки ба гуфтаи додгоҳ, “нияти анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон” ва “иштирок дар ҷанги Сурияро доштаанд”, барои аз 9 то 19 сол равонаи зиндон кард. Ба гуфтаи додгоҳ, ин гурӯҳро Мансур Бобоёров, сокини ҷамоати Саразми Панҷакент таъсис дода, ба иттифоқи Элдар Ҳотамов, сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен аъзои гурӯҳро барои сафари Сурия ба қасди иштирок дар ҷанг дар ин кишвар розӣ кардаанд.

Датари матбуоти додситонии Суғд мегӯяд, дар пайи боздошти ин 11 сокини Суғд дар моҳи сентябри соли 2014, то кунун дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи ин афрод боз 45 нафари дигар сокини Суғд бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмон ва ҳаракатҳои террористӣ, ба шумули ҲИУ ва Ансоруллоҳ ва қасди иштирок дар ҷанги Сурия дастгир карда шудаанд.

Тафтиши ин парвандаро шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонӣ пеш мебарад ва ба гуфтаи Шариф Қурбонзода, додситони Суғд, дар ҳоли ҳозир алайҳи 35 нафари тибқи банди 401, нишонаи 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- ““ҷалб ва иштироки ғайриқонунии сокинон дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ” низ татбиқ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG