Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садамаи маргбор бо иштироки писари муовини сарвазири Тоҷикистон. ВИДЕО


Ин аксро яке аз корбарони торнамои Озодӣ фиристодааст

Ин аксро яке аз корбарони торнамои Озодӣ фиристодааст

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки садама бо иштироки Фаромуз Саидов – писари Давлаталӣ Саидов – муовини нахуствазири кишварро баррасӣ мекунанд. Бар асари ин садама дар шаби 10 сентябри соли равон ду нафар ҳалок шуда ва худи Фаромуз Саидов ҷароҳат бардоштааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15 сентябр ба Озодӣ гуфт, ин садама як тасодуф аст ва "набояд ҷинояти барқасдона унвон шавад".

Акси Фаромуз Саидов аз саҳифааш дар Фейсбук

Акси Фаромуз Саидов аз саҳифааш дар Фейсбук

Ӯ афзуд, "ин гуна садамаҳо ҳар рӯз сабт мешаванд ва онҳоро одилона тафтиш мекунем. Яъне, ин як садамаи тасодуфӣ аст. Ронанда худаш низ ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар беморхона бистарист."

Қаблан, гуфта мешуд, ки дар пайи ин садама се нафар ҳалок шудаанд, вале Умарҷони Эмомалӣ гуфт, дар пайи ин садама ду нафар - Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи коммуналӣ) - ҷон дода ва худи Фаромуз Саидов маҷруҳ шудааст. Аз ин пеш, як ҳамсӯҳбати мо аз мақомот гуфта буд, ки ин ҳодисаро Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқ дорад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик рух дода, пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар се соли пеш будааст.

Як мусоҳиби огоҳ аз қазия бидуни зикри номаш гуфт, соатҳои 1 ба 2-и шаби 10 сентябр Фаромуз Саидов бо мошини навъи "Тойота Кемри" аз Маркази дилхушии "Роял Клаб", воқеъ дар назди "Кохи Наврӯз" берун шуда ва дар паҳлӯи рости ӯ, Ҳилола Раҳимова қарор доштааст.

"Ҳангоми ҳаракат аз самти Беморхонаи Қарияи Боло ба самти маркази шаҳр, назди Боғи ҳайвонот ба мошинҳои роҳсозии Идораи коммуналӣ, ки он замон машғули бозсозии қисмати роҳ буданд, бармехӯрад”, – гуфт мусоҳиби мо ва афзуд, "Фаромуз Саидов бо суръати баланд мошинро рондааст ва тибқи тафтишҳои пешакӣ дар пайи рӯшноӣ додани мошини муқобил ӯ роҳсозонро надида, ба онҳо бархӯрдааст."

Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, 23 сол дорад. Давлаталӣ Саидов дар гузашта дар мақомҳои раиси Кумитаи ҷавонон, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ кор кардааст. Вай аз соли 2013 ба ин тараф муовини нахуствазири Тоҷикистон аст.

Давлаталӣ Саидов

Давлаталӣ Саидов

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик рух дода, пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар се соли пеш буд. Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохта, аммо мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд мошин муталлиқи Расули Амонуллоҳ буд, вале дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG