Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгарон: Табъизу хушунат кӯдаконро бадҷаҳлу ҷангҷӯ мекунад


Орзуи Хоркаши 15-сола ин аст, ки ҳарчи зудтар соҳиби шиноснома шавад ва дар он исми худро иваз кунад. Ӯ мегӯяд, ҳамин номаш боиси хандахаришу истеҳзо аз ҷониби ҳамсинфону ҳамсолонаш шудааст. Хоркаш мегӯяд, ҳар боре, ки омӯзгорон аз журнали синфӣ номи ӯро мехонанд, ҳамсинфон ба истеҳзо ва таҳқири ӯ шурӯъ мекунанд. “Ҳатто дар кӯча низ ҳамсинфонам номамро ҳар гуна садо мекарданд, дар вақтҳои занг бо ҳамин сабаб борҳо бо ҳамдигар ҷанг низ кардем. Фақат маро изо медиҳанд ва ман аз ин бисёр азоб мекашам.”

Хоркаш гуфт, ба хотири чунин муносибати ҳамсинфонаш гоҳо аз рафтан ба мактаб меҳаросад ва ба як нафари дамдузду шармгин табдил шудааст. Равоншиносон низ мегӯянд, ҳамагуна хушунату зӯроварӣ дар

Пажӯҳишҳо собит кардааст, ки ҳар кӯдаки чаҳорум дар мактабҳои Тоҷикистон худро амну роҳат эҳсос намекунад

мактаб - ҷисмонӣ ваё равонӣ ба раванди таълим ва рӯҳияву рушди наврасон бетаъсир намемонад ва дар бархе ҳолатҳо боис ба тарки мактаб кардани хонандаҳо мешавад.

Тибқи гузориши нави ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, миллионҳо духтарону писарон ба ҳангоми таҳсил дар мактаб ба хушунат ва таҳқиру табъиз рӯ ба рӯ мешаванд. Бар пояи пажӯҳиши ин созмон, 34 дарсади хонандагон дар 19 кишвари мизони даромадашон паст иқрор кардаанд, ки дар як соли охир аз сӯи ҳамсинфонашон хушунат шудаанд. Дар ҳамин ҳол ҳашт дарсадашон гуфтаанд, ки ҳамарӯза мавриди таҳқири ҳамсабақон қарор мегиранд. Муносибати хушунатомез дар миёни мактабиён дар Тоҷикистон низ мавзӯи доғ аст.

120 ноболиғи ҷинояткор

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар мулоқоти ахираш бо фаъолони шаҳри Душанбе рӯзи 15 феврал аз афзоиши муноқиша дар мактабҳо нигаронӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ба ном “саркардаҳо”дар муассисаҳои таълимӣ ба ҷойи хондан бо авбошӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа додани хонандагон машғуланд. Раҳмон гуфт, дар вақтҳои охир беш аз 120 ноболиғ ҷиноят содир кардааст ва 28 нафари онҳо хонандагони мактаб буданд.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз чунин муносибати бераҳмона бояд вазорати маориф ва волидайн дастбакор шаванд. "Албатта, дар замони Шӯравӣ ҳам ингуна мушкилот вуҷуд дошт. Аммо на ба сатҳе, ки ҳоло мушоҳида мешавад. Зеро он вақт сензура вуҷуд дошт ва воридоти филмҳои мазмун зӯровариву фаҳшдошта аз тарафи ниҳодҳои марбута таҳти назорати сахт қарор дошт. Аз ҷониби дигар, таъсири тамаддунҳои абарқудрат ба кишварҳои хурд зиёд набуд.”

Чанд соли пеш Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД ва академияи таҳсилоти вазорати маорифи кишвар, дар макотиби миёнаи Тоҷикистон тарҳи муштараки «Амнияти мактабҳо»-ро роҳандозӣ кард. Ҳадафи аз ин лоиҳа таъмини бехатарии мактаббачаҳо ва тағйири муносибат нисбати кӯдакону нарвасони синни мактабӣ унвон мешуд. Зеро пажӯҳишҳо собит карда буд, ки ҳар кӯдаки чаҳорум дар мактабҳои Тоҷикистон худро амну роҳат эҳсос намекунад. Онҳо хотирҷамъ нестанд, аксаран дар таҳлукаву хотирпарешонианд ва танҳоиву бехобӣ мекашанд.

Дар яке аз синфхонаҳо
Дар яке аз синфхонаҳо

Зарурати кори равоншиносон дар ҳар мактаб

Равоншинос Латофат Назарова мегӯяд, муносибати хушунатомези ҳамсолон дар макотиб бештар рӯи хонандагоне таъсир мекунад, ки миҷозӣ меланхоликӣ доранд. «Чунин навъ кӯдакон маъмулан ҳамаи мушкилот ва хушунатро дар дили худ нигоҳ медоранд, ҳамеша асабонӣ мешавад, зуд-зуд бемор мегарданд ва ҳатто аз хӯрдани хӯрок ҳам даст мекашанд».

Ин мусоҳиби мо гуфт, барои рушди боҷуръатӣ дар чунин кӯдакон бояд мактабҳо бо равоншиносон таъмин бошанд. Аммо масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон як омили сар задани нофаҳмӣ ва ихтилофро миёни хонандагон ба нобаробари иҷтимоии онҳо бастагӣ медиҳанд. Ба хотири аз байн бурдани мафҳуми бою доро, ин ниҳод нӯҳ соли пеш либоси ягонаи мактабиро роҳандозӣ кард, ки зоҳиран натавонист мушкилоти зиёдро ҳал кунад.

Таҳлилгарон сабаби хушунату табъизро дар мактабҳо фаротар аз ин медонанд ва мегӯянд, бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани кӯдакон ба зери бори муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳост. Бо ин ҳама муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар бисёр мавридҳо бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд.

XS
SM
MD
LG