Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Афғонистон хостанд, бачаҳои ҷабрдидаро ҷазо надиҳад


Бо бештар шудани теъдоди кӯдакони хиёбонӣ, хатари тӯъмаи "даррандагони ҷинсӣ" шудани онҳо низ зиёдтар шудааст.
Бо бештар шудани теъдоди кӯдакони хиёбонӣ, хатари тӯъмаи "даррандагони ҷинсӣ" шудани онҳо низ зиёдтар шудааст.

Дар Афғонистон як навраси 13-соларо ба хотири иртиботи ҷинсӣ бо ду мард зиндонӣ карданд ва сабаби хашми ҳомиёни ҳуқуқ шуданд, ки мегӯянд, дар чунин қазияҳо дар ин кишвар ба ҷои гунаҳкорон, ҷабрдидагон ҷазо мегиранд.

Моҳи октябри соли 2012, додгоҳе дар шаҳри Ҳирот, ин навраси 13-соларо ба як соли зиндон маҳкум кард, зеро ба гуфтаи додгоҳ, ин писар дар гӯшаи боғе дар ин шаҳр бо ду мард робитаи ҷинсӣ доштааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ин қазияро бознигарӣ кунад ва мегӯяд, қонунҳои Афғонистон барои “бачабозӣ” аз 5 то 15 соли зиндон ҷазо муқаррар кардаанд ва он аз ҷумлаи “ҷиноятҳои ахлоқӣ” дониста мешавад. Ҷиноятҳои ахлоқӣ бар изофаи “бачабозӣ” ҳамчунин иртиботи ҷинсии номашрӯъ миёни ду нафар "номаҳрам"-ро дар бар мегирад. Дар Афғонистон то кунун бо такя ба қонуни мазкур умдатан ҷабрдидагонро ҷазо додаанд, на гунаҳкоронро.

Бред Адамс, мудири бахши Осиё дар Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, “Агар марде бо бачаи 13-сола иртиботи ҷинсӣ дошта бошад, инҷо кӯдак на гунаҳкор, балки ҷабрдида аст.” Ба гуфтаи Бред Адамс, “Ҳукумати Афғонистон набояд бори дуввум ба ҷони ин кӯдак ҷабр мекард, балки фавран ӯро раҳо карда, таҳти ҳимоят мегирифту кӯмак мерасонд.” Дидбони Ҳуқуқи Башар, аз қавли додситони парвандаи навраси 13-сола навиштааст, ки ӯ бо ризоияти худаш бо чанд мард иртиботи ҷинсӣ доштааст. Ин афродро низ боздошт карда ва барои ҷиноятҳои ахлоқӣ ҷазо додаанд, агарчӣ натиҷаи парвандаҳои онҳо маълум нест.

Бо онки теъдоди кӯдакони хиёбонӣ дар Афғонистон меафзояд, шумори бештари онҳо ҳам мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор мегиранд. Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукумати Афғонистон хостааст, мисли онки дар қонуни соли 2009 дар бораи хушунат алайҳи занон, бори аввал таҷовузи ҷинсиро ҷиноят донист, бо ислоҳи Қонуни Ҷиноӣ таҷовузи мардону бачаҳоро низ ҷиноят ҳисобида барои он ҷазо муқаррар кунад.

Бред Адамс меафзояд, “Вакилони афғон бояд ҳарчӣ зудтар амал кунанд ва бо бознигарии Қонуни Ҷиноӣ муҳофизати беҳтари ҷабрдидагон ва муттаҳамон ба ҷиноятро замонат бидиҳанд.” Ба гуфтаи ӯ, бар асоси қонун, бояд таҷовузи ҷинсӣ чӣ ба писарони ноболиғ ва мард ва ё зану духтар ҷинояти ҷиддӣ дониста шавад ва бо ҷабрдидагон ҳамчун бо ҷинояткор муносибат накунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин масъалаи “бачабозӣ” матраҳ кардааст, ки ин таҷрибаи шармовар дар Афғонистон то кунун дида мешавад. Аз онҷо ки занону духтарон дар ин кишвар ҳаққи рақсидан дар мазҳари омро надоранд, гоҳ-гоҳ бачаҳо либоси духтарона ба бар карда ва дар маҳфилҳои мардона мерақсанд ва мавриди истисмору азияту озори ҷинсӣ қарор мегиранд.

Бред Адамс дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ки барои эмин нигаҳ доштани кӯдакон аз таҷовуз, аз ҷумла писарони наврас, ки ҳангоми “бачабозӣ” табъиз мешаванд, тадобири фаврӣ биандешад. Ба гуфтаи Бред Адамс, “ҷинояткор донистани бачаҳое, ки таҷовузи ҷинсӣ шудаанд, тамоми талошҳои ҳукумати Афғонистон барои муҳофизати кӯдакон аз табъизро зери суол мебарад.”

Дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон, ки аз сӯҳбат дар бораи таҷовуз ба номус ва азияту озори ҷинсӣ, парҳез мекарданд, ҳоло ин масъала ба оҳистагӣ ба матбуот роҳ меёбад. Инъикоси ду қазияи таҷовузи гурӯҳии духтарони то 11-сола дар вилояти Тахор ва Сарипул дар соли 2010, раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзайро водор кард, ки ба дидорбинии ҷабрдидагону ва хонаводаҳои онҳо биравад. Дар он замон Карзай ваъда дод, гунаҳкоронро ҷазо дода ва саъй мекунад, то роҳи ин гуна ҷиноятҳои зишт гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG