Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исфараву Бодканд тасмим гирифтаанд, ки ба хотири таъмини оромиву субот дар сарҳад ва ҳалли мушкилоти марзӣ, бо ҳам мулоқотҳои доимӣ дошта бошанд.

Се ҷамоати деҳоти Исфараву Ботканд машварат намуданд, ки ҳар ҳафта ба хотири таъмини оромию субот дар мавзеъҳои сарҳадии ду навоҳӣ мулоқот кунанд ва масъалаҳои мавҷудро саривақт ҳаллу фасл намоянд. Ин тасмим ахиран дар мулоқоти раисони Исфараву Бодканд Даврон Зоҳидзода ва Кенеш Солеҳов гирифта шудааст.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 9-уми феврал як ҳайат аз раҳбарони Исфара ва раисони 3 ҷамоати марзӣ барои нахустин дидор ва табрики раиси навтаъини Бодканд рафта, бо мақомоти қирғиз масоили беҳтар кардани муносибатҳои мардуми минтақаро ҳаллу фасл кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар ин мулоқот раисони Исфараву Бодканд таъкид карданд, ки тайи чанд моҳи охир вазъ дар ин минтақа нисбатан ором аст ва сокинони ду ноҳияи ҳамсоя бе ҷанҷолу муноқиша зиндагӣ доранд ва дар оянда ҳам бояд ҳамзистиву ҳамкориҳои байни ҳамро густариш диҳанд.

Вай афзуд: “Ҷонибҳо ба ин қарор расиданд, ки мушкилотҳои мавҷуда бо роҳҳои дипломатияи халқӣ ҳаллу фасл карда шавад ва байни сокинони сарҳадӣ чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ роҳандозӣ шавад. Ба ин ҳадаф, ки мардумони ҳамсоя бо ҳам наздиктар шаванд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ устувор гардад.”

Дар мулоқоти Бодканд ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки раисон ва оқсақолони 3 ҷамоати ҳамсояи Исфараву Бодканд ҳар ҳафта бо ҳам вохӯрда, масоил ва мушкилоти мавҷуда ва пешомадаро ҳаллу фасл намоянд.

Сокинони Исфара мегӯянд, ҳарчанд дар пайи моҷароҳои марзии соли гузашта вазъ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Бодканд ба эътидол омадааст, вале Қирғизистон ҳанӯз як қисмати роҳи Исфара-Чоркӯҳро, ки тақрибан ду километр аз деҳаи қирғизнишини Қарабоғ мегузарад, боз накардааст ва сокинони Чоркӯҳ маҷбуранд онро тоб хӯрда гузаранд. Ҳамчунин роҳи Чоркӯҳ-Шӯроб, ки аз деҳаи Самарқандаки Бодканд убур мекунад, ҳамоно аз сӯи Қирғизистон баста аст. Ин ҳол садҳо сокинони Чоркӯҳро водор мекунад, ки бо коргоҳи худ дар шаҳраки Шӯроб роҳи дарозро тавассути Исфара тай кунанд.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷиҳати баррасии ин мушкил ва боз кардани ин роҳҳо, рӯзи панҷшанбеи 12-уми феврал як ҳайъат аз ин ҷамоат бо даъвати раиси ҷамоати ҳамсояи Самарқандак барои вохӯрӣ бо раҳбарони оқсақолони ин ҷамоати ҳамсояи Қирғизистон хоҳанд рафт. Ба гуфтаи вай, ин мушкили умумии сокинони марзии тоҷику қирғиз аст ва ҳар ду ҷониб ба ҳалли он манфиатдоранд:

“Мо ба боз шудани ин роҳҳо умедворем. Чунки аз бастани ин роҳ худи қирғизҳо ҳам зарари бисёр диданд. Бо мо мӯсафедони қирғиз борҳо ҳамсӯҳбат шуданд, онҳо мегӯянд, ки баста будани ин роҳ намегузорад онҳо ба бозорҳои Чоркӯҳу Исфара оянд ва бо ҳам савдо кунанд. Чӯпонҳои қирғиз ҳам соли гузашта натавонистанд молҳои исфарагиҳоро барои чаро бигиранд. ”

Зимнан, Кенеш Солеҳов, раиси нави ноҳияи Бодканди Қирғизистон то расидан ба ин вазифа, раиси ҷамоати Самарқандак дар ҳамсоягии Чоркӯҳ будааст.

Сокинони Исфара мегӯянд, роҳро ба мулоқоту пешниҳодҳои таҳкими ҳамкорӣ аз сӯи Бодканд, нишасти охири комиссияи муштараки марзӣ ва дидору сӯҳбати раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Қирғизистон Эрланд Абдилдаев ҳамвор кардааст. Абдилбаев рӯзи 9 - уми феврал бо як сафари серӯза вориди Душанбе шуд ва рӯзи 10-уми феврал бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷики худ ва пас аз нимрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳо анҷом дод.

Дар мулоқоти вазири хориҷаи Қирғизистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон сари "масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок” табодули назар шудааст. Ҳамчунин дар ин мулоқот перомуни“лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар” мубодилаи судманди афкор сурат гирифтааст.

Душанбеву Бишкек, инак, 23 сол боз наметавонанд раванди таъин ва аломатгузории 970 километр марзи мустақими ду кишварро ба поён расонанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сол чандин бор бархӯрдҳои хушунатомез сурат мегиранд, ки мунҷар ба занозании байни сокинони рустоҳои марзӣ ва ҳатто тирпаррониҳои хунин мешавад.То имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километр аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра мушаххас шудааст.

XS
SM
MD
LG