Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунёди як пулу роҳи нав дар наздики ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон, ки ду деҳаи аз ҳам дурафтодаи қирғизҳоро ба ҳам мепайвандад, мояи нигаронии тоҷикон шудааст.

Изҳороти мақомоти Қирғизистон дар бораи он ки гуфтаанд як пулу роҳи навбунёд дар наздикии марз бо Тоҷикистон “территория”-и онҳост, сокинони Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро сахт нигарон кардааст.

Сокинон мегӯянд, ин қаламрав аслан ба тоҷикон тааллуқ дорад ва замини кишту обанбори онҳо дар он сӯи роҳи нав, ки инак “худсарона” сарзамини қирғизҳо гуфта мешавад, ҷойгир асту эҳтимол сабаби сар задани ихтилофи нав гардад.

Ин роҳи нав дар канори ҷамоати марзии Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асоси созишномаи байнидавлатӣ охири соли гузашта сохта шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи нав ду деҳаи аз ҳам ҷудои қирғизҳои Бодкандро ба ҳам пайваста, равуои онҳоро осон кардааст. Вале дар ин минтақа хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон муайян нашудааст ва сокинони Овчӣ-Қалъача мегӯянд, аз “тақдир”-и ояндаи обанбор ва заминҳои худ дар он сӯи роҳи нав сахт дар хавотиранд.

Абдулло Абдуллоев, як сокини ин маҳал, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар он ҷо ҳудуди 30 оила зиндагӣ мекунад. Он ҷо як хоҷагии деҳқонии “Сарбанд” ва болотараш обанбори мо ҳаст, аз он ҳам болотар боз чандин оилаҳои тоҷик хонаву дар ва замин доранд. Аммо мақомоти қирғиз баъд аз сохта шудани ин роҳ аз телевизиони худашон ба такрор мегӯянд, мо барои худ роҳи мустақил сохтем. Албатта, ин тавр нест ва як қисми асосии он роҳ аз замини мо мегузарад. Аммо ин гапи мақомоти Қирғизистон моро нигарон мекунад, ки вақти марзбандӣ заминҳои моро дар он тарафи роҳи нав аз они худашон эълон накунанд.”

Ҳанӯз мансубияти ин роҳи нави марзӣ таъиннашудааст, аммо мақомоти тоҷику қирғиз эълон дошта буданд, аз онҳо сокинони ҳар ду ҷониб метавонанд бидуни монеа истифода баранд. Сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача мегӯянд, бо шурӯи фасли баҳор мавсими кишту кор оғоз ва равуои тоҷикон ба заминҳои он сӯи роҳи нав зиёд мешавадва агар марзбонҳои қирғиз ба равуои озодонаи сокинони ин маҳалли марзии Тоҷикистон монеъ шаванд, ба муноқишаҳои наве замина хоҳад гузошт.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи сокинон, посгоҳҳои марзӣ дуртар аз роҳи нав, наздик ба обанбори Сарбанд, ҷойгир будааст.

Вале Бимоҳрӯ Қосимова, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача ба ҳалли мусолиматомези ин мушкили сокинони марзӣ хушбин аст. Ӯ мегӯяд, “ин роҳро мо аз ду тараф якҷоя сохтем. Баъд аз он бо мақомоти вилояти Бодканду ноҳияи Лайлак ва раисони ҷамоатҳои ҳамсоя дар масъалаи истифодаи якҷояи ин роҳи нав тибқи шартнома, гуфтугӯҳо доштем. Ҳозир байни сокинон ва марзбонҳо ягон ҳамдигарнофаҳмӣ ё монеагузорӣ барои равуои сокинон нест.”

Раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Ғафуров афзуд, дар ҳоли ҳозир дар ин маҳал гурӯҳи мутахассисони заминсоз аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба бозомӯзии харитаи сарҳадии ин маҳал машғул аст ва натиҷаи он ба комиссияи муштараки марзбандии байни Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд.

Минтақаҳои Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Ғафуров ва Чоркӯҳу Ворух дар ноҳияи Исфара солҳои охир доғтарин гӯшаҳои муноқишахези марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд. Қирғизистон чандин сол инҷониб барои сохтмони роҳи марзӣ дар замини канори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Ғафуров ва ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пофишорӣ ва талош дошт.

Рӯзи 25 августи соли гузаштаи 2014 низомиёни қирғиз дар пайи монеъ шудани сокинони Овчӣ-Қалъача ба роҳсозӣ ба суи онҳо ва марзбонҳои тоҷик оташ кушоданд ва 2 нафар, як афсари марзбон ва як сокини одиро куштаву 5 тани дигарро захмӣ карданд.

Ба дунболи ин ҳодиса ҳайатҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек рӯзи 27 августи соли гузашта дар Қирғизистон сари бунёди пул ва чанд километр роҳҳои мошингард дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дар канори ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара ба созиш расиданд. Дар ин бора ҷонибҳо протоколе ба имзо расонда, эълон карданд, ин роҳҳоро якҷоя то охири сол месозанд.

Ҳоло роҳи нави марзӣ дар ноҳияи Ғафуров ба анҷом расида, дар ноҳияи Исфара нотамом мондааст. Насибиддин Нуриддинов, раиси ҷамоати Ворухи Исфара, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон бунёди қисмати худро анҷом дод, вале Қирғизистон ҳиссаи худро то охири соли гузашта ба поён нарасонд.

Ин роҳҳои нави Ворух – Исфара ва Тамдиқ – Оқсой, ки дар канори Ворух ба ҳам бармехӯранд, ба сокинони ин манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон имкони равуои озодонаро медиҳанд. Аммо ба гуфтаи сокинони Исфара, ин роҳ аслан барои Қирғизистон муҳимтар аст, ки ду минтақаи бузурги аз ҳам ҷудои худ, Уш ва Бодкандро мустақим ва бо роҳи наздик ба ҳам пайваст мекунад.

Ҳамзамон кашидани як шохаи он ба самти Ворух роҳи сокинони ин деҳаи Тоҷикистонро низ ба самти Исфара ва бидуни убури деҳаи Оқсойи қирғизҳо боз мекунад. Раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, вале ҷониби Қирғизистон сабаби таъхир дар бунёди ҳиссаи худро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG