Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳодҳои нави Қирғизистонро дар бораи хатти марзи байни ду кишвар баррасӣ мекунанд, аммо табодулаи қаламрав байни ду тараф танҳо бар пояи ҳуҷҷатҳои қонунӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Дар бастаи нави пешниҳодҳои Қирғизистон барои таъини марзаш бо Тоҷикистон, ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон оид ба ниҳодҳои қудратӣ Абдураҳмон Маматалиев, асл ё принсипи наве истифода хоҳад шуд. “Минбаъд аз рӯйи воқеияти мавҷуда амал хоҳем кард, на харитаҳо”, -- гуфт ӯ дар нишасти хабарии 26-уми январ дар Бишкек ва афзуд, -- “Қитъаҳое ҳаст, ки бояд бо ҳам иваз карда шаванд, аммо дар бисёре аз онҳо шаҳрвандони ду давлат зиндагӣ мекунанд.”

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов

Узви Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, муовини раиси вилояти Суғд, Ҷумъабой Сангинов дар ин робита рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд эҳтимоли табодули ҳудудҳои кӯчак ҳамеша дар гуфтушунидҳои таъини марз мавҷуд буда, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ низ дида мешавад, “ҳама гуна табодул бар пояи дар асосҳои ҳуқуқӣ сурат хоҳад гирифт, на аз нигоҳи он ки ҳоло дар ин ё он қаламрав чӣ вазъият ба миён омадааст. Дар замони Шӯравӣ шаҳрвандони он қатъи назар аз мансубияти миллӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои ҳамдигар зиндагӣ мекарданд. Ҳоло, барои намуна, дар Учқӯрғони Қирғизистон тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар Ҷигдалики мо қирғизҳо, вале ин наметавонад, барои кашидани хатти марз кофӣ бошад.”

Ба ақидаи ҷаноби Сангинов ҳама гуна тасмим ҳангоми иваз кардани қаламравҳо бояд дар асоси ҳуқуқии эътирофшуда ба амал ояд. Яъне бар пояи санаду ҳуҷҷатҳое, ки ҳамаи зинаҳои зарурии қонунмандиро гузашта бошанд. Барои Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатҳоро нақшаҳои солҳои 1924-27 ташкил додаанд, аммо ҷониби Қирғизистон, ба гуфтаи ҷаноби Маматалиев, ба харитаҳои солҳои 1956-58 такия мекунад. Тарафҳо ҳамчунин қарору фармони идораҳои гуногуни давлати Шӯравиро далел меоранд, вале ба асноде бартарӣ дода мешавад, ки пас аз қабул шуданаш аз тарафи ниҳоди олии қонунгузори ин давлат ба тасвиб расида бошанд.

ДАР ҶУСТУҶӮИ ХАРИТАҲОИ КУҲАН

Аз оғози таъсиси Кумисюни байнидавлатии таъин ва аломатгузории марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2000 харитаҳои зиёд ва қарорҳои давлати Шӯравӣ аз соли 1924 то 1989 рӯйи мизи гуфтушунид гузошта шуданд. Ҳатто як харитаи ҳарбии соли 1955-и Амрико. Қирғизистон дар бойгониҳои Русия нақша ва ҳуҷҷатҳои давраҳои гуногунро меҷӯяд ва Тоҷикистон низ асноди зиёдеро гирд овардаву пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, Илҳом Қулиев, дар оғоз тарафи Қирғизистон ба охирин санадҳои таъини марз, аз ҷумла харитаи соли 1989 такия мекард, “вале замоне ки ошкор шуд, бино бар ин санад бархе аз қаламравҳои мавриди баҳс ба Тоҷикистон мансубанд, аз он даст кашид ва ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59-ро асос қарор дод.”

Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев

Ҳифзи манофеи худ барои тарафи Қирғизистон мушкилтар аст, зеро бино бар асноди Кумисюни байнидавлатӣ сухан агар аз 145 200 гектар қаламрави баҳсталаб меравад, 143 000 гектари он дар ҳудуди Қирғизистонанд ва танҳо 2200 гектар дар Тоҷикистон. Аз сӯи дигар мушкили марзӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Қирғизистон тобиши сиёсӣ гирифта, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мехоҳанд, аз он манфиат бардоранд. Аз ин ҷост, ки масъала дар матбуоти Қирғизистон зиёд баҳс мешавад, аммо нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон аҳёнан ба он рӯ меоранд.

Пас аз низоъҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар соли гузашта, ки дар натиҷаи онҳо се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 12 тан аз онҳо захмӣ шуданд ва аз тарафи Қирғизистон 5 марзбон ва 1 корманди полис маҷрӯҳ гаштанд, ду кишвар хатари иғво ва низои густардаро дарк намуданд. Гуфтушуниди тарафҳо вусъат гирифт ва қарордоди сохтмони муштараки роҳу пулҳо дар манотиқи марзӣ шиддатро ба маротиб коҳиш дод. Аммо дар масъалаи таъин ва аломатгузории марз дар давоми як сол тарафҳо ҳамагӣ 12 километр пеш рафтанд. Бо назардошти печидагии масъала наметавон ин пешрафтро ба чашми кам дид.

Акнун марҳилаи нав ва эҳтимолан сахттари музокирот оғоз ёфтааст. Қирғизистон мегӯяд, бо омодагии қавитаре ба ин гуфтушунид меояд. Охири соли гузашта як ҳайати он ба Маскав сафар кард, то аз бойгониҳои Шӯравии собиқ дар ин ҷо санади бештаре ба даст орад. Намояндаи масъули ҳукумати Қирғизистон дар таъин ва аломатгузории марз Қурбонбой Искандаров рӯзи 26-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки мутахассисони қирғизро ба бойгонии Хадамоти федероли харитакашии Русия дар Маскав роҳ надодаанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки танҳо якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ метавонанд, аз бойгониҳо истифода кунанд.

“Дар Хадамоти федерол ба мо фаҳмонданд, ки дастрасӣ ба харитаҳои бойгонӣ танҳо якҷоя бо ҳамкорони тоҷики мо мумкин мегардад, ки низ дар танҳоӣ натавонистаанд, бо ин мавод ошно шаванд. Ҳамкорони тоҷик бо мо тавофуқ доранд ва фикр мекунам, баъд аз омӯзиши маводи мо роҳҳои ҳалли мушкили манотиқи баҳсталаби марзро пайдо хоҳем кард,” – гуфт ҷаноби Искандаров.

Аммо дар мусоҳиба бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ӯ аз сафари ҳайати қирғиз ба Маскав ба сурати умум ситоиш кард ва гуфт, ки аз бойгониҳои дигари ин шаҳр “ҳуҷҷатҳои зиёде ба даст омадаанд. Дар бораи муҳтавои онҳо ҳоло чизе гуфтан зуд аст, аммо зарур меояд, ки ин ҳайат боз як бори дигар ба Маскав сафар кунад.”

Изҳороти муовини сарвазири Қирғизистон оид ба ниҳодҳои қудратӣ Абдураҳмон Маматалиев дар бораи такияи бештар ба воқеияти имрӯзаи зиндагӣ ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ нишонаи он аст, ки ҳайати қирғиз аз бозёфтҳои Маскав чандон хушҳол нест.

РОҲҲО ВА ПУЛҲО

Коршиноси қирғиз дар масъалаи марзҳо Саломат Аламанов бар ин аст, ки дар ҳалли ин баҳс бояд аз таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кард: “Дар давраи Шӯравӣ мутахассисон роҳи ҳалли баҳсҳои марзиро ёфта буданд. Онҳо пешниҳод карданд, хатти марз аз рӯйи сарҳади хоҷагиҳои амалкунандаи тарафҳо кашида шавад, зеро ин хоҷагиҳо дар замони Шӯравӣ марзҳои худро дақиқ муайян мекарданд. Дар вақташ бо сабабҳое ин марзҳо қонунӣ карда нашуданд, ҳоло бояд ин корро кард, вагарна ҳуҷҷати архивҳо чизеро ҳал нахоҳад кард.”

Саломат Аламанов

Саломат Аламанов

Вале коршиноси мустақили тоҷик Илҳом Қулиев бар ин аст, ки қисми зиёди чунин хоҷагиҳо муваққатӣ буданд. Аз ҷумла дар охири солҳои 1980, дар давраи раҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов бар пояи ҳуҷҷати имзокардаи раиси вақти Шӯрои вазирони Тоҷикистон Иззатуллоҳ Ҳаёев 350 гектар замин барои истифодаи муваққатӣ ба тарафи Қирғизистон дода шудааст. “Ин заминҳо то ҳол баргардонида нашудаанд ва маҳз ба ҳамин сабаб Ворух ба ҷазирақаламрав табдил ёфтааст.”

Сохтмони роҳи нав барои Ворух тибқи созишномаи байни ду давлат мебоиcт, ба сокинони он имконият медод, ки бе ворид шудан ба рустоҳои қирғизӣ ба Исфара равуо кунанд. Аммо дар нимаҳои моҳи январ ин сохтмон қатъ шуд ва Қирғизистон чанд километри боқимондаи роҳро насохта монд. Дар натиҷа сокинони Ворух ҳамоно маҷбуранд, ба воситаи деҳаи Оқсойи қирғизҳо рафтуомад кунанд, ки имконияти низои навро байни ду мардум афзоиш медиҳад.

Аммо сохтмони роҳи Куктош -- Оқсой – Тамдиқ, ки оғози соли гузашта сабаби низои мусаллаҳона дар марз шуда буд, ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев, рӯ ба поён аст ва ба зудӣ қирғизҳо хоҳанд тавонист, бе ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон ба мавзеъҳои дигари кишвари худ равуо кунанд. Ҷаноби Маматалиев афзуд, ҳадаф ин аст, ки ба моҷароҳои нав дар марз роҳ дода нашавад.

Неъматуллоҳи Мирсаид

Неъматуллоҳи Мирсаид

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, тақрибан ҳамаи низоъҳо дар марзҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ба таври сунъӣ ва бо истифода аз рӯҳияи мардуми ду тарафи сарҳад ангезиш дода мешуданд. Дар чунин ҳолат роҳҳо баста мешуданд ва ин хашми мардумро ба миён меовард. Агар, ба камияш озодии ҳаракати одамон дар ин қаламрав ба гунаи мутамаддин таъмин гардад, ҳеч гуна низоъ ба миён нахоҳад омад. Вале, меафзояд ӯ, -- "Агар тарафҳо ба гузаштҳо роҳ надиҳанд ва гуфтушунид барои муддате вориди бунбаст шавад, ҳолати номуайян метавонад аз нав оташи низоъро афрӯзад ва шояд ин бор низои ба маротиб бузургтарро."

Ба ақидаи ҷаноби Мирсаид тамаркузи тарафи Қирғизистон ба "воқеияти зиндагии имрӯза" дар манотиқи марзӣ метавонад аломати он бошад, ки аз лиҳози ҳуҷҷатҳои таърихӣ тарафи Тоҷикистон бартарӣ пайдо кардааст. Аммо ин бархӯрд, меафзояд коршинос, ба манфиати ҳарду ҷониб буда метавонад, агар онҳо ба ҳам гузашт кунанд ва сулҳу амнияту ҳамкориро бартарӣ диҳанд. Вале аз эҳтимол дур нест, он гоҳ низ баҳси "кӣ зиёдтар ба даст меораду кӣ аз даст медиҳад?" дар миён хоҳад буд, ки аз нав тарафҳоро аз кӯчаву гузарҳои деҳаҳои марзӣ ба сари харита ва ҳуҷҷатҳо хоҳад кашонд.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд. Қирғизистон тарафдори суръат бахшидан ба ҳалли масъала аст, аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи марзи давлатӣ бояд бо ҷиддияти тамом ва қадам ба қадам ҳал шавад. Ҳарду тараф эълом медоранд, ки набояд дар ин масъала сиёсатбозӣ ё манфиатҷӯӣ кард, аммо эътироф мекунанд, ки ҳарду ҷониб омода нестанд, аз манфиатҳои миллии худ қатъи назар кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG