Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Отамбоев ба бунёди ду пул миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Алмазбек Отамбоев созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сохтмони ду пули мошингузарроо ба тасвиб расонд ва аз вазорати умури хориҷии кишвараш хост, ки мақомоти тоҷикро дар ҷараён бигузоранд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Қирғизистон, Алмазбек Отамбоев, раиси ҷумҳури он кишвар рӯзи 31 декабр Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони ду пули мошингузар миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба тасвиб расонд. Ба иттилои манбаъ, Отамбоев аз вазорати умури хориҷии кишвараш хостааст, ки мақомоти тоҷикиро дар робита ба қувваи амал даромадани ин санад ба ҷараён бигузоранд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси ин созишномаи байниҳукуматӣ, дар роҳи мошингарди самти Исфара-Ботканд, ки деҳаи Хоҷаи Аълоро бо Кӯктош-Оқсай мепайвандад, сохтмони пул идома дорад ва як пули дигар дар мавзеъи Овчӣ қалъачӣ ва Мақсад Интернатсионал дар ҳоли анҷомёбист. Созишномаи мазкур дар мавриди сохтони ду пули мошингузар рӯзи 31 марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе миёни вазирони нақлиёти ҳар ду кишвар ба имзо расида буд.

Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, сари хати сарҳад ба мувофиқа расанд.

Тоҷикистон дар баҳси масоили марзиаш бо Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 20, замони тақсимоти марзӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ такя мекунад. Аммо Қирғизистон дар муқобил харитаҳои навтари марбут ба солҳои 50 ва 80-умро меорад, ки бар асоси он, ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пурра дар дохили қаламрави Қирғизистон мемонад.

Ин дар ҳолест ки бино ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, дар харитаҳои қадимтар Ворух анклав набуд. Мояи дигари баҳс заминҳоест, ки дар замони Шӯравӣ ҷумҳуриҳои дар он айём “дӯсту бародар” ба якдигар ба иҷора медоданд. Баъди суқути Шӯравӣ тақрибан 143 000 гектар замини Тоҷикистон дар дасти Қирғизистон ва ҳудуди 2600 гектар замини Қирғизистон дар дасти Тоҷикистон монд.

Намояндагони ду кишвар аз соли 1991 ба ин сӯ, дар тӯли 23 сол наметавонанд хатти ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқ кунанд. Дар натиҷа ҳар дафъа оғоз ё идомаи сохтмони ягон иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз, ва ҳатто як таниши маишӣ байни сокинони ду тарафи марз дар нуқоти баҳсӣ ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар мешавад.

Аммо пас аз мулоқоти президентҳои ду кишвар тарафҳо дар масъалаи идомаи нишонагузории марз ва бунёди ҳамзамони иншоот, аз ҷумла ду роҳи мошингард дар ҳарду тарафи марз бо додани миқдори муайяни замин ба ҳамдигар ва ваъдаи истифодаи муштараки роҳҳо шиддат дар марз ба маротиб коҳиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG