Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав мегӯяд, дар ин ҳафта фаъолияти як фоҳишахонаро дар гузаргоҳи Кутузов қатъ кардааст. Соҳиби ин фоҳишахона як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон будааст.

Бино ба гузориши расмии раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав, маъмурони идораи ҷустуҷӯи ҷиноӣ(МУР)-и пулиси пойтахти Русия рӯзи 15 октябр фаъолияти як фоҳишахонаро дар яке аз биноҳои воқеъ дар гузаргоҳи Кутузов ошкор кардаанд. Дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии пулиси пойтахти Русия гуфта мешавад, ин фоҳишахона дар яке аз минтақаҳои мӯътабари шаҳри Маскав таҳти боми “толори массаж” фаъолият мекард.

Ин ба ном “толори массаж” дар ҳамагӣ чандсадметрии хиёбони Кутузов, Поклонная гора ва майдони Победа, дар фосилаи тақрибан яксони низ ҳамагӣ чандсад метр аз истгоҳҳои метрои “Кутузовская” ва “Парк Победи” ҷойгир шуда буд.

Дар ҷараёни амалиёти муштараки МУР ва шӯъбаҳои пулиси ҳавзаҳои Ғарбӣ ва Шимолушарқии шаҳри Маскав як зани 44-солаи зодаи Тоҷикистон бо гумони ташкили танфурӯшӣ дастгир ва баъди анҷоми тафтиши пешакӣ алайҳаш бар асоси моддаи 241-уми Кодекси ҷиноии Русия (ташкили машғулияти танфурӯшӣ - организация занятия проституцией) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ному насаб ва миллияти ин зан аммо гуфта нашудааст, ки оё ӯ тоҷик аст ваё танҳо зодаи Тоҷикистон?

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳамчунин ҳангоми “ташриф”-и маъмурони пулис аз дохили ин ба ном “толори массаж” 6 зани аз 21 то 32-соларо дастгир кардаанд. Ин ҷавонзанҳо, ки ба гуфтаи пулиси Маскав, аз минтақаҳои мухталифи Русияву Осиёи Марказӣ ва боз аз як кишвари дигари СНГ будаанд, бар асоси моддаи 6.11-и Кодекси қонунвайронкуниҳои маъмурии Русия (машғулият ба танфурӯшӣ) протокол шудаанд.

Қонунҳои Русия танфурӯширо на ҷиноят, балки танҳо қонунвайронкунии маъмурӣ мешиносанд ва барои чунин амал дар қонунҳои он кишвар танҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Танфурӯшии занони тоҷик дар Русия, Дубай ва ҳатто дар ... Гурҷистон

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигар бо гумони танфурӯшӣ ё ташкили фоҳишахонаҳо нест.

Дар моҳи июл пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки маъмурони пулис дар як манзил дар кӯчаи Ярослав Ҳашеки Петербург 4 зани аз 35 то 53-соларо дастгир кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот, машғули танфурӯшӣ будаанд. Пулис мегӯяд, ин 4 зан атбоъи Русия, Узбакистон ва Тоҷикистонанд. Ҳамроҳ бо онҳо як зани 53-солаи зодаи вилояти Перми Русияро ҳам дастгир кардаанд, ки ҳам ба танфурӯшӣ ва ҳам ба ташкили ин фоҳишахона айбдор мешавад.

Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин фоҳишахона дар минтақаи Купчино воқеъ буда, асосан танфурӯшони «синну соли Балзак», яъне миёнасолро фаро мегирифт ва «муштариён»-аш асосан муҳоҷирони корӣ будаанд.

Боздошти Заррина А. дар Батуми. 27 майи соли 2014

Боздошти Заррина А. дар Батуми. 27 майи соли 2014

Дар моҳи майи соли 2014 шаҳрванди Тоҷикистон Заррина А. дар шаҳри бандарии Батумии Гурҷистон бо иттиҳоми қочоқи инсон ва маҷбур кардани ҳамватанҳои худ ба танфурӯшӣ дастгир шуд. Пулис мегӯяд, Заррина А. дар поёни соли 2012 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Баргигул Р.-ро бо ваъдаи маоши баланд ба Гурҷистон меорад ва шиносномаи ӯро гирифта, то моҳи сентябри соли 2013 ба танфурӯшӣ маҷбураш мекунад ва пули аз истисмори шаҳвонии ҳамватанаш ба дастовардаро ба ҷайби худ мезад. Ба ин зани 40-сола, ки мурофиаи парвандааш шурӯъ шудааст, акнун дар Гурҷистон аз 7 то 12 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамин тавр, соли гузашта додгоҳи ҷиноии Дубай парвандаи як зани тоҷикистонӣ ва дилдодаи уммонии ӯро ба баррасӣ гирифта буд, ки онҳоро дар робитаҳои ғайришаръӣ айбдор мекунанд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Дубай, хонуми тоҷик, ки аз ӯ фақат А.М. ном мебаранд, дар танфурӯшӣ низ муттаҳам мешавад.

Русия ва кишварҳои арабӣ, ба хусус Имороти Муттаҳидаи Араб, ва ҳамчунин Туркияву Эрону Афғонистон самтҳои асосии рафтани занони тоҷик ба мақсади танфурӯшӣ ба шумор мераванд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар соли 2013 72 мавриди қочоқи занону духтарон аз Тоҷикистон сабт шуда, аксари онҳоро бо роҳи фиреб ба хориҷ бурдаанд.

Бозори гарми "секс-хидматҳо"

Ҳамин тавр, муруре дар сомонаҳои «гарм»-и сегменти русии Интернет нишон медиҳад, ки шабакаҳои танфурӯшии Русия, ки худро маъмулан чун «салони массаж», «сауна», ё «хадамоти эскорт» муаррифӣ мекунанд, ба муштариёнашон танфурӯшони тоҷик ё аз Тоҷикистонро низ зиёд пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, дар Интернет наворҳои зиёди равобити ҷинсӣ нашр шудааст, ки «секс а таджичкой» ё мисли ин номгузорӣ шудаанд.

Мавҷи муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон, ки солона дар давру бари 1 миллион нафар гуфта мешавад, муҳоҷирати ҷамъи бузурге аз занони тоҷикро низ ба ҳамроҳ доштааст. Бино ба ҳисобҳо, тақрибан 250 000 зан аз Тоҷикистон ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ меравад. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, теъдоди хеле кам, вале ба ҳар сурат теъдоде аз ин занҳои муҳоҷир, вақте дар Русия шуғли муносибе пайдо намекунанд ва дар рӯи роҳ мемонанд, метавонанд тӯъмаи шабакаҳои ҷиноие шаванд, ки занону духтаронро ба танфурӯшӣ ҷалб мекунанд. Ҳамин тавр, як бахши онҳое ки дар Тоҷикистон ҳам шуғлашон танфурӯшӣ буд, низ аз паси «муштарӣ»-ҳои худ ҳар сол ба Русия ё Қазоқистон мерафтаанд.

Ба гуфтаи коршиносони масоили муҳоҷират, дар хориҷ аз кишвар ва он ҳам барои моҳҳо дур аз ҳамсарони худ қарор доштани садҳо ҳазор мард, ки аксарияти куллаш дар синну соли репродуктивист, бозори арзаи хадамоти шаҳвонӣ барои ин тоифаро дар Русия низ хеле гарм кардааст.

Аммо ин бозори гарм тарафи дигар низ дорад. Мақомоти тиббии Тоҷикистон ҳоло дар баробари танфурӯшӣ ва мӯътодӣ ба маводи мухаддир муҳоҷиратро низ як манбаъи умдаи афзоиши шумори гирифторон ба бемории қаттоли СПИД ном мебаранд ва мегӯяд, равобити ҷинсӣ бо афроди тасодуфӣ ва он ҳам дар ҳолати ноогоҳии муҳоҷирон аз маърифати ҷинсӣ ва қоидаҳои алоқаи амни ҷинсӣ ин мардумро дар баробари эҳтимоли печидан ба амрози ҷинсӣ ё вируси ВИЧ дар як шароити хеле осебпазир қарор медиҳад.

Ду сол пеш дар Интернет наворе нашр шуда буд, ки муҳоҷирони қирғиз як зани ҷавони ҳамватани худро барои алоқаи ҷинсиаш бо як муҳоҷири тоҷик азият медоданд. Онҳо ин занро накӯҳиш мекарданд, ки бо алоқа бо муҳоҷирони тоҷик гӯё шаъни миллати худро паст задааст.

"Тергав"-и ду зан аз Тоҷикистон, ки ба танфурӯшӣ гумонбар шудаанд

"Тергав"-и ду зан аз Тоҷикистон, ки ба танфурӯшӣ гумонбар шудаанд

Чунин накӯҳиш - паст задани эътибори миллати тоҷик - аз сӯи мардони тоҷик дар қиболи танфурӯшон аз Тоҷикистон низ зиёд садо медиҳад. Як ҳомии ҳуқуқи занони тоҷик қаблан дар Озодӣ аз раҳбари як ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбурги Русия қисса карда буд, ки мӯи сари занони тоҷики гумонбар дар танфурӯширо тарошида, онҳоро иҷборан ба Тоҷикистон пас фиристодааст. Ҳамин тавр, дар Интернет наворе чарх мезанад, ки дар он ду тоҷик зоҳиран дар яке аз шаҳрҳои Русия ду зан аз Тоҷикистонро ба далели танфурӯшии онҳо “тергав” мекунанд ва даор охир дасту пои онҳоро баста, таҳдид мекунанд, ки сарашонро хоҳанд тарошид.

Танфурӯшии мардон аз Тоҷикистон

Аммо ба хотири қути лоямуте рафтан ба пайроҳаи танфурӯшӣ хоси фақат муҳоҷирони зан набудааст. Дар соли 2008 Додгоҳи олии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро бо ҷурми қатли Илёс Шӯрпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия (ОРТ) дар шаҳри Маскав 21-солӣ ҳукми зиндон дод. Матбуоти Русия он замон навишта буд, ки хабарнигор бо қотилони худ дар гулгаште дар маркази Маскав, ки ҳамчун макони мулоқоти ақалиятҳои ҷинсӣ маъруф аст, шинос шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG