Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон наздик ба 200 фоҳишахона ошкор шудааст


Махфират Хидирова, раиси Кумитаи умури кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи умури кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҷинояткорӣ байнин занон рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ҳодисаҳои талоқ ва ба танфурӯшӣ машғул шудани занон афзоиш меёбад.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мизони даст ҷиноят задани занон дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ кам шуда, аммо мавридҳои танфурӯшӣ аз сӯи занонро бештар шудааст.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи умури кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 30 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4663 мавриди талоқ ё аз ҳам пошидани оилаҳо сабт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 556 маврид бештар аст."

Ҳамчунин ба гуфтаи хонум Хидирова, дар ин давра 1777 мавриди танфурушӣ аз сӯи занон сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 500 маврид бештар аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гузориши хонум Хидирова, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 194 фоҳишахона ошкор шуда ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 80 адад бештар аст.

Ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ақди никоҳ дар ин давра ҳудуди 44 ҳазорро ташкил додааст, ки нрисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1200 маврид бештар шудааст.

Аммо Махфират Хидирова мегӯяд, ҷинояткорӣ нисбати занон ва мавориди даст ба ҷиноят задани онҳо дар нимсолаи нахуст кам шудааст.

Ба ин тартиб ба гуфтаи хонум Хидирова, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ нисбати занон 1001 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 439 адад кам тар аст.

Ҳамчунин ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мизони даст ба ҷиноят задани занон дар ин давра 415 ададро ташкил дода ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 275 маврид камтар аст.

Махфират Хидирова зимни нигаронӣ аз мавориди худкушӣ ва хушунат дар хонавода гуфт, ки "дар шаш моҳи соли ҷорӣ 318 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки 153 маврид аз сӯи занон содир шуда ва ин рақмм дар муқоиса ба ҳамин давраи соле пеш 11 маврид камтар аст. Мавориди хушант алайҳи занон дар хонавода дар ин муддат 947 ҳолат будааст, ин ҳам дар ҳоле, ки ин рақам дар нимсолаи нахусти соли гузашта 1655 маврид будааст.

Ҳамзамон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавориди хариду фурӯши одамон 481 маврид ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 41 ҳолат нсибати занон ва 13 мавриди дигар нисбати ноболиғон будааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG