Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Хуҷанд 2 занро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи занон ва маҷбур кардани занони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Имороти Араб барои 8-солӣ маҳкум ба зиндон кардааст. Ин ҳадди аксари ҷазоест, ки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи занон муқаррар кардааст.

Додгоҳи Хуҷанд 2 занро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи занон ва маҷбур кардани як зан ба танфурӯшӣ дар Имороти Араб 8-солӣ ҳукми зиндон дод. Бо ҳукми ин додгоҳ аз 19 июн Наргисахон Усмонхоҷаева тибқи банди 132-юми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ҷалби одамон барои истисмор) ва Манижа Раҳимоваро тибқи банди 130 (харидуфурӯши одамон бо мақсади
сӯъиистифода барои танфурӯшӣ ё дигар шакли сӯъииистифодаи шаҳвонӣ) равонаи зиндон мешаванд.

Ин ҳадди аксари ҷазоест, ки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи занон муқаррар кардааст. Аммо Абдусалом Усмонов, вакили дифои Манижа Раҳимова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ӯву вакили зани дуюм аз ин ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Додгоҳ Манижа Раҳимова ва Наргисахон Усмонҷоноваро ба он айбдор донист, ки бо маслиҳати пешакӣ Ибодат Эрматова ном як зани 40-соларо ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фиристода ва дар он кишвар ба фоҳишагӣ водор кардаанд.

Дар пайи шикояти ин зан баъди бозгашт ба Тоҷикистон додситонии Хуҷанд охири моҳи январи соли равон алайҳи ду зане, ки ӯро бо мақсади водор кардан ба фоҳишагӣ мавриди харидуфурӯш қарор додаанд, парванда боз кардааст.
Ибодат Эрматова дар мурофиа гуфтааст, ӯ ба ваъдаи заноне, ки дар Дубай ӯро бо ҷойи кори хуб таъмин мекунанд, сафар карда буд, вале ӯро дар шароити сангин ба танфурӯшӣ водор карданд.

Додгоҳи ин ду зан паси дарҳои баста ҷараён дошт. Абдусалом Усмонов, вакили дифои яке аз занони гумонбаршуда гуфт, зерҳимояаш - Манижа Раҳимова - худро дар ин қазия гунаҳкор намедонад, чунки Эрматова бо ихтиёри худаш ба Дубай рафта буд. Ҷаноби Усмонов ҳанӯз қабл аз эълони ҳукм гуфта буд, Манижа Раҳимова маъюби дараҷаи 2 аст ва гумонбари дигар Наргиса Усмонхоҷаева низ кӯдаки хурдсол дорад ва умедвор аст, додгоҳ инро дар назар хоҳад гирифт.

Ба ин далел ҳар ду зани гумонбар дар замони мурофиаи додгоҳӣ дар озодӣ қарор доштанд, вале аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекарданд.

Дар тӯли тақрибан 2 соли охир танҳо додгоҳи Хуҷанд ҳудуди 10 сокини Суғдро барои ҷалб ва қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба зиндон фиристодааст.

Дар яке аз ин додгоҳҳо чор ҷавонзане, ки барои сафари Дубай ризоят дода, аммо то замони сафари онҳо раҳбаладашон боздошт шуда буд, ба ҳайси ҷабрдида гуфтанд, ки онҳо аз қабл ба нияти танфурӯшӣ ба ин сафар ризоят дода буданд. Ва онҳоро ба ин роҳ бекориву нодорӣ ва талоши дарёфти маблағ дар ватан ворид карда буд. Онҳо мехостанд дар Дубай маблағи зиёд ба даст оваранд.

Аммо саргузашти ғамангези Сайёра Эрматова ном ҷавонзани хуҷандӣ дар Дубай баёнгари он аст, ки занони тоҷики барои танфурӯшӣ ба АМА рафта дар ин кишвар на танҳо маблағ пайдо намекунанд, балки бо беҳуқуқиву таҳқир ва хориву истисмор рӯ ба рӯ мешаванд. Хонум Эрматова аз асорату истисмори шаҳвонӣ дар Дубай бо ёрии сафорати Тоҷикистон раҳо ёфта, соли 2012 ба Хуҷанд баргашт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурд. Баъд аз он боздошти аъзои шабакаҳои кочоқбари занон ба Дубайу Туркия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд авҷ гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG