Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади генерал Назарзода дар миёни 24 ҷангии кушташуда дар сардхона


Ҷасади яке аз аъзои кушташудаи гурӯҳи Назарзодаро хешовандонаш барои хоксупорӣ мебаранд
Ҷасади яке аз аъзои кушташудаи гурӯҳи Назарзодаро хешовандонаш барои хоксупорӣ мебаранд

Дар миёни 24 ҷасади аъзои кушташудаи гурӯҳи Назарзода, ҷасади худи муовини собиқи вазири дифоъ ва ду бародараш шиносоӣ шудааст.

Хешовандон ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар миёни ҷасадҳои аъзои гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи 18 сентябр ҳуввияти Низом ва Салим Назаровҳо, ду бародари Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро дар як сардхонаи шаҳри Душанбе шиносоӣ карданд. Ин ҷасадҳо дар миёни 24 ҷасади баъди анҷоми амалиёти низомии дараи Ромит ба сардхона интиқолёфта қарор доранд. Дар ҳамин сардхона шоҳидон ҷасади генерал Назарзодаро ҳам дидаанд. Мақомот ба хешовандон иҷозати бурдан ҷасадҳои аъзои эътимолии гурӯҳи мусаллаҳро дода, вале ҳанӯз маълум нест, кай ҷасади аъзои оилаи генерал ва худи ӯ дода мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҷасадҳо ба хонаҳои ин афрод бурда намешаванд, балки аз сардхона мустақиман ба гӯристон бурда хоҳанд шуд. Ин шарте будааст, ки қабл аз супурдани ҷасадҳо ба наздикони онҳо дар миён гузошта шудааст. Ҷасадҳоро то гӯристон ҳамчунин кормандони пулис ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Ҳанӯз маълум нест, ки оё сарнавишти ду писари калонии генерал Назарзода - Бахтиёр ва Муҳаммад чӣ будааст. Бар тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 4 сентябр онҳо ба тарафдорони падари худ ҳамроҳ шудаанд. ​

Ҷасади ҳамроҳони Ҳоҷӣ Ҳалимро ба хешовандонашон месупоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Аҳлиддин Абдураҳимов, як сокини Душанбе, ки барои бурдани ҷасади хешовандонаш ба мурдахонаи шифохонаи милии ба номи Комил Тоҷиев ё мавсум ба Медгород омада буд, дар сӯҳбат бо хабарнигорони радиои Озодӣ гуфт, ки дар дохили сардхона ҷасади генерал Абдуҳалим Назарзодаро дидааст. Ин мард гуфт, ки 24 ҷасад паҳлӯи ҳам бо ному насаб гузошта шудаанд ва дар миёни онҳо ӯ ҷасади генералро ҳам шинохтааст. Аҳлиддин Абдураҳимов гуфт, аз миёни хешовандони ӯ дар ин ҳодисаҳо якбора се нафар нафар кушта шудаанд: Абдулло Пиров, Дилшод Пиров ва Умед Мирзоев. Абдураҳимов гуфт, ки аз президент сипосгузор аст, ки баъди 12 рӯзи кушта шудани ин нафарон, ниҳоят баъд аз зӯҳри 16 сентябр барояшон гуфтанд, ки барои бурдани мурдаҳо иҷозат шудааст.

Абдураҳимов дар посух ба саволҳои хабарнигорони Озодӣ аз ин хешовандонаш ҳамчун афроди “гумроҳ” ном бурд, ки ба тарафдорони генерал Назарзода пайвастанд ва дар ин роҳ ҷони худро аз даст доданд. Ба гуфтаи ӯ, ин се мард дар ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр кушта шудаанд. Тафсилоти бештари ин ҳодисаро ӯ шарҳ дода натавонист. Вай гуфт, ки ин нафарон бо мардикорӣ дар Русия рӯз мегузарониданд ва ҳеҷ афкори сиёсӣ надоштанд ва танҳо аз “гумроҳӣ” ба гапи ин одамон дода шуданд.

Ин мард гуфт, ки ҳоло бо ходимони полис мурдаҳоро ба қабристон барои хоксупорӣ хоҳанд бурд

Интизор меравад, ки имрӯз ҷасади худи Абдуҳалим Назарзода ҳам ба наздиконашон супурда шаванд. Як тан аз наздикони Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" рӯзи 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дирӯз барои гирифтани ҷасад муроҷиат карда буданд, вале мақомот барояшон ваъда доданд, ки пас аз нисфирӯзии имрӯз ҷасад барояшон дода хоҳад шуд.

Мақомоти расмӣ низ мегӯянд, тамоми ташхисҳои судӣ-тиббӣ дар ин ҷасадҳо анҷом шудааст ва дигар барои дафн кардан ба наздиконашон супурда хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи мақомот, миёни кушташудаҳо як ҷасаде вуҷуд дорад, ки то ҳанӯз ҳувияташ шинохта нашудааст ва бо эҳтимоли зиёд он нафар тоҷик нест. Ин нафаре, ки ба тоҷикон монанд нест, чеҳраи сиёҳгуна дорад ва рӯяш ҳам ҳангоми ҳамла осеб надидааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр аз поёни амалиёти низомӣ алайҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода ва шариконаш хабар доданд. Тибқи иттилои расмӣ, марҳилаи ахири ин амалиёт дар мавзеи Гусгеви дари Ромит, воқеъ дар 110-километрии шаҳри Ваҳдат сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати умури дохилӣ, дар рӯзи ниҳоии амалиёт - 16 сентябр кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани ҷангиён ба таслимшавӣ натиҷа надод ва зимни оташи ҷавобӣ, раҳбарони ин гурӯҳ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳамроҳонашон кушта шуданд.

Дар натиҷаи амалиёти 12-рӯзаи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, 139 гумонбар боздошт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки нисбати 100 нафари онҳо парванди ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ шурӯъ шудааст. Дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ аз рӯзи аввали ҳодиса - 4 то 16 сентябр 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев кушта шудаанд. Шумори кушташудаҳо дар миёни мусаллаҳон 27 нафар гуфта мешавад. Вазорат мегӯяд, ки бо кӯмаки аҳолии маҳаллӣ дар ҷараёни амалиёти 4-16 сентябр дар дараи Ромит 28 узви гурӯҳи мусаллаҳ боздошт шуда, 11 гумонбари дигар ихтиёран худро ба дасти мақомот супурдаанд.

Амалиёти нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳ афроди мусаллаҳ дар дараи Ромит рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи он рӯз гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқро куштанд. Мақомот масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯши афроди марбут ба генерал ва муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода вогузор карданд.

Назарзода ҳамон рӯзи 4 сентябр бо як қарори ҳукумат аз мақом барканор шуд ва ҳамроҳ бо тарафдоронаш дар дараи Ромит панаҳ бурд.

XS
SM
MD
LG