Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари тоҷирон мегӯянд, баста шудани саррофиҳо ба онҳо таъсир накардааст, зеро саррофони худро доранд, ки сомониро бо нархи хуб ба доллар ва долларро ба сомонӣ табдил мекунанд.

Тоҷирон мегӯянд, дар ҳоле, ки доллар дар саррофиҳои давлатӣ хеле камчин шудааст, онҳо аз дасти афроди алоҳида хеле эҳтиёткорона 100 доллари амрикоиро бо нархи 660 то 670 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар саррофиҳои давлатӣ расман имрӯз, 20-уми апрел доллари амрикоӣ на бештар аз 640-642 хариду фурӯш мешуд.

Хусрав Назиров, як тоҷири тоҷик, ки аз Чин таҷҳизоти техникӣ ворид мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қимати муайянкардаи Бонки миллӣ ҳоло аз ҳеч саррофӣ доллар пайдо карда намешавад ва ҳоло афроде пайдо шудаанд, ки ба тоҷирони боътимодашон долларро гаронтар мефурӯшанд. Аммо ин тоҷир мегӯяд, пешгӯинашаванда боқӣ мондани қурби доллар дар қиболи сомонӣ тиҷорати онҳоро касод кардааст.

“Ин болоравии доллар ба мо зарари калон мерасонад. Мо имрӯз ба курси 630 савдо мекунем, фардо доллар 640 мешавад, аллакай мо зарар мебинем. Мо ҳозир аз ҳамин савдо фоидае намегирем. Фақат ба хотири аз даст надодани муштариён дар бозор мешинем,”- мегӯяд ин тоҷир

Мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки қурби арзи хориҷӣ дар баробари сомонӣ ба таври сунъӣ афзоиш дода шудааит ва дар ин замина ангушти ишора ба сӯи саррофиҳо баланд карданд.

Ахиран иқдоми ҷиддие барои поин бурдани қурби доллар, мисли барҳам додани саррофиҳои хусусӣ гирифта шуд, аммо ба назар мерасад, ки ине омил ҳам ҳеҷ таъсире нарсонида, баръакс қурби доллар 10 сомонии дигар аз ду ҳафтаи пеш болотар рафт. Аммо Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барҳам хӯрдани саррофиҳои хусусӣ эҳтимоли зиёди дар як сатҳ нигаҳ доштани қурби сомониро ба вуҷуд меорад.

Ҷаноби Қурбонов афзуд: “Ташкилотҳои қарзӣ ҳам мегуфтанд, ки аз ҷониби саррофиҳои шахсӣ ба таври сунъӣ қурб боло бардошта мешавад. Ба ҳамин хотир фикр мекунам, ки баста шудани онҳо бояд ба нигоҳдории суботи қурби пули миллӣ дар муқобили дигар асъори хориҷӣ ва барои ҳифзи манфитаҳои муштариён муосидат кунад”.

Аммо саррофони собиқадор мегӯянд, барҳам додани саррофиҳои хусусӣ рақобат дар бозорро аз байн бурда, бозори сиёҳи фурӯши долларро афзоиш медиҳад. Абдусалом Зокиров, саррофе, ки беш аз 10 сол собиқаи корӣ дорад, мегӯяд, ҳоло ӯ саррофхонаи хусусиашро расман давлатӣ кардааст, аммо ин вазъ ҳеч чизро тағийр намедиҳад. Ӯ мегӯяд, беҳтар буд, ки дар баробари саррофиҳои хусусӣ саррофиҳои давлатӣ долларро бо нархи поинтар ба фурӯш мебароварданд, он гоҳ ҳеҷ тағийри ҷиддие ба амал намеомад.

“Ҳоло мо давлатӣ кардем, вале бо доллар хеле кам сару кор мегирем. Бештар барои харид аз мо доллар мепурсанд, вале хеле кам барои иваз кардан доллар меоранд. Ҳоло фақат рубли русӣ хариду фурӯш мешавад," -- мегӯяд ҷаноби Зокиров.

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, камчинии доллар дар пайи коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба миён омадааст.

Аммо Ҳамза Нуралиев, саррофи дигар мегӯяд, ин вазъ бештар дар пайи ҳангома ба вуҷуд омадааст, ки бисёре аз сокинон дигар доллари худро намехоҳанд, иваз кунанд.

“Ин ҳангомаро саррофиҳои хусусӣ ба вуҷуд оварданд. Ҳоло даҳҳо сокин бо доллар меоянд, вале бо қурби муайяншуда намехоҳанд, иваз кунанд. Мегӯянд, ки агар бо қурби 650 -660 гиред, иваз мекунем. Мо бо ин қурб намегирем ва бо ҳамин гардиши доллар кам шудааст.”

Болоравии доллар дар ду моҳи ахир боиси он шуд, ки аз 1500 саррофӣ фаъолияти беш аз 800-тои он, ки хусусӣ буданд, қатъ шуд. Ин саррофиҳои хусусӣ танҳо дар сурате иҷозаи фаъолият пайдо хоҳанд кард, ки вобастаи ягон бонки кишвар шаванд. Аммо ҳоло расман қурби доллар дар Тоҷикистон ба 6,40 ва 6,42 сомонӣ расидааст, аммо ғайрирасмӣ дар бозори, ба истилоҳ сиёҳ, он ба нархи то 6,70 сомонӣ барои як доллар харида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG