Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари рахна шудани кӯли Барсем бартараф шуд (ВИДЕО)


Мутахассисони Тоҷикистон пеши роҳи кӯли сунъиеро боз карданд, ки дар сурати рахна шудан, метавонист садҳо хонаро хароб кунад. Дар боз кардани роҳи кулӣ чандин экскаватори бузургро ба кор бурданд. Лағжиши хок дар рустои Барсеми Шуғнон рӯзи 16-уми июли соли 2015 маҷрои як шохаи рӯдхонаи Ғундро баст ва як обанбори сунъиро ба вуҷуд овард.

Ба гуфтаи мутахассисон, кӯли воқеъ дар болои шаҳри Хоруғ аз 14 то 20 миллион метри мукааб об дошт ва азбаски сарбандаш мустаҳкам набуд, метавонист бар асари заминларза ё ҳодисаҳои дигар рахна шавад ва ҷони ҳазорон нафарро зери хатар гузорад. Кӯл дар 16-километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҷойгир аст ва дар наздикиву атрофи он бештар аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Рахна шудани кӯл метавонист ба нерӯгоҳи "Помир-1" - бунгоҳи асосии таъминкунандаи Бадахшон бо нерӯи барқ осеб расонад. Дар боз кардани маҷрои кӯл, созмонҳои имдодии байналмилалӣ кӯмак кардаанд.

Хатари кӯли сунъии Барсем бартараф шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

XS
SM
MD
LG