Пайвандҳои дастрасӣ

Халифа мегӯяд, ӯро нагузоштаанд, ки ба Э.Раҳмон дарди дил гӯяд


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳои Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сӯҳбат бо сокинони ноҳияҳои Бадахшон

Падари Меҳралӣ Назаралиев, корманди як сол пеш гумшудаи бонки "Ориёнбонк" мегӯяд, маъмурони пулис имкон надодаанд, ки дар бораи идомаи ҷустуҷӯи писараш шахсан аз раисиҷумҳур ёрӣ хоҳад.

Назаралӣ Абдулфайзов, яке аз халифаҳои пайравони Исмоилия ва сокини 66-солаи ноҳияи Шуғнон, иддао дорад, ки маъмурони пулиси минтақа нагузоштаанд, то рӯзи 29 июли соли ҷорӣ дар рӯбарӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон истода, дарди дил кунад. Абдулфайзов падари Меҳралӣ Назаралиев -- корманди гумшудаи намояндагии "Ориёнбонк" дар шаҳри Хоруғ аст.

Ӯ рӯзи 3 август бо Радиои Озодӣ тамос гирифта ва гуфт, бисёр мехост идомаи ҷустуҷӯи писарашро шахсан аз раисиҷумҳур талаб кунад ва умеди охиринаш ҳам ҳамин буд, "вале ҳангоми ба сӯи баландгӯяк наздик шудан маъмурони пулис маро дур андохта, микрофонро хомӯш карданд".

Ба қавли Назаралӣ Абдулфайзов, дар ҳоле ки ӯ ба зинда будани писараш бовар дорад, мақомоти пулис ҷустуҷӯи ӯро қатъ карда, масъулони "Ориёнбонк" ҳам гуфтаанд, ки санади марги писарашро оварда барои фарзандони ӯ кумакпулӣ бигирад. "Вақти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми офатзадаи деҳаи Барсем буд. Кормандони умури дохилӣ микрофонро хомӯш карда, маро бо зӯр аз маҳалли сӯҳбат берун оварданд, то доди ман ба президент нарасад," -- идома дод ӯ.

Назаралӣ Абдулфайзови 66-сола мегӯяд, ягона айби ӯ ин будааст, ки номаш дар феҳристи сухангӯён бо раисиҷумҳур навишта нашуда ва мақомот аз он ҳарос доштаанд, ки ӯ ба раисиҷумҳур аз мушкилоташ лаб накушояд.

Ба саволи мо дар ин бора, ки пас, чӣ гуна тавонистааст ба маҳалли сӯҳбат роҳ ёбад? Назаралӣ Абдулфайзов гуфт: "Замоне ба маҳалли мулоқот омадам, созмондиҳандагон бо назардошти ин ки чанд сол корманди амнияти Хоруғ будам ва маро мешинохтанд, ба ман ҷой доданд. Лаҳзае, ки президент пурсид, касе суоле дорад ё не? аз ҷоям хеста назди микрофон омадам, вале кормандони умури дохилӣ микрофонро хомӯш карданд. Он лаҳза мардум зиёд буд ва президент ин вазъро мушоҳида накард."

Ӯ мегӯяд, рӯзи 29 июл аз нопадид шудани фарзандаш расо як сол гузашт ва мақомоти интизомии Хоруғ ҷустуҷӯи Меҳралӣ Назаралиевро қатъ кардаанд.

Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии 31-солаи намояндагии бонки “Ориёнбонк” дар Хоруғ, рӯзи 29 июли соли гузашта ғайб зад. Баъди чанде мошини ӯ дар канори роҳи даромадгоҳи деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон пайдо шуд. Аз сабукрави корманди бонк 800 сомонӣ пули тоҷикӣ, 700 доллари амрикоӣ ва як телефони ҳамроҳ дарёфт шуд. Он чӣ тафтишотро низ ба ҳайрат афканд, ин буд, ки дарҳои мошин боз буданд ва ягон изе аз соҳиби мошин боқӣ намонда буд.

Меҳралӣ Назаралиев, зодаи деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро хатм кардааст ва то замони гум шуданаш се сол дар филиали “Оринёбонк”- и шаҳри Хоруғ ба ҳайси иқтисодчии дараҷаи як фаъолият кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG