Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти нӯҳ сокини Бадахшон дар пайи куштори Бадавлат


Бадавлат Кименов, ҷавоне, ки дар тирандозии ноҳияи Рӯшон рӯзи 28 июл кушта шуд

Бадавлат Кименов, ҷавоне, ки дар тирандозии ноҳияи Рӯшон рӯзи 28 июл кушта шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи тирпаронии маргбор дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон нӯҳ сокини ин минтақаро боздошт кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1 август аз боздошти нӯҳ нафар дар пайи куштори Бадавлат Кименов -- сокини бистсолаи ноҳияи Рӯшон ва донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хабар дод. Ин ниҳод гуфт, куштори Бадавлат шаби 29 июл, баъд аз он сурат гирифтааст, ки ӯ ва ҳашт тан аз дӯстону ҳамроҳонаш дар назди бинои "Тоҷиктелеком"-и Рӯшон ронандаи худрави тамғаи "Ланд-Крузер" Асрат Ёқубов (1978)-ро латту кӯб намудаанд.

"Шаҳрванд Ёқубов зарари ҷисмонӣ бардошта, рафта аз хонаи истиқоматиаш таппончаи тамғаи “Макаров”, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, гирифта ба назди “Тоҷиктелеком” баргашта, ба тарафи ҷавонони номбаршуда тир холӣ менамояд. Дар натиҷа шаҳрванд, Кименов Б. қисмати сараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст," -- омадааст дар хабар расмии ВКД.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳашт тан аз дӯстону ҳамроҳони Бадавлат - Наҷиб Фарҳодов (1992), Сиёвуш Акобиршоев (1996), Раҳмат Рӯзадоров (1995), донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун, Хушбахт Шакарбеков (1987), Шоҳхуррам Хушқачинов (1997), Алишер Фатҳуллоев (1993), Арун Юсуфшоев (1985) ва Таваккал Сардоров (1989) ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шуда, Асрат Ёқубов бо иттиҳоми куштор дар ҳабси пешакӣ қарор гирифтааст. "Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад," -- гуфтанд дар ВКД.

Гуланор, як сокини ноҳияи Рӯшон рӯзи 30 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ин ҳодиса бегоҳи 29 июл, замоне рух додааст, ки Ҳасрат Ёқубов, сокини 37-солаи деҳаи Баррӯшон бо мошини мусофиркашонияш ба маркази ноҳияи Рӯшон меояд: "Вақте аз мошини ин ронанда духтари ин маҳалла берун меояд, ҷавононе ки дар берун нишаста буданд, ба сӯи ронанда ҳарфҳои пасту баланд мегӯянд. Сипас миёни онҳо муноқишаи лафзӣ ба вуҷуд меояд ва ин ҷавонон ба ронанда ҳамла карда ва ӯро латту кӯб мекунанд. Пас аз ин ронанда ба хонааш рафта, аз он ҷо бо туфангча бармегардад ва ба пешонии Бадавлат Хушбахтзода, яке аз ҷавонони ҳамлагар тир холӣ мекунад, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”

Аммо ба гуфтаи сокинони деҳаи Вамар, муноқиша миёни ҷавонони деҳаҳои Баррӯшон ва Вомар аз он оғоз шудааст, ки чанд рӯзи пеш сокинони деҳаи Баррӯшон роҳи корвони мошинҳои тӯёнаи домоду арӯс аз деҳаи Вомарро баста, 600 сомонӣ ҳаққашонро талаб кардаанд, ки чунин амал миёни онҳо танишро ба вуҷуд овардааст.

Ин куштор пас аз нооромиҳои соли 2012 дар Хоруғ тавре сар зад, ки омилони он аз силоҳи оташнишон истифода карданд. Дар ҳоле, ки мақомот дар Бадахшон пас аз нооромиҳои се соли ахир мавзӯи халъи силоҳро дар минтақа ҷиддӣ гирифта буданд. Ҳатто то охири ҳамон сол, яъне соли 2012 аз аҳолӣ наздик ба 325 яроқи оташфишон ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир аз сокинони вилояти Бадахшон ба миқдори 1 ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилӣ ахиран дар ҷараёни ҳамоише бахшида ба мавзӯи “Ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва тероризм”, ки дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон доир шуд, гуфт, “аз миқдори 1 222 адад силоҳу муҳимоти ҷангӣ 205 автомати Калашников ва 446 адад таппончаро аз мардуми минтақаи бадахшон дарёфт ва гирифта шудааст.”

Зимнан,дар соли 1994 фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон барои халъи силоҳ содир шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки сокинони навоҳии Рашту Хатлон ва Бадахшон дар даст силоҳ доранд. Дар амалиётҳои ҷудогонае дар Рашт ва Хатлон эҳсос мешавад, ки мардум халъи силоҳ шудаанд ва ҳатто камонҳои шикорияшон дар пайи ин маърака гирифта шудааст.

Вале таҳлилгарон бар инанд, ки ҳарчанд дар Бадахшон низ аз ин иқдом кор гирифта шуд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин вилояти наздик ба марз аст, имкони ворид шудани силоҳ аз хориҷ вуҷуд дорад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд,”чун Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кард,ҳоло яқин кардани он ки силоҳ ба тамом аз дасти мардум гирифта ва ё аз кишвар рӯфта шудааст, хеле мушкил аст. Аз ҷониби дигар Бадахшон, ки он замон як навъ пойгоҳ буд барои мухолифони ҳукумат вале минтақаи ҷангзада нест, аз ин хотир ҳукумат низ дастрасӣ ба муҳимоту марказҳоро надошт шояд чунин вазъро ба вуҷуд овардааст. Паҳлуи дигари масъала ба он рабт мегирад, ки қумандонҳои ин минтақа то чанд соли пеш аз шахсиятҳои муҳим дар ин вилоят ҳисоб мешуданд.”

Аммо Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятӣ бар ин аст, маҳфуз будани силоҳ дар дасти сокинон маънои онро надорад, ки онҳо яроқҳоро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ медоранд. “Ҳарчанд миқдоре аз ин силоҳҳо аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондааст, аммо аз тарафи дигар, ҳоло аз Афғонитсон, Русия ва Қирғизистон низ овардан ин намуда аслиҳа имкон дорад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ду роҳи асосии ҷамъвоарии силоҳ аз мардум вуҷуд дорад. Яке бо роҳи харидорӣ, ки шояд натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Дигар, расман ба қайд гирифтани силоҳе, ки дар дасти мардум аст. Бояд ба як хулосае расид, ки истифода аз кадом роҳ дар шароити феълӣ беҳтар аст. Б зӯрӣ ҷамъ овардани силоҳ хеле мушкил аст, зеро эҳтимолан яроқ дар ҷойҳои дастнорас пинҳон шуда бошад.”

Бо ин ҳама Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, аз сокинони кишвар ба миқдори 1052 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ кашфу мусодира шудааст. Аз соли 1994, замони судури фармони раиси ҷумҳур то кунун миқдори силоҳи дарёфтшуда 38 ҳазору 803 ададро ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG