Пайвандҳои дастрасӣ

Фазо дар паҳнои шӯравии собиқ ҳарчӣ бештар бӯи он замон мекунад. Аксари кишварҳои ин паҳно ба ҷониби эҳёи низоми худкомаи шӯравӣ по гузоштаанд.

Ва ин раванд тайи чанд соли охир суръат гирифтааст.

Чунин аст як бардошти таҳлилгарони ғарбӣ аз таҳаввулоте, ки ин шабу рӯз дар паҳнои шӯравии пешин мегузарад.

Ба назари таҳлилгарони ғарбӣ, Русия дар ин ҷараён низ барои кишварҳои шӯравии собиқ, ба вижа он кишварҳое, ки дар қаламрави нуфузи суннатии Маскав боқӣ мондаанд, нақши ситораи қутбнаморо бозӣ мекунад. Ва аммо аҷиб ин аст, ки баъзе кишварҳо, масалан, Узбакистон, дар ин роҳ ҳатто аз Русия пешгомтар шуда, ба истилоҳ ҳамон “турфа шогирде шудаанд, ки дар ҳайрат кунад устодро.”

Браян Витмор, таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, кишварҳои соҳили Балтик, ки аллакай аз қаламрави нуфузи Маскав во раҳида, ҷузъи ҷомиаи Аврупо шудаанд, ва ҳамин тавр, Гурҷистону Украина, ки дар пайи инқилобҳои рангаии 5 ва 4 соли пеш қутби сиёсии худро аз Маскав ба сӯи Ғарб иваз карданд, аз ҷумлаи кишварҳои дар ҳоли бозгашт ба низоми шӯравии пешин истисноянд. Аммо давлатҳое, ки ҳамчунон дар доираи нуфузи Маскав боқӣ мондаанд, ба хусус кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамвора аз масире ҳаракат мекунанд, ки Маскав аз он пеш меравад. Ва гоҳо ҳатто тундтар аз худи Русия.

Браян Витмор мегӯяд: “Раванди дигаре, ки дар Осиёи Марказӣ ва ҷануби Қафқоз мушоҳида мешавад, монанд ба “демократияи идорашаванда”-ест, ки дар Русия ихтироъ кардаанд. Аммо ин демократияи қалбакист, чунки бо вуҷуди фаъолияти аҳзоби мухталиф дар амал ҳамаи аҳзоб дар меҳвари таъйинкардаи ҳизби ҳоким мечарханд. Ин аз ҷумла, ба афзоиши нуфузи Русия дар минтақа вобаста аст. Вале ҳамзамон, як бахши дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба сӯи пеш меравад. Пеш аз ҳама, Украина ва Гурҷистон.”

Таҳлилгарони ғарбӣ таъсиси чанд ҳизби ба ном мухолиф, вале амалан гӯшбақимору фармонбардори ҳизби ҳоким, яъне ба истилоҳ “оппозизисиюни дар нохунак”, тамаркузи қудрат дар дасти як доираи маҳдуд ва аз ҷараёни таҳия ва қабули қарорҳои муҳим хориҷ мондани ниҳодҳои ҷомиаи маданӣ ва худи мардум, кеши парастиши шахси раҳбари аввал, нуфузи фазояндаи аъзои хонаводаи раҳбар дар саҳнаҳои сиёсиву молии кишвар ва аз масъулияти ҳисобот додан ба мардум шона холӣ кардани мақомоти давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, мисли замони шӯравӣ ба як арсаи холӣ аз рақобати воқеъӣ ва ба ин далел, ба як раъйдиҳии бемаънӣ табдил ёфтани интихоботҳоро хоси аксари кишварҳои шӯравии собиқи дар роҳи бозгашт ба ҳамон низоми қадими худкома медонанд. Браян Витмор зимнан ба таронаҳои миллии Русияву Тоҷикистон ҳам ишора мекунад, ки раҳбарони феълиаш танҳо бо андаке таҳрири матни ошкоро коммунистии замони шӯравии гимни ин кишварҳо иктифо варзида, вале ҳамон оҳанги қадимро, ки бӯи замони шӯравӣ мекунад, ҳифз кардаанд.

Ва аммо чизи бештар нигаронкунанда барои ғарбиҳо бозии ин кишварҳо бо неъматҳои демократия, ба хусус интихобот будааст. Як бахши аъзами гузориши солонаи Ҳюман Райтс Вотч ин бор махсуси ҳамин масъала, яъне сӯъиистифодаи низомҳои худкома аз неъматҳои демократия ва бо мурооти танҳо зоҳирии шурути бозӣ дар либоси демократӣ ба ҷилва даромадани ин низомҳо буд. Ин созмони дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ҳокимони худкома бо вуҷуди истифодаи фаровон аз таҷрубаҳои ғайридемократие чун тақаллуби натоиҷи интихобот ва сонсури матбуот фаҳмидаанд, ки танҳо баргузории интихобот кофист, ки Ғарб чун тамошобини боодоб аз ҳамаи чизи дигару баде, ки дар паси пардаи ин намоишнома мегузарад, чашм бипӯшад. Чунин бархӯрд, балки бозӣ бо демократия ба хусус дар кишварҳои собиқи шӯравӣ баръалоинатар ба назар мерасад.

Рид Бродӣ, намояндаи ин созмон мегӯяд: "Ғарб -- Иёлоти Муттаҳида ва бавижа Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳо иҷоза медиҳанд, бо баргузории танҳо як раъйдиҳии оддӣ эътиборномаи кишвари демократиро ба даст биоранд. Ва мебинем, ки барои худкомагон пуфу дам кардани як демократияи шармсор то рафт осонтару осонтар мешавад, чунки давлатҳои Ғарб ба интихобот пойфишорӣ мекунанду бас. Онҳо ба масоили дигари демократӣ, ба мисли матбуоти озод, озодии гирдиҳамоиҳо, ҷомиаи пурҳаракат ва огоҳи маданӣ, ки воқеъан ҳукуматҳоро ба чолиш кашида тавонанд, эътино намекунанд."

Ба эътиқоди Ҳюман Райтс Вотч, бархӯрди Ғарб дар қиболи чунин низомҳои ба истилоҳ демократмаъоб ангезаҳои умдатан сиёсӣ ва гоҳе ҳам тиҷоратӣ дошта, баъзан мушорикати кишварҳо дар маъракаи ҷаҳонии мубориза бо террор ва баъзан ин андеша ҳам, ки ба ҷойи давлатҳои кунунӣ метавонад низоми боз ҳам бадтар биояд, Ғарбро маҷбур ба пӯшидани чашм мекунад.

Дар натиҷа, ҳокимони худкомаи ҷаҳон, аз ҷумла дар густураи шӯравии собиқ, ки қоидаҳои нави бозӣ бо демократияро зуд ёд гирифтаанд, бидуни тарсу таҳлука қартаи бозӣ мекушоянд. Рид Бродӣ, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, чунин ҳол хоси танҳо кишварҳои шӯравии собиқ нест, балки як бозии мешавад гуфт, ҷаҳонист:

“Метавон пурсид, ки пас чаро кишварҳое чун Узбакистон ё Чин интихобот барпо мекунанд. Ба назари ман, чунин иқдоми онҳо вокуниш ба Ғарб аст. Ин тоифа мехоҳад бахше аз маҳфили демократӣ шинохта шавад ва тавре мебинем, ин амали онҳо бесамар нест. Масалан, дар Найҷерия интихобот пур аз тақаллуб буд, вале акнун президенти он кишварро дар маҳофили раҳбарӣ ва толорҳои байналмилалӣ тавре қабул мекунанд, ки гӯё вай президенти ба таври қонунӣ интихобшуда бошад.”

Аз Браян Витмор, таҳлилгари Радиои Озодӣ пурсидам, далели чунин, тавре ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, аз паси панҷа нигаристани Ғарб ба таҳаввулоте, ки дар кишварҳои шӯравии пешин мегузарад, оё чист – дасти кӯтоҳ, камбуди фишангҳои таъсир, авлотар донистани манофеъи моливу иқтисодӣ, имконоти маҳдуд ё чизи дигар?

Браян Витмор мегӯяд, намешавад гуфт, ки Ғарб ин ҳама таҳаввулотро нодида мегирад. Кишварҳои ғарбӣ нисбат ба бисёре аз масоил, ба мисли вазъи ҳуқуқи башар, назари интиқодомез доранд ва, албатта, арзишҳое, чун демократия ва ҳуқуқи башарро аз руъуси сиёсатҳои худ мешиносанд, вале, меафзояд ӯ, кишварҳои ғарбӣ, бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар марҳалаи ҳозир ночоранд, тавозунро байни ин арзишҳо ва манофеъи худ ба навъе муроот кунанд:

“Дар Ғарб як навъ таноқуз ҳаст байни арзишҳое, ки онҳо дунбол мекунанд, мисли демократия ё ҳуқуқи башар, ва аз сӯи дигар, манофеъе, ки ин кишварҳо дар минтақа доранд. Ин манофеъ, албатта, дастрасӣ ба манобеъи энержӣ ва ахзи иттиҳоди кишварҳои минтақа дар мубориза бо терроризмро дар бар мегирад. Бархе аз маҳифлҳои ғарбӣ фикр мекунанд, ки ин арзишҳо дар минтақа қурбони манфиатҳо шудааст. Ин набояд чунин бошад, вале муттаассифона, чунин аст. Ин омил ҳам ба таҳаввули вазъ таъсир мегузорад.”

Браян Витмор, таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, фоидаҳои ҳангуфте, ки аз фурӯши нафту газ ба ҷайби кишварҳои шӯравии собиқ мерезад, низ омили дигарест, ки онҳоро дар роҳи интихоби масири ҳаракат ба сӯи ақиб, яъе ба сӯи шӯравии пешин далертар кардааст ва барои Ғарб, ки як андоза вобастаи манобеъи нафту гази ин қаламрав ҳаст, чорае ба ҷуз аз пӯшидани чашм дар баъзе масоил боқӣ намегузорад.

Аммо ба эътиқоди ӯ, омили энержӣ танҳо омили таъсиргузор дар ин масъала нест. Омили муҳимтар, ба назари Браян Витмор, ҳамчунон дар меҳвари Маскав чархидани аксари кишварҳои шӯравии собиқ ва дар мавриди иттихози масири ҳаракат аз Маскав пайравӣ кардану пой ба пойи Маскав гузоштани онҳост. Ӯ мегӯяд, дар сурати тағйири авзоъ дар Русия метавон бештар умедвори манъи ҷараёни бозгашти ин кишварҳо ба шӯравии пешин шуд, вале на таври автоматик.

Аммо, меафзояд таҳлилгари Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир, шароит ва фазои сиёсӣ чӣ дар Русия ва чӣ дар дигар кишварҳои таҳти нуфузи он ба гунае нест, ки дар ин бора шавад бо хушбинии зиёд ҳарф зад.

XS
SM
MD
LG